- Иқтисод

ЧАРО БОНКОМАТҲО ПУЛ НАДОРАНД?

Саравал минатдории худро ба роҳбарияти бонки давлати «Амонатбонк» ва бонки «Эсхата» мерасонам, ки имрўзҳо бо ҳайати кормандони худ хизмати содикона ба Ватан карда истодаанд. Яке аз хизматҳои бузургашон ин ташкили «Бонкаматҳо» мебошад, ки мо метавонем дар дилхоҳ вақт чӣ шаб ва чӣ руз бошад маблағи худро гиред.
Аммо мутасифона ҳафтаи сипари шуда соатҳои 23-30 ба 23-45 дақиқа бо ҳамроҳи як чанд меҳмонамон барои гирифтани маблағ ба назиди бонкамати бонкҳои Амонатбонк ва Эсхата дар шаҳри Кӯлоб рафтем. Он бонкаматҳое. ки дар ҳудуди шаҳр ҷойгир буд дар ягонтоааш маблағ дастрас карда натавонистем. Ва тасмим гирифтем, ки барои гирифтани маблағ ба ноҳияи Восеъ равем, ва мошине роҳкироя гирифта роҳ пеш гирифтем ба самти ноҳияи Восеъ ва соатҳои 00-15 дақиқа буд, ки дар ноҳияи Восеъ расидем. Дар он ноҳия низ мутассифона бо ҳамон ҳолат вохурдем. Ва баргаштем, ба Кулобшаҳри худамон.
Бояд ёдрас шуд, ки ин ҳолат бисёр нигаронкунанда мебошад агар ягон шаҳрванди хориҷӣ ба чунин ҳолат ру ба ру шавад чӣ? ё Худое накунад, ки дар нисфи шабҳо ҳолате шаваду пул даркоршавад мо ба буй бонкаматем ку зеро дар шаб бонкҳо кор намекунад.

Ҷамшеди Ҷаҳонгирзод 201-01-02-03