- Иҷтимоъ

ВОХӮРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН-ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи 18 ноябри соли  2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯри доир гардид.

Дар вохӯри муовини раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар, муовини ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон- ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Раҷаммо, муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак  Нозимов Абдуҳаллим Буриевич, сармутухассис оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Кӯлоб Оминаи Ашурмад,   намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Кӯлоб Сатторова Моҳрухсор, шуъбаи кор бо занон, ҷавонон,  бахши дин, танзим анъана ва ҷашну маросим,  маориф, тандурӯстӣ, САҲШ,  Раёсати омор, шуғли аҳолӣ, ҷамоатҳои деҳот, ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, пракуратура ва дигар шахсони расми иштирок ва суханрони намуданд.

Дар вохӯри доир ба Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати татбиқи тавсияҳо вобаста ба гузоришҳои мутаҳиддаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иҷрои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак барои солҳои 2018-2022,  сари вақт ба қайд гирифтани кӯдакон дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, пешгири аз ҷинояту ҷинояткорӣ, даст ба худкуши задан аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, ба таври хуб ба роҳ мондани таҳсили толибилмон ва дигар масъалаҳои муҳимро гуфта гузаштанд.

Дар нимаи дуюми рӯз аз ҷониби ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони дар вазъияти душвор қарордошта,  инчунин вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбон, кӯдакон аз оилаҳои партофташуда, муҳоҷирони меҳнатӣ ва кӯдакони дар мухолифатбуда қабули шаҳрвандон гузаронида шуд.

 Мутахассиси пешбари бахши матбуотӣ -Дилором Файзова