- Фарҳанг

Баъди нашри як матлаб дар «Пайк» масъулини Восеъ камбудиро бартараф карданд

Баъди интишори як матлаби танқидӣ дар рӯзномаи «Пайк» дар мавриди хомӯш шудани барқи боғи марказии навбунёди ноҳияи Восеъ, камбудӣ баратараф шуд, зеристгоҳи махсус барои боғ шинонданд. Қаблан боғ, ки бо иқдом ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат ба истифода дода шуда буд аз зеристгоҳи «Тоҷиксодиротбонк» барқ мегирифт. Дар матлаби нашршуда гуфта мешуд, ки масъулини бонк ҳар гоҳ, ки мехостанд барқро хомўш мекарданду боғ торик мешуд. Бино бар иттилои директори идораи Комуналии ноҳияи Восеъ Эмомолӣ Қараев, пас аз нашри маводи мазкур бо супориши раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло барои боғ як адад зеристгоҳ оварда насб карданд, ки барои таъмини қувваи барқи боғи зикршуда кифоягӣ мекунад. Дар идомаи суҳбат Қараев иброз дошт, ки дар маҷмуъ боғи мазкур бо харҷи 353 000 сомонӣ аз буҷети ноҳия ва бо кӯмаки соҳибкорони ноҳия сохта шудааст. Акнун боғ ҷойи дўстдоштаи сокинони ноҳия барои сайругашт аст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ноҳия қаблан чунин як макони сайругашт барои сокинон набуд ва ин беҳтарин иқдоми раиси ноҳия Шарбатуллои Азизулло буд. Хуб аст, ки раиси ноҳия, мисли баъзе аз раисони бемасъулият вокунишҳои радкунанда нанавишта пайи ислоҳи камбудӣ камар баста дар муддати кўтоҳ бо азму талош ва ҳисси масъулиятшиносӣ камбудиро бартараф кард. Аз ин ба баъд масъулини ноҳияи Восеъ мўҳтоҷу дастнигари як бонки миннатгузор намешаванд.