- Варзиш

ЧАРО СОРБОН ЛАТИПОВ БА МУСОБИҚОТИ СЕРБИЯ САФАРБАР НАШУД?

Ба таваҷҷӯҳи Кумитаи кор бо ҷавонон ва Федератсияи самбои кишвар

   Имсол мусобиқаи ҷаҳонии гӯштини самбо дар шаҳри Нови Сади давлати Сербия доир шуд. Дар ин мусобиқот варзишгарони номдору ботаҷрибаи тоҷик иштирок намуда бо муваффақият ба ватан баргаштанд. Аз чӣ бошад, ки яке аз ҷоизадорони ин мусобиқот аз намуди самбои муҳорибавӣ, варзишгари бомаҳорат Сорбон Латипов дар ин мусобиқот иштирок накард?

   Чемпионати ҷаҳонии самбо имсол дар шаҳри Нови-Сади давлати Сербия аз 5-ум то 9-уми ноябр бо ширкати 400 варзишгар баргузор гашт. Хушбахтона варзишгарони мо ҳам иштирокчии он буданд. Баргузории ин мусобиқот сараввал дар шаҳри Ишқободи Туркменистон пешбинӣ шуда буд, аммо бо сабаби пандемия мусобиқа дар варзишгоҳи SPENS-и шаҳри Нови-Сад баргузор шуд. Дар ин мусобиқот кишвари моро чаҳор варзишгар Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг медали нуқра, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг медали биринҷӣ, Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кг медали биринҷӣ ва Сомеъҷон Абдушукуров миёни ҷавонон дар вазни 87 кг медали биринҷиро соҳиб шуданд. Бо ин дастовардҳо бояд ба ин варзишгарон аҳсан гуфт, аммо мавзӯъ дигар аст.

   Бисёри мухлисон интизор буданд, ки дар ин мусобиқа варзишгари номдори кишвар, ҷоизадори чандин мусобиқоти ҷаҳонӣ Сорбон Латипов иштирок мекунад. Интизориҳои мухлисон барабас рафт, зеро Сорбон бо сабабҳои номаълум дар ин чорабиниии варзишии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок надошт. Баъзе нафарон дар шабакаи фейсбук менавиштанд, ки иштирок накардани ӯ аз бетарафии масъули сафарбарсозии варзишгарони самбочӣ Носир Бозоров аст ва аз ин амали ӯ сахт интиқод карданд.

   Тавре Сорбон Латипов худ ба «Пайк» иттилоъ дод: “Барои ин мусобиқот омодагиҳо ҷиддӣ буданд, роҳхатро ҳам ба даст овардам ва тамоми ҳуҷҷатҳои лозима омода буданд. Ба ҷойи мо дигар нафарро фиристоданд. Носир Бозоров, корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва ҳам сармураббии гуштини самбо дар иштирок накардани ман дар он мусобиқа саҳм доранд. Ӯ мегуфт, ки вақташ ояд туро хабардор мекунам ва масъалаи визаро ҳал мекунем. Интизор шудам, занг назаданд, танҳо як рӯз ба мусобиқот мондан ба ман занг заданд, ки он вақт хеле дер шуда буд.”

   Чаро як варзишгари хеле бомаҳорат ва натиҷадору дар чунин мусобиқот таҷрибадор бо айби Кумитаи кор бо ҷавонон ва Федератсияи самбои кишвар натавонист ба мусобиқаи ҷаҳонии самбои давлати Сербия роҳ ёбад, дар ҳоле, ки ӯ боре аз мусобиқаҳои берун аз кишвар дасти холӣ наомадааст. Аз ҷумла соли гузашта дар шаҳри Чхонҷуи Кореяи Ҷанубӣ дар Чемпионати самбои ҷаҳон, ки аз 8-ум то 10-уми ноябр баргузор шуд, дар вазни 62 кг медали биринҷиро ба даст оварда буд. Барандаи медали биринҷии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳони самбои Руминия соли 2018 аз намуди самбои муҳорибавӣ. Сорбон Латифов дар мусобиқаи ҷаҳонии гуштини Бухарест, дар пойтахти Руминия пас аз Хушқадам Хусравов Тоҷикистонро бо касби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ миёни 86 давлати сайёра муаррифӣ кард ва бо ин дастоварди ифтихорӣ ба ватан баргашта буд.

 Сорбон Латипов дар идома гуфт: “Дар ин мусобиқа аз намуди самбои муҳорибавӣ кишвари моро ягон варзишгар намояндагӣ накард. Боқиев Баҳодир, варзишгари ӯзбекистонӣ, ки ман соли гузашта мағлубаш карда будам, имсол қаҳрамон шудааст. То имрӯз аз чӣ бошад, ки Носир Бозоров телефони маро намебардорад.”

   Умар Сафаров, мураббии Сорбон Латипов омили ба мусобиқоти ҷаҳонии самбои давлати Сербия сафарбар нашудани шогирдашро номаълум хонд.

   Ӯ дар сӯҳбати телефонӣ ба «Пайк» хабар дод, ки “Мо вазифаи худро иҷро кардем ва Сорбонро ба ин мусобиқа омода сохтем. Қариб ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима дар даст буданд, аммо намедонам чаро ӯро ба Сербия сафарбар накарданд. Агар инро Кумитаи ҷавонон ва сармураббӣ Носир Бозоров надонад, мо намедонем.”

   Носир Бозоров, ки худ як мураббии шинохта ва таҷрибадор дар риштаи варзиши самбо аст, чӣ тавр аз чунин истеъдод чашм мепӯшаду ӯро ба мусобиқот ҷалб намесозад? Дар ҳоле, ки ин варзишгар имкон дошт парчами ҷумҳуриро дар байни 100 давлати иштирокчии мусобиқа баланд бардорад. Бояд нафаре аз масъулин инро шарҳ диҳад.

Худойдоди Ислом