- Иқтисод

ДАР ХОВАЛИНГ АЗ НОУҲДАБАРОИИ МАСЪУЛИНИ НОҲИЯ ИНШООТҲО БЕФАОЛИЯТАНД

…Дар ҳудуди ин ноҳия соҳибкорони дигар низ иншооти хеле боҳашамат ва зебо сохтаанд, аммо боз ҳам масъулини ҳукумат даст болои даст монда нишастаанду ба ҳар як меҳмони омада иншоотро нишон дода ифтихор мекунанд, ки бубинед мо чунин биноҳои зебо дорем. Дар ин сафар мо камаш нӯҳ бинои меҳмонхонаи хеле зебою замонавӣ дидем, ки ҷиҳати бефаолиятии ноҳиядорон ягон меҳмон дар онҳо як шаб ҳам наистодааст. Меҳмонхона дар Дараи Мухтор, меҳмонхонаи дигар бо номи «Чилчанор» дар маркази ноҳия, меҳмонхона дар осорхонаи Ҳабибулло Файзулло, боз меҳмонхона дар шафати бинои ҳукумати ноҳия, се меҳмонхонаи боҳашамати дигар дар Мазори ҳазрати Султон сохта ботантана ба истифода дода шудаанду фаолият намекунанд. Масъулини ҳукумати ноҳия бошанд, ҳатто иқдом накарданд, ки дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ва интернетию телевизион таблиғи онҳоро ба роҳ монанд. Панҷ соли дигар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва соҳибкоре бо номи ҷумахон Раҷабов дар мавзеи Мазори ҳазрати Султон ду меҳмонхонаи дигар сохта буданд, ки то ҳанӯз бефаолият хобанд. Агар ҳукумати ноҳия корро дуруст ба роҳ монда ба ин соҳибкорон маслиҳат медоданд, ки дар ин мавзеъ сехи хурди коркарди гиёҳҳои шифобахш, банду басти оби овозадори Мазор, корхонаи коркарди гӯшт ё меваҷот месохтанд, ба андешаи мо сад бор беҳтар аз ин меҳмонхонаҳои дарди сар мешуданд, аммо сад дареѓ, ки бинои ҳукумати ноҳия пур аз кормандони маошгир асту ҳама интизоранд, ки кай соҳибкор барояшон ягон бинои нодаркор месозаду онҳо як солу ним сол ифтихор карда, сипас онро ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранду боз ба ҷустуҷӯйи соҳибкори дигар мешаванд. ҳоло бошад соҳибкори дигар бинои бузург дар рубарӯйи бинои ҳукумати ноҳия сохта истода, барои эҳтиёт дар як гӯшаи он бо ҳарфҳои калон навиштааст: «ХОНАИ САЙЁҲ, ДОМ ТУРИСТОВ». Дар ҳоле, ки ҳамин соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб ҳам «ДОМ ТУРИСТОВ» сохтаасту дар як соли фаолияташ то ҳанӯз ягон сайёҳ ба ин хона меҳмон нашудааст. Дар маҷмӯъ бигирем, ин соҳибкор, ки номаш Бег Сабуров аст дар шаҳри Кӯлоб кори бад накардааст. Баландошёнаҳо барои мардуми камбизоат сохтааст. Натиҷаи фаолияти соҳибкории ӯ ҳамин шуда, ки садҳо нафар мардуми бенаво соҳиби сарпаноҳ шудааст, чунки нархи ин хонаҳо ба андозаи киссаи онҳо аст…

Муфассал дар рӯзномаи «Пайк»