- Иҷтимоъ

Дар Суғд баъзеҳо ваксина не, тумори зидди коронавирус мехаранд

Аз замони паҳн шудани вируси КОВИД-19 худи соҳибкорон, хоса доруфурӯшон ба ин беморӣ гирифтор нашуда бошанд ҳам, инсофу виҷдони аксари онҳо “касалу качал” шуд.  Акнун куҷо шудану ба кисаи киҳо даромадани КУМАКҲОИ БАШАРДӮСТОНА-ро намегӯем ва хонандаро зиқ намекунем. Аммо масъалаи “сабук”-тар аз кумакҳо ин дорувориҳои зидди вирусро бо нархи даҳчанд қимат фурӯхтани доруфурӯшон ва дурӯғи фиреби нави соҳибкорон  аст. Дурӯғу фиреб ҳам наву кӯҳнагӣ доштааст мегӯед?

Бале. Афсӯс ки дар ин замони ҳассос тоҷирон дар баробари халта-халта дурӯғ истеҳсол кардан як дурӯғи зудбоваркунакро паҳн карданд. Чанд нафар соҳибкорони вилояти Суғд барои нафси ғафси худро қонеъ кардан  мардуми “бой”-и минтақаро  бар он бовар кунонидаанд, ки гӯё туморе, ки онҳо ба фурӯш баровардаанд бемории Коронавирусро аз ҷисму ҷони одам решакан мекунад. Мардуми содаю зудбовари мо ба ин афсонаҳои пулӣ бовар карда аз ин намуди гардановезакҳо барои худу фарзандон, наберагону аберагон ва ҳатто ду-се насли замони ояндаашон харида захира кардаанд, то “наслҳои оянда” бо тумор ва имунитети зидди коронавирус таъмин  бошанд.

Ин тумори ба қавли соҳибкорон “балогардон” балои ҷони харидорону худи соҳибкорон шуд. Агар харидор пул сарф карда тумор харида зарар дида бошад, худи “чоҳканҳо зери чоҳ шуданд”.

Чаҳор фурӯшандаи ин бейҷик ошкор ва ҳар кадоме ба андозаи 2900 сомонӣ ҷарима шудаанд. Тумори ба ном шарофати онҳо дар асл касофат баромад. Натиҷаи ташхиси озмоишгоҳии гардановезаи “коронавирус”-и ҷопонии Virus Shut Out дақиқ шуд, ки ба ҷузъ мардумфиребию дурӯғ дигар ҳеҷ чиз  набудааст. Масъулини соҳаи тандурустӣ  мегӯянд, дар мӯҳри рӯйи бейҷик бо ҳуруфи ҷопонӣ аз будани диоксид хлор, як намуд моддаи муассири химиявии зидди вирусӣ ишора шудааст, ки ҳамааш дурӯғи маҳз  баромад.

Раҳматии бобоям мегуфтанд, ки одам намурад чи чизҳоро медидаасту мефаҳмидааст. Дар умри кутоҳи худ ягон фиребу дурӯғи соҳибкорон намонд, ки надидаю нафаҳмида ва ҳатто шаттаашро нахӯрда бошем.

Аммо чї сирре бошад, ки фиреби соҳибкорон баъди ҳадди ақал фиреб хӯрдани 90-100 шаҳрванди содда ошкор мешавад? Чаро саривақт баробари аз сарҳад ворид кардани молашон кори онҳо пайгирӣ ва мавриди санҷиш қарор намегирад? Ё АКА-ҳои  гумрукчиямон ҳам ба ин намуди соҳибкорон “худӣ” бошанд, ки бемалол бори онҳо ба кишвар ва нигаронкунандааш он ки ба бозору дорухонаҳо роҳ меёбанд?

Эҳ, дар ин масъала савол диҳӣ сарат ба китоби саволҳо табдил меёбад,  аммо чї фоида “об аз сар лой” гуфтанӣ гапҳо беҳуда набудааст!

Некрӯз Раҳматов