- Тандурустӣ

По(д)заҳри “Спутник V”

Москва шаҳрест, ки гузаронидани ваксинаро барои ҳамагон оғоз кард. Имрӯз, зиёда аз 5 000 шаҳрванд ба 70 муассисаи тиббии шаҳр муроҷиат карда, по(д)заҳр (ваксина)-ро қабул карданд.

Аз рӯйи ахбори шаҳрдорӣ, чанд табиби муассисаҳои тиббӣ нахустин шуда, по(д)заҳри “Спутник Vро қабул карда, ҳолати таъсир ба баданро баъди гузаронидан ба мутахассисони соҳа гуфтанд.

По(д)заҳри “Спутник V дар Маркази эпидемиологӣ ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамелени Москва коркард ва барои истифода тавсия шудааст. Дар пойтахти Россия зиёда аз 20 ҳазор довталаб барои санҷиш ҷалб гардид, ки наздики 95% онҳо манфиатбахш будани онро тасдиқ карданд.

Бояд гуфт, ки ваксинагузаронӣ роҳи аз ҳама осони эмин мондан аз заҳролудшавист. Олга Шарапова, табиби беморхонаи давлатии ба номи Виноградови шаҳри Москва мегӯяд, ки агар ба шумораи зиёди аҳолӣ ваксина гузаронем, ҳимояи ҳамагониро метавон таъмин кард.

Ба назари коршиносон, пайдо кардани муқовимат (иммунитет) дар ду ҳолат ба вуҷуд меояд: аз сар гузаронидани заҳролудшавӣ ва гузаронидани ваксина. Роҳбари Маркази вирусшиносии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия, Алексей Мазус бар ин ақида аст, ки интихоб бояд ихтиёрӣ бошад. Ба фикри коршиносон, чанд сол пеш ғалаба бар бемории обила (оспа) маҳз ба воситаи гузаронидани ваксина ба даст омада буд. Бино бар ҳамин танҳо кормандони тиб, хадамоти махсус ва кормандони муассисаи таълимиро ваксина мегузаронанд. Бояд гуфт, ки шумори хоҳишмандон зиёд аст, вале на ҳама имконияти гузаронидани ваксинаро доранд.

Алексей Репик, Роҳбари Шӯрои сарони ширкати “РФарм” дар ВАО гуфт, ки дар мавриди ба бозори ҷаҳонӣ баровардани ваксина, қимати он тахминан ба даҳ доллари амрикойӣ баробар мешавад. Танҳо ҳангоми ба роҳ мондани истеҳсоли он дар корхонаҳои бузурги дорусозӣ, нархи ваксинаро поён метавон кард. Ҳозир бошад, шумораи он кам буда, нархаш хеле баланд аст.

Мувофиқи гуфтаи кормандони ширкатҳои хориҷӣ, нархи як воя (доза)-и дорусозии “Sanofi” ва “GlaxoSmithKline” дар Амрико 40 доллар аст, лекин баъзе онро бо нархи 42 доллар фармоиш кардаанд. Агар алоқамандона ба ин, лавозимоти доругузаронӣ ва хидмати духтурро ба назар гирем, нархи ваксина 80-100 доллар мешавад.

Сухани муҳим ва зарурӣ барои имрӯз: агар саломатии наздиконро дар мадди аввал ва ҳар гуна тарсу воҳимаро канор гузорем, вирусро нест хоҳем кард.

Аз рӯйи маълумоти носаҳеҳ дар Россия каму беш 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон ва даҳҳо млн мардуми дигар кишварҳо иқомат доранд, ки дар бораи ҳимояи онҳо аз чунин марази замон ва гузаронидани ваксина дар ягон сатҳ чизе гуфта нашудааст, ба мисле, ки аз мавҷудияти ин миқдор инсонҳо касе хабар надорад.

Сарчашма: Маркази матбуоти шаҳрдории Москва.

Шамсуддин Муқим, мухбири махсуси “Пайк” дар Русия