- Варзиш

Ҷудочиёни Кӯлоб соҳиби мақоми ифтихорӣ шуданд

   Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, тамоми ҷудочиёни кишварро ба ҳам овард. Аз тамоми манотиқи кишвар варзишгарон дар ҳайъати 32 даста барои дастболо шудан қувваозмоӣ карданд.

   Аз рӯи низомнома гуфта мешавад, ки мақсади баргузории ин чорабинии варзишӣ тарғиби гӯштини ҷудо ҳамчун варзиши олимпӣ миёни ҷавонон, муаррифии бештари ҷудочиёни кишвар, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишгарони ин намуди варзиш ва муайян намудани аъзои дастаи мкнтахаби калонсолони ҷумҳурӣ аз намуди ҷудо. Ба ҳамин мақсад мусобиқаи ҷумҳуруявии ҷудо аз 13-ум то 15-уми ноябр дар шаҳри Душанбе дар ҳайъати шаҳри Душанбе 16 даста, Хатлон 1-2, 2-2 даста, Вилояти Суғд 4 даста, ВМКБ 4 даста, ШНТМ (шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ) 2 даста ва Минтақаи Рашт 2 даста бо иштироки зиёда аз сад ҷудочӣ оғоз шуд.

   Аз бахши Кумитаи кор бо ҷавонон дар минтақаи Кӯлоб ба «Пайк» гуфтанд, ки варзишгарони шаҳру навоҳии Кӯлоб дар ҳайъати дастаи Хатлон-2 дар ин чемпионат иштирок карда, зинаҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

   Аз ҷумла Баҳром Суфиев, ҷудочӣ аз шаҳри Кӯлоб, дастпарвари Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии оид ба намудҳои гӯштин ба номи С. Раҳимов зери роҳбарии мураббӣ Хисрав Шоев дар вазни 66 кг бар чаҳор ҳарифи худ аз манотиқи кишвар қувваозмоӣ намуда пирӯз шуда ҷойи аввал ва медали тиллоро ба даст овард.

Бобоҷон Бобоев, ҷудочии дигари ин мусобиқот, дастпарвари Муассисаи давлатии мактаби варзишии вилоятии №4 бо роҳбарии мураббӣ Зариф Назриев, дар вазни +100 кг ба ду ҳарифаш дастболо гашта, аз ҳарифи сеюм шикаст хӯрд ва дар даври дигар ба як ҳарифи дигар ғолиб омада соҳиби ҷойи сеюм гашт.

   Ҳарчанд дар ин чемпионат варзишгарон аз шаҳру минтақаи Кӯлоб зиёд иштирок доштанд, аммо дар ҳайъати маконҳои тамрин мекардаашон ба қайд гирифта шуда буданд. Дар ҳар сурат ин дастоварди варзишгарони кӯлобӣ боиси ифтихор аст.

Худойдоди И