- Варзиш

ДАСТАИ “РАВШАН”-И ШАҲРИ КӮЛОБ ҚАДРДОНӢ ГАРДИД

Имрӯз бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф аз дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб барои дастовардҳои назарраси варзишӣ ва саҳиб шудан ба Ҷоми чемпионати футболи Тоҷикистон  қадрдонӣ карда шуд.

Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои варзишгарони шаҳру минтақаи Кӯлоб дидан намуданд.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ва дигар шахсони расмӣ иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Сараввал, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баромад намуда, аз номи Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлобро табрик намуда, ба ин дастаи бонуфӯз комёбиҳо таманно намуд.

Зимнан, Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф низ ба дастаи “Равшан” барои саҳмгузорӣ дар тарғиби варзиш ва баланд бардоштани ному парчами диёр дар майдонҳои варзишӣ арзи сипос намуд ва дар мусобиқаҳои оянда муваффақиятҳо таманно кард.

Дар рафти чорабинӣ ба бозингарони дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб аз номи раиси вилояти Хатлон сипосномаҳо ва маблағи 37500 сомонӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон, аз номи раиси шаҳри Кӯлоб дастаи “Равшан” бо ифтихорнома ва маблағи 30 000  сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар охир аз номи дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ба раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҳамчун рамзи сипос аз дастгириҳои пайвастаашон туби футбол бо соядасти ҳамаи бозингарони даста тақдим карда шуд.

Бахши матбуотии ҳукумати ш. Кўлоб