- Иҷтимоъ

ТВ «Уструшана» ҳамагӣ 30 % фарогир аст

Раиси тозаинтихоби шаҳри Истаравшан аз ҳолати имрӯзаи телевизиони маҳаллӣ бархурдор шуд. Дирӯз бо иштироки роҳбарияти ҶДММ «Уструшана» дар назди и.в. раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода фаъолияти телевизиони маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Баъди таҳлили вазъи воқеии телевизион, аз ҷумла заминаи техникӣ, номгӯи барномаҳо, вақти пахш, ҷалби мутахассисони ҷавон, гузаштан ба пахши рақамӣ, инъикоси саривақтии дастовардҳо, инчунин дигар масъалаҳои дахлдор мавриди муҳокима қарор гирифт.Таъкид гардид, ки тақвияти кори телевизион, махсусан заминаи техникии он тақозои замон буда, мутобиқ ба завқи тамошобин ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таҳия кардани барномаҳо аз вазифаҳои муҳими масъулин ба шумор меравад. Мавриди зикр аст, ки ҶДММ «Симои Уструшана» 15 октябри соли 1991 таъсис ёфт ва то имрӯз фаъолияти худро идома дода истодааст. Айни ҳол фарогирии мавҷи «Симои Уструшана» ҳамагӣ 30%-ро ташкил медиҳад, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Аз ин лиҳоз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки дар оянда телевизиони мазкурро дар доираи имконияти мавҷуда дастгирӣ намояд.

Мадина Почоева