- Тандурустӣ

СУҒД: МУБОРИЗА БАРОИ ПЕШГИРИИ “КОРОНАВИРУС” ПУРЗУР МЕГАРДАД, АММО…

Бо мақсади пешгирӣ аз бемории Коронавирус дар тамоми кишварҳои дунё корҳои безараргардонӣ пурзур гардида, аз паи истеҳсоли ваксинаҳо бар зидди ин беморӣ мебошанд.  Дар кишвари мо низ аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ то ба имрӯз корҳои безараргардонӣ дар авҷ аст. Тавре ки мо иттилоъ дорем, нишонаҳои аввали ин беморӣ дар ҳудуди вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда буд, аз ин рӯ барои пешгирии ин беморӣ тадбирҳои бештар андешида шуда истодааст.  Коронавирус ё ба ибораи дигар “вабои нав” мавзӯи асосии на танҳо воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, балки ҳар як сокини сайёра гардидааст.  

Вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон то кунун ноустувор боқӣ мемонад ва ин маънои онро дорад, ки хуруҷи нави COVID-19 дар кишварҳои мухталиф дар пеш аст, мубориза бо онҳо шояд муддати тӯлониро талаб кунад.
     Созмони ҷаҳонии тандурустӣ афзоиши фавт аз коронавирус дар Аврупоро пешбинӣ кардааст. Ин созмон мегӯяд ба эҳтимоли зиёд моҳҳои октябр ва ноябри соли равон дар натиҷаи авҷи мавҷи дуюми КОВИД-19 теъдоди фавтидагон дар ин қитъаи олам бештар шавад.Расонаҳои ҷаҳон аз бад шудани вазъи эпимедиологӣ дар Аврупо гузориш медиҳанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ гуфтааст, ки дар ин қитъа омори марг аз коронавирус бештар мешавад.

Шуруъ аз моҳи декабри соли 2019  ҷомеаи ҷаҳониро хатари паҳншавии бемории  “COVID 19” (коронавирус) фаро гирифта, то ба имрӯз ҷони чандин миллион аҳолии сайёраро рабурда истодааст. Тибқи иттилои расонаҳо, то моҳи майи соли 2020, ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус қариб дар тамоми кишварҳои дунё ба қайд гирифта шудааст. Тоҷикистонро бемории мазкур аз моҳи майи соли ҷорӣ фаро гирифта, то ба имрӯз чандин нафар аз ин беморӣ ҷонӣ худро аз даст додаанд.

 Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ менависад, бегоҳии 15-уми сентябри соли ҷорӣ шумори гирифторони коронавирус КОВИД-19 дар олам 29 миллиону 386 ҳазору 502 эълон шуд. То кунун аз ин беморӣ дар саросари ҷаҳон 931 ҳазору 250 нафар фавтиданд.  «Созмони ҷаҳонии тандурустӣ афзоиши фавт аз коронавирус дар Аврупоро пешбинӣ кардааст. Ин созмон мегӯяд ба эҳтимоли зиёд моҳҳои октябр ва ноябри соли равон дар натиҷаи авҷи мавҷи дуюми КОВИД-19 теъдоди фавтидагон дар ин қитъаи олам бештар шавад», — менависад кумита. Тибқи иттилои Вазорат, аз 30 апрел то 15 сентябр 9 ҳазору 129 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор шуда, аз ин 7 ҳазору 896 нафар ё 86,4%-и беморон шифо ёфта, наздики 73 нафар ҳалок шудаанд. Аммо дар кишвар омори вазорати тандурустиро марбут ба “вируси корона” — ро ғалат ва бардуруғ мехонанд. Ба ақидаи  онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Аммо гуруҳи дигар ҷонибдорӣ ин оморанд, зеро имрӯз аксари мардум на аз ин ё он беморӣ, балки аз тарсу ваҳм  фавтида истодаанд.  Саодат Азизова, сокини ноҳияи Деваштич аз рӯзҳои аввали паҳн шудани ин беморӣ дар мамлакат аз тарсу ваҳми ин беморӣ  худро даргири чандин беморӣ намудааст. ӯ мегӯяд, ки “ҳаргоҳе, ки дар бораи ин вирус аз телевизиону радио хабардор мешудам, ҳар як аломатҳои онро дар худам меҷустам. Ба назарам гӯё ҳарорати баданам баланд мешаваду нафасгириям душвор. Баръакси тавсияҳои табибон аз пештара дида зиёдтар дастонамро ба чашмонам мебурдагӣ  шудам. Ба фикри ман хуб мешуд камтар аз ин беморӣ хабар диҳанд, вагарна мардум аз тарс  худро мубталои ин ё он беморӣ мекунанд”.   Мисли Саодат  садҳо занони дигар ҳастанд, ки бо шунидани оморҳову хабарҳо оиди ин беморӣ худро ба “сад кую дар зада”, худро мубталои ин ё он беморӣ менамоянд.     

Оё фосиларо риоя карда мешавад?

 Аз замоне, ки кормандони соҳаи тиб риояи фосилаи на камтар аз 2 метрро аз аҳолӣ барои пешгирии бемории короно талаб карданд, ронандагон ва ҳамчунин худи шаҳрвандони  нақлиётҳои мусофиркашон баръакси он амал мекунанд. Дар нақлиётҳо  мусофиронро аз меъёр зиёд мегиранд, ки сабаби паҳншавии ин беморӣ гардида истодааст. Ба ин амал ҳам ронандагон ва ҳам худи мусофирон гунаҳгоранд, зеро дар баробари он, ки ронандагон барои ҳарчӣ бештар  гирифтани мусофирон кӯшиш намоянд, худи мусофир намекушад, ки барои ҳам саломатии худ ва атрофиёнаш ба нақлиёти пур аз мусофир савор нашавад. Аксари мардум ба коре шитоб доранду агар 5-10 дақиқа дер монанд “осмон ба замин омада мечаспад”. Ҳол он ки агар ба ин беморӣ гирифтор шаванд рӯзу моҳҳо ва ҳатто Худо нишон надиҳад як умр дер монданашон мумкин. Азизов Некрӯз  мегӯяд, ки дар ин рӯзҳои фасли гармо дар дохили нақлиётҳо нафас гирифтан ғайриимкон аст. Ба гуфти ӯ агар ба ронадагон шикоят намоем, мегӯянд, ки “худи мусофирон гунаҳгоранд, чаро ба мошини пур савор мешаванд”. Аммо Нисолат ном сокини шаҳри Хуҷанд бошад, мегӯяд ки “чаро ронандагон дидаю дониста нақлиёти пур аз одамро дар истгоҳҳо дошта, боз мусофир мегиранд. Ин қадар худхоҳанд инҳо?  Масъулин дар куҷоянд?”

Ниқоби муҳофизатӣ-манбаи даромад

Табибон пӯшидани ниқоб-ҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо, дохили биноҳои серодам ва нақлиёти ҷамъиятӣ ҳатмӣ мешуморанд. Онҳо мегӯянд, дар шароити хона агар ҳама солим бошад, ҳоҷат ба пӯшидани ниқобҳои тиббӣ нест. Ҳамчунин таъкид мекунанд, ки ҳангоми истифодаи ниқобҳо то муҳлати муқарраргардида, кушодану пӯшидани он мумкин нест, чун ҳар боре, ки онро мекушоем, байни даҳон ва ниқоб ҳаво ҷамъ мешавад ва имкон дорад, ки он ҷо микробҳои касалиовар ҷо бигиранд ва мо онро нафас гирифта, сироят ёбем. Инчунин, гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, зуком метавонанд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд, зеро онҳо тавассути сулфа, атсазанӣ ва гап задан вирус ва дигар барангезандаҳоро ба муҳити атроф паҳн менамоянд.
     Таҳлилҳо нишон додаанд, ки пӯшидани ниқобҳои тиббӣ метавонанд, боиси коҳиш ёфтани бемориҳои сироятии роҳҳои нафас гардад, аммо танҳо истифодаи ниқоб муҳофизати пурраи организмро аз сироят кафолат дода наметавонад. Имрӯзҳо яке аз воситаҳои муҳими пешгирӣ аз ин бемориро дар истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ арзёбӣ намудаанд. Аммо мутаасифона на ҳамаи марду аз он истифода менамоянд. Ҳамарӯза тавассути телевизион мебинем, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандоне, ки аз ниқобҳои тиббӣ истифода намекунанд, ҷарима крда мешаванд. Аммо на ҳама аз ин дарс мегиранд. Дар  ҳудуди “Афғонбозор”-и бозори “Панҷшанбе” савдогарзане пойафзол мефурӯхту писарбачае омада “хол ниқоб мехаред?”- гӯён суол пурсад, якбора ба ӯ ҳуҷум кард: “Ба ман ниқоб даркор не. Аввал мақомот рафта ошхонаи чиркину ифлосро назорат кунаду баъд омада аз ман ниқоб пурсад. Ҳамааш меояду ниқобат канӣ гӯён дуғу пуписа мекунад. Ин ниқоб напушидан ҳам барои онҳо бизнес шуд акнун.” Суханони ин зан то ҷое ва ҳатто бештар ҳақаиқат дорад, зеро ин гуна воқеаҳо зиёд ба чашм мерасанд. Баъзе аз ошхонаҳоро бинед нафрататон меояд, махсусуан ошхонаи ҳудди бозори “Панҷшанбе”-ро.  дар аксари ин ошхонаҳо чунон бетартибию бенизомӣ ҳаст, ки шахси бинанда ба соҳибони он лаънат мехонад. Бо вуҷуди ин аз сабаби арзонии нархи ғизо бештари аҳолӣ ба ин минтақаҳо меоянд, махсусан хонандагону донишҷӯён.

Риояи талаботи беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои бемориҳои сирояткунанда масъалаи муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, ҳар яки моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ба тозагӣ ва гигиенаи шахсии худу аҳли оилаамон аҳамияти зарурӣ диҳем. Зеро омили асосии пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ тозагию пайваста шустани дастон мебошад.

Барои пешгирӣ аз бемории коронавриус чӣ талаб карда шудаасту чӣ натиҷа дода истодааст? Чанд тавсияҳо ва натиҷаи онро хулосабарорӣ менамоем:

  • Фосиларо нигоҳ доред! Ин дар ҳолест, ки дар нақлиётҳои мусофиркашон (дар спринтерҳо) ба ҷои 10-15 нафар 25-30 нафар мусофирро ҷой менамоянд. Баъдан дар бозор, агар ягон маҳсулоти арзон ба фурӯш монда шуда бошад, маҳол аст, ки фосиларо нигоҳ доранд.
  • Аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баред! Истифода мебаранд, на аз рӯи меъёру тавсияҳои кормандони тиб. Қисме аз аҳолӣ як ниқоби яккаратаро ҳафтаҳо истифода мебаранд,ки аз ранги аслии ниқоб осоре намемонад. Бар замми ин вақте ки аз онҳо пушидани ниқобро талаб мекунанд, ниқобро аз ҷайбашон бо як ҳолати ғайрисанитарӣ мегиранду нишон медиҳанд. Гӯё истифодаи ниқоб аз баҳри кормандони дахлдор истифода мебурда бошанд. Ҳамчунин қисми дигари ҷомеа ин тавсияро аз ин гӯшашон  мешунаванду аз гӯши дигарашон бароварда, истифодаи ниқобро як амали нолозим медонанд.
  • Аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам худдорӣ намуда, бе зарурат ба кӯча, бозор ва мағозаҳо наравед! Дар ҳоле ки мардум як рӯз  ба бозор нараванд, “қиёмат” мешавад.  Бар замми ин дар хобгоҳҳои донишгоҳҳо дар ҳуҷраҳо аз шумораи истиқоматкунандагони муқарраргардида ду баробар зиёд донишҷӯро ҷой менамоянд. Масалан, барои ҳуҷрае, ки барои ду нафар аст чор нафар зиндагӣ мекунанд.
  • Гигенаи шахсиро қатъиян риоя намоед!  Қисми зиёди аҳолӣ аз нарасидани об шикоят доранд. Об ҳаст, на ба андозаи зарурӣ…

Бо вуҷуди ҳамаи ин набояд фаромӯш кард, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст. Агар инсон ба гигиенаи шахсӣ ва тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошаду қоидаҳои беҳдоштиро пурра риоя кунад, бешак ҳаёти солимро ба даст меорад, ки орзуи ҳар нафар аст.

Ҳафиза Бегова

“Пайк”