- Иҷтимоъ

ЧАРО ГУЛГАШТИ ВОСЕЪ ТОРИК ШУД?

Аз қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайкараи хандахариш ва гулгашти харобазор ба як гӯшаи биҳиштӣ табдил ёфт. Мутаассифона, аз кушодашавии Гулгашти Восеъ ҳамаги 5 рӯз сипарӣ гаштааст, аммо масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии Восеъ натавонистанд, ки ҳафтае бо равшанӣ гулгаштро таъмин кунанд. Бовар кун хонанда, ҳамаи рустои Восеъ чароғон ва Гулгашти Восеъ ба як торикӣ мубаддал гаштааст. Дар ин шаб садҳо ҷавонон барои истироҳат аз дуру наздик омада мутаассир ғамгин вопас мерафтанд. Ҳолдонҳои шух дигаргуна сӯҳбат мекарданд, балки аксиягӯӣ менамуданд, ки «ғам нахуред, мутасаддиёни ноҳия аз фардо факел- гулхани Восеъро бо усулу нағмаи худ дар доданиянд.  Фантаноша (фаввора) боша баъди бо 5 рӯзи дигар аспи Восеъро сероб карда хушк мешавад.»  Дигаре иброз намуд, ки «гулҳои зеборо мекананду барои шоҳаспи Хуталонӣ ба тарит гулоб тайёр менамоянд.» Аз ин аксиягӯиҳо дар гӯшаи гулгашт мардум фароғат менамуданд.

Ба масъулини шабакаи барқи ноҳияи Восеъ занг задем ва посухи бебарқии гулгашти марказиро пурсон шудем. Мавсуф изҳор дошт, ки шабакаи барқи ноҳия ин муассисаи хизматгӯзор аст, на таъминкунанда бо зеристгоҳи барқӣ. Сабаби бебарқии гулгашт бошад набудани зеристгоҳи он аст. Мо МИҲД-и ноҳияро аз ин пеш огоҳ намудем, ки гулгаштро таввассути зеристгоҳи бонки «Содиротбонк» пайваст намудан амали хатост, аммо моро гуш накарданд. Зеристгоҳ моли «Содиротбонк» аст ва дар тавозуни мо нест ва мо наметавонем онро бе иҷозати соҳибмулк ба кор барем. Дар воқеъ ин гулгашт дар тавозуни кормандони комуналии шаҳрак аст. Аз МИҲД ҳам занг заданд ва ҳолати корро ба онҳо гуфтам.»

Ба ростӣ аз ин суханронии Сардори шабакаҳои барқи ноҳия Тавакалов тааҷубам наомад ва суоле матраҳе дорам, ки пас чаро дар ҳуҷҷати қабули ин гулгашт иҷозат додаву муҳру сикка задааст?

Хостем ба МҲИД-и ноҳия равем, ки онҳо дар ин рӯз маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳа доштаанд ва фосилаи вақт имконият надод ва мо суоли бе ҷавоби худро оид ба ин қазия дар вокуниш интизорем.

 А. Дӯстов