- Иҷтимоъ

Тиллофурӯшони қочоқчӣ ба даст афтоданд

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби масъулини мақомоти Додситонӣ дар вилояти Суғд дар самти назорати иҷрои қонунгузориҳои нақлиёт ва гумрук 642 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ошкор гардид. Бино ба иттилои кормандони прокуратура маблағи умумӣ аз 642 ҳолати зикршуда ба 3,5 миллион сомонӣ баробар аст.Инчунин шахсони гунаҳгор ва андозгурез ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ ҷарима шуда, 1,2 млн. сомонӣ молу маҳсулоти онҳо ба фоидаи давлат мусодира карда шудааст.
Баъзе аз соҳибкорон, ки бештар аз давлатҳои ҳамсоя молу маҳсулот меоранд кушиши бо роҳи қочоқ ворид намудани молро мекунанд, то фоидаи бештар ба даст оранд. Бо роҳи заминӣ, агар аз роҳу гузаргоҳҳои ғайриқонунӣ истифода баранд дар роҳи ҳавоӣ ҳам “илоҷӣ кор”-ро меёбанд ва ёфтаанд. Яке аз чунин ҳолатҳо қаблан дар шаҳри Хуҷанд рух дода буд. Дар он ҳодиса се нафар зан аз шаҳри Хуҷанд беш аз 5 кг маводи тиллоиро ғайриқонунӣ ба шаҳр ворид карданӣ шуданд, ки амали онҳо ҳам ҳайратовар ва ҳам нафратовар буд. Ин занҳо бе пардохти гумрукӣ ин миқдор маводи тиллоиро аз шаҳри Санкт-Питербурги Федератсияи Русия ба шаҳри Хуҷанд хостанд ворид кунанду маблағи бештар ба даст оранд.
Барои аз чашми гумрукчиён пинҳон мондани маводҳои тиловорияшон ҳар кадоме беш аз як килогӣ тиллоро ба тамоми тану баданашон баста вориди ҳавопаймо шудаанд.Аммо “Бори каҷ ба манзил намерасад” гуфтагӣ барин, бори каҷи онҳо ҳамагӣ то фурўдгоҳи шаҳри Хуҷанд расид.
Ба иттилои масъулини Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҷинояти ғайриқонунии маснуоти заргарӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ошкор карда шудааст.
Гурӯҳи сенафараи занон маводи тиллоиро дар бадани худ пинҳон дошта мехостанд, бе барасмият даровардани гумрукӣ вориди шаҳри Хуҷанд шаванд. Кормандони гумрук дар ҳамкорӣ бо Раёсати мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ ва қочоқи Хадамоти гумрук ин ҷиноятро ошкор намуданд.
Баъди тафтиш ва муоинаи гумрукӣ аз бадани ин занҳо 5 килою 700 грамм тилло пайдо гардид. Барои ин амали ҷиноӣ нисбати занҳо бо бандҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз шуд.

Некрӯз Раҳматов