- Иҷтимоъ

КӮЧАҲОИ ТОРИКИ КӮЛОБРО КӢ РАВШАН МЕКУНАД?

   Ё худ сирри корхонаи чароғонкунӣ бетараф будан аст!

   Хурсандибахш аст, ки то имрӯз роҳҳои асосии дохилии шаҳри Кӯлоб қариб ки ба пуррагӣ азнавсозӣ шудаанду тахту ҳанворанд. Ин боис мешавад, ки ҳаракат барои нақлиёти ҷамъиятӣ ва сокинон осон шавад. Аммо аксарияти ин роҳҳо новобаста аз таъмиру насб кардани чароғпояҳо шабонгоҳ мисли гур ториканду пурхатар. Роҳбарияти шаҳр ва идораи чароғонкунӣ ба куҷо менигаранд?

   Дар роҳҳою хиёбонҳои маркази шаҳри Кӯлоб рӯзона чӣ савору чӣ пиёда гаштан роҳат аст. Зеро бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ қисмати зиёди ин роҳҳо мумфаршу таъмир шудаанд. Ин ҷиҳати кор дар зебоии симои шаҳр ва кам шудани садамаҳои нақлиётӣ мусоидат мекунад. Аммо шабонгоҳ баръакс дар ин роҳҳо ғами кас меояд, пойи пиёда ё савор гаштан. Чунки аксари роҳҳои дохилӣ чароғон нестанд ва ториканд. Шабонгоҳ метавон ин торикиҳоро дар роҳи маҳҳаллаи Шамсиддин Шоҳин аз чорроҳаи Бозорчаи байн (маҳаллаи Ҳ. Шерозӣ) то маҳаллаи Борбад (сероҳаи кӯчаи 1-уми май). Роҳи хатсайри №2 аз назди Литсейи касбӣ то чорроҳаи пушти Донишгоҳи Кӯлоб, аз ҳайкали Шамсиддин Шоҳин то пайвастшавӣ ба роҳи асосии хатсайри №1 (маҳ Ҳилоли Аҳмар), роҳи асосии хатсайри №9 аз назди бозори «Сомониён» то ба маҳаллаи Фирдавсӣ ва кӯчаи Сангак Сафаров аз скроҳаи «Деҳқонбозор» то ба Гулгашти Сафар Амиршоев чароғҳояшон хомӯш аст. Дар ҳоле, ки ин кӯча ва маҳаллаҳои асосии шаҳр ба ҳисоб мераванд ва ҳангоми шаб садҳо нақлиёт аз он роҳҳо гузар мекунанд.

   Фирдавс Ғаффуров, роҳбари Корхонаи таъмиру истифодабарии шабакаҳои шаҳри Кӯлоб ба «Пайк» иттилоъ дод, ки «роҳҳои асосии кӯчаву маҳаллаҳои мазкур бо сабаби идома доштани корҳои таъмири хатҳои барқ чароғон нестанд. Чароғакҳои ин роҳҳо бошад дар тавозуни мо нестанд ва аз ҷониби ким кадом фирмае таъмир шуда истодаанд.»

Маҳаллаи Ш.Шоҳинро арвоҳи «фирма»  равшан мекунад?

   Соли гузашта қисмати роҳи маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин (аз чорроҳаи назди Варзишгоҳи марказӣ то пайвастшавӣ ба роҳи хатсайри №3 назди хонаи истиқоматии №40, аз назди худи идораи чароғонкунӣ то идораи нотариалӣ мумфарш шуданду дар он чароғпояҳо насб шуда. То як вақти муайян кӯчаҳо равшан буданду гашту гузор озод. Вале баъди як сол чароғҳо хомӯшанду кӯчаҳо торик. Гоҳ-гоҳе ин чароғҳо фурӯзон мешаванд, аммо ба қавли Ғафуров номаълум аз дасти кӣ.

   Тавре мавсуф мегӯяд, дар арафаи ташрифи меҳмонҳо (мақсадаш кушодашавии Идораи бехатарии маводи озуқаворист) ин чароғҳо гирён буданд. Баъзан вақт онро гирён мекунанд, аммо мо намедонем, кӣ. Ин роҳро фирма сохтааст ва ҳоло тамом накардааст.» Аҷиб аст, ки ин нафар мушаххас намедонад, ки чароғҳоро кӣ карда истодааст, дар ҳоле, ки чароғонкунии шаҳр вазифаи ҷонии худи уст. Ва ё аз идомаи корҳои таъмир ҳарф мезанад, дар бораи коре, ки воқеан нест. Ин роҳбар бо дурӯғи гуфтааш худ намедонад, ки муаллифи ин сатрҳо худ дар ин маҳалла зиндагӣ мекунад. Мисли панҷ панҷа медонам, ки дар нуқтаҳои зикршуда ягон гуна таъмир нарафта истодааст! Роҳҳои мошингард ва аз ду тараф пиёдагард ҳанворанд, поячароғу фурӯзонакҳо ҳам насб шудаанд. Бадии кор дар ҳамин, ки гоҳ-гоҳ ( шояд «арвоҳи фирма» бошад) чароғҳо рушан мешаванд.

   Бигзор ин қисмати роҳҳои дохили кӯчаҳо аз ҷониби фирмае сохта шуда бошад, магар идораи чароғонкунӣ қудрате надорад, ки кори онро қабул кунад ё фармон диҳад, ки фирма кӯчаҳоро гоҳ-гоҳ не, балки доимо равшан намояд. Агар қудрат надорад, пас ба чӣ кор ояд чунин муассиса.

   Вақте аз Фирдавс Ғафуров хостем маълумотномаи даҳмоҳаашро пешниҳод созад, ӯ танҳо ду самти корҳои иҷрокардаи корхонаашро зикр карду боқимондаро сирри давлатӣ номид.

   Кадом сир бошад номаълум. Ба ин роҳбари навтаъину ҷавон ва мутаассифона аз қонунҳои ҷорӣ бехабар фаҳмондам, ки маълумоте, ки ман талаб дорам ба ягон номгӯи сирри давлатӣ дохил нест. Ҳамзамон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва «Дар бораи номгӯи маълумотҳои сирри давлатӣ дошта»-ро барояш ёдовар шудам, лекин аз санг садо буду аз ӯ не. Зеро аз муҳтавои ин қонунҳо комилан огоҳ нест. Зеро мутахассиси ин соҳа нест.

   Шояд зери роҳбарии ин нафар дар корхона сирр зиёд бошад. Аввал ин ки маълумотҳои ғайри бовар ва дар утоқи корӣ нишастан. Барои ӯ чӣ фарқ дорад роҳҳо ториканд ё на, маоши идоравиро мегирад ку.

  Бояд гуфт, ки қисмати бештари роҳҳои дохили шаҳр ҳангоми шаб равшан нестанд ва ҳам ба ҳаракати нақлиёт ва ҳам пиёдагардон халал мерасонанд. Торикиҳои шаҳрро бояд касе равшан кунад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки роҳбари пешинаи муассисаи чароғонкуниро муовини раиси шаҳр Сӯҳроб Раҳимов барқосо иваз кард, то кор беҳтар шавад. Кор бошад бе ҳамин ивазкунӣ ҳам бамаротиб беҳтар буд. Ба андешаи мо роҳбарро не, балки мошини одамбардори муассисаро (барои иваз кардани чароғҳо дар баландӣ) иваз кардан лозим буд, чунки мошин калонсолтар аз соҳибаш бобои Шамс аст. Мӯйсафед ҳар қисми онро бо симҳо бастаю скочпеч карда баъди 50-60 соли истифода то ҳанӯз дар саф нигоҳ медорад.

   Бо як ду ҷумла матлабро ҷамъбаст кардан мехоҳам. Корхонаи чароғонкунӣ такя ба фирмаҳо дорад, то чароғҳоро ба зимаашон гузоранд. Фирмаҳо бошанд шояд фикри ба наздикӣ таъмири чароғпояҳоро надошта бошанд. Ин бетарафу он ҳам бетараф, пас саҳми мақомоти маҳаллӣ дар чист? Вақте то ба ҳол кӯчаҳои марказиямон торик аст, куҷо даъвои бо сари баланд пешвоз гирифтани ҷашнҳои бузургро мекунем?

Худойдоди И