- Тандурустӣ

КОВИД-19 дар пуст ҳам пайдо мешавад

Олимон ба ин қарор омаданд, ки нишонаҳои Коронавирусро дар ангуштон низ мушоҳида кардан имкон дорад. Бештари нишонаҳои ин бемории сироятӣ дар ангуштони пой мушоҳида мешавад, аммо дар ангуштони даст, оринҷҳо ва дигар қисмҳои бадан ҳам хоришҳо пайдо мешаванд. Гоҳо ин қисмҳои бадан ба хориш медароянд ё дард мекунанд.
Саволе посух меҷӯяд, ки чаро то ин замон мутахассисон ин оризаи Коронавирусро мушоҳида накарданд? Гап сари он, ки ҳангоми хуруҷи аввали Коронавирус табибон бештар ба шароити эҳёгарии (реанимация) беморон диққат додаанд. Аз ин сабаб ба оризаҳои пайдошуда дар ангуштон касе аҳамият намедод.
Дар ин бора хабаргузории Рамблер 4 ноябр иттилоъ дод.