- Сиёсат

ДАР ТОҶИКИСТОН ДАСТАҲОИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ СОЗМОН ДОДАН ЛОЗИМ


«Ҷангиёни ғайриқонунии террористии Сурия дар Карабоғи кӯҳӣ, албатта хеле хатарноканд ва сабаби изтироби амиқ мешаванд», гуфт дар нишасти матбуотии худ Димитрий Песков, сухангӯйи президенти Русия Владимир Путин.
Ахбор дар мавриди истифодаи ҷанговарони террористии Сурия дар Қарабоғи кӯҳии Қафқоз зуд паҳн шуд. Дар ин бора бори аввал Эмануэл Макрон, президенти Фаронса хабар дод, сипас дар Кремл мавзӯро матраҳ карданд. Ба ақидаи Макрон, Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар Сурия гурӯҳҳои ҷангии террористии худро дорад. Гуфта мешавад, Туркия террористони зархариди худро ба воситаи тайёраҳои ҷангӣ ба ҳар гӯшаи дунё интиқол медиҳад ва ҳадафҳои худро пайгирӣ мекунад.
Вакили Парлумони Сурия Фориси Шаҳобӣ иттилоъ медиҳад, ки аз шумори ҷангиёни Давлати Исломӣ (Созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ) 2000 нафар интихоб шудаанд. Онҳоро дар ҳудуди Туркия машқ дода ба Озарбойҷон овардаанд. Интихоби ҷанговарон, мегӯяд вакил, тавассути шабакаҳои интернетӣ гузаронида мешавад. Онҳо шартнома дар мавриди «рухсатӣ»-и семоҳа ба ивази 2000 доллар дар як моҳ имзо мекунанд. Бино ба ахбори ҷаҳон аллакай дар ҷанги Озарбойҷону Арманистон 40 нафари ин террористон кушта шудаанд.
Албатта ашхоси воломақоми мамолики пешрафта сафсатта намегӯянд, балки шояд дар асоси ахбори ҷосусони варзидаи худ сухан мегӯянд. Яъне иштироки ҷангиёни террорист дар ташаннуҷи ҳар гӯшаи ҷаҳон амри воқеист. Чун қоида, тарафҳои даргир барои маҳви рақиб аз «хизмат»-и онҳо рӯй наметобанд.
Ташаннуҷи авзо дар мамолики барои Тоҷикистон на он қадар бегона ба монанди Белорус, Арманистону Озарбойҷон ва ниҳоят Қирғизистон хеле нигаронкунанда аст. Босуръат ивазшавии вазъият дар ҳамсоякишвар далели он аст, ки барпо кардани ташаннуҷ дар ҳама мамолики дунё имкон дорад, аз ҷумла дар Тоҷикистони орому осудаи мо низ. Бинобар ин, илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ мегӯянд, Тоҷикистон бояд ба ҳар пешомади бад омода бошад. Гузаштагонамон мегуфтанд: «То бад нагуӣ, нек пеш намеояд.» Пеш аз ҳама ҳарчӣ зудтар ба ноадолатиҳои дохил хотима бояд бахшид ва дар тараддуди омода сохтани дастаҳои зиддитеррористӣ буд. Дастаҳоро метавон аз шумори варзишгарони варзидаи миллати тоҷик, кормандони ҳифзи тартибот, амният ва ихтиёриён омода сохт. Маълум аст, ки барои омода сохтани камаш 1000 нафар ҷанговари ҷаррори зидди террорист маблағ лозим аст. Маблағро метавон аз ҳисоби муваққатан боз доштани сохтмонҳои гаронбаҳо дарёфт кард. Ин ҳама сохтмонҳои гулгашту хиёбон, биноҳои пурҳашамат, қасрҳо ва роҳҳое, ки дар кишвар тайи 10 соли ахир раҳандозӣ шудаанд, барои мо алҳол басанда аст. Ягон кишвари дунё бо ин суръат дар муддати кутоҳ то ба ҳадди кишвари мо обод нашуда буд. Албатта ободӣ ҳеҷ гоҳ басанда нест, аммо чораҳои амниятӣ дар марҳилаи кунунӣ бояд дар мадди аввал бошанд. Қирғизистон ҳамсояи ба истилоҳ дар ба девори мо аст, ки ҷиҳати нофаҳмиҳо дар сарҳад ба мо чашми нек надорад. ҳоло ҳамсоякишвар вазъи ноором дорад, ҳар лаҳза метавонад нерӯҳои миллатчӣ дар онҷо рӯйи кор биёянд ва албатта қасди ҳамсоякишварҳои худ кунанд. Мо бояд то он замон омода бошем. ҳоло фурсат ғанимат аст. Агар накунанд ҳам боз беҳтар, дастаи таъсисдодаи мо дарди сар намешавад, балки баҳри ҳифзи кишвар дар ҳоли омодабош қарор мегирад ва боиси ифтихори мо хоҳад буд.

Муфассал дар шумораи ояндаи рӯзномаи «Пайк»