- Иҷтимоъ

Кӯчаҳои Ҳамадонӣ ифлосанд

   Дар ҳар кунҷу канори кӯчаҳои марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷамъ шудани партовҳо аз саривақт тоза накардани он дарак медиҳад. Сабаб дар чӣ бошад, техника намерасад, қувваи корӣ кам аст, ё масъулин нисбати масъала бетарафанд?

  Рӯзи 11 ноябр партовҳои ҷамъшуда дар назди чорроҳаи Мактаби мусиқии ноҳияро дида, чандин кӯчаҳои марказиро дидан кардем. Мутаассифона, ҳар кӯчаеро, ки медидем, дар нуқтаи партовпарто партовҳо ҷамъ шуда тоза нашуда буданд. Аз ҷумла партоҳои ҷамъшуда дар кӯчаи марказӣ, назди Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, партровҳои ҷамъшуда дар наздикии шӯъбаи эколигия, ба ин монанд партовҳои тозанашуда дар пӯшти бинои Комиссариати ҳарбӣ ва маҳаллаи Қурбон Сафаров ба чашм мерасиданд.

   Сангаҳмад Гадоев, сардори КФД коммуналӣ ва кабудизоркунии ноҳия дар сӯҳбати телефонӣ иброз дошт, ки «Кор бурда истодаем ва ҳар рӯз кӯчаҳоро тоза мекунем. Фасли хазонрез аст, баргҳои дарахтон меафтанд. Ҳамагӣ ду техника дорем, ки ҳарду фарсудаанд ва пайванд карда, ба кор сафарбар мекунем. Барои дастрасии техникаҳои нави корӣ вазорат имрӯзу пагоҳ гуфта ваъда медиҳад.»

   «Ҳаррӯза партовҳоро тоза мекунем» гуфтани ин масъул дар ҳолест, ки дар кӯчаҳои марказии ноҳия нисфирӯзӣ нашуда партовҳо ҷамъ шуда буданд. Ин масъалаи ҳалнашаванда кай ҳал мешуда бошад?

   Худойдоди Ислом