- Иҷтимоъ

Падари 7 фарзандро дар Россия куштанд

Шукуров Илҳоми 46-сола, сокини Ҷамоати  деҳоти Ҷилликул, деҳаи Оғаҷари  ноҳияи Хуросонро дар  шаҳри Москва бо зарби чанд корд ба ҳалокат расониданд. Шукуров  соҳиби 7 фарзанд буда, мисли ағлаби тоҷикони мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ барои дарёфти ризқу рӯзӣ рафта буд. Аммо 15-уми декабр дар яке аз ҷангалзорҳои шаҳри Москва аз ҷониби шахсони номаълум бо зарби якчанд корд кушта шуд.

Бино ба иттилои наздикони Шукуров ҷисми беҷону оғӯштаи хуни марҳумро  як рӯз пас аз маргаш санаи 16-уми декабр ба зодгоҳаш-деҳаи Оқҷар овардаанд. Барои интиқоли ҷасад беш аз даҳ сокинони ин деҳа 300 ҳазор рубли русӣ ҷамъ карда ӯро ба ватан расонидаанд.

 Шукуровро наздиконаш ҷасади ўро имрўз 17-уми декабр  ба хок супурда  истодаанд.

Ҳодисаи маргу мир дар муҳоҷирати меҳнатӣ бори аввалу дуюм нест, садҳо ҷасади ҳамватанони мо, ки бо сабабҳои гуногун дар ғарибӣ фавтидаанд ба ватан интиқол меёбад. Дар байни он ҷасадҳо ҳодисаҳо куштор низ кам  нестанд.

Шукуров ҳам амсоли миллионҳо тоҷики дигар ба хотири як тикка нон ба Русия рафтаву дар сардиву гармӣ, серу гурусна, пӯшидаву барҳана барои 7 нафар фарзандаш  ҷон коҳонда кор кард.

Аммо нони бо арақи ҷабин пайдо кардааш барои аҳли оилааш имрӯз бадтар аз заҳри қотил гашт. Зеро Шукурови ноновари хона дигар сари дастурхон барои ҳамеша нест. Дар суннати мардуми мо нон муқаддас аст, аммо сад афсӯс садҳову ҳазорҳо ҷони муҳоҷирони меҳнатӣ дар тамоми дунё аз барои пайдои нон ҳайф шудааст. Аз барои як тикка нон чӣ қадар инсонҳо сарсахту бадбахт, сарсону овора, бемору бечора, ғарибу зиндаҷудо гаштаанд.

Некрӯз Раҳматов