- Иҷтимоъ

Кӯчаҳои Вахшу Қубодиён ифлос шудаанд

    Ба талабот ҷавобгу набудани партовгоҳҳои ноҳияи Вахш ва ноҳияи Қубодиён аз мушкилоти ҳалталаб ба шумор меравад. Дар ҳоли ҳозир дар ин қабил партовгоҳҳо ягон қуттии партовҷамъкунӣ вуҷуд надорад. Суоли матраҳ ин аст, ки касе барои бартараф кардани ин мушкилот камари ҳиммат набастааст?

   Ин дар ҳолест, ки буйи ғализи чунин партовгоҳҳо, ки дар наздикии биноҳои истиқоматӣ ҳам ҳастанд мушкил эҷод кардаанд. Ҳарчанд, ки то андозае масъулини соҳа барои бартараф намудани ин мушкилиҳо кушиш мекунанд, аммо ин ба таври бояду шояд роҳандозӣ нагардидааст.

        Партовгоҳҳои муваққатқ ба талабот ҷавобгу нестанд

    Агар аз як ҷониб ба талабот ҷавобгу набудани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мушкилӣ бошад, аз ҷониби дигар саривақт накашонидани партовҳо проблемаи дигар мебошад. Масъулини идораи хоҷагии манзилию комуналии ноҳияи  Вахш барои тоза нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ва ҷамъоварии партовҳо талош доранд. Дар маркази ноҳия 8 нуқтаи паспартовгоҳи муваққатӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон гуфта шуд,ки ҳамарӯза аз болои чунин нуқтаҳо назорат бурда шуда, партовҳо аз нуқтаҳои муваққатӣ ба партовгоҳи умумӣ тибқи нақшаи тасдиқнамуда ба навбат кашонида мешаванд.

    Мустафо Файзалиев, сардори корхонаи давлатии хоҷагии манзиливу комуналии ноҳия гуфт, ки нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, ки дар маркази ноҳия аст, сертификат надоранду ба талабот ҷавобгу нестанд.

             Напардохтани маблағи хизматрасонқ мушкилоти асосист

   Омили саривақт накашонидани партовҳоро масъулони ниҳоди болозикр, дар саривақт напардохтани маблағи хизматрасонӣ аз ҷониби муштариён арзёбӣ намуд.

— Мустафо Файзалиев, инчунин қайд кард: «Корхонаи мо ба 960 нафар аҳолии маркази ноҳия ва 21 идораву ташкилотҳои буҷетӣ шартнома дорад. Аммо дар 8 моҳи соли равон аз ҷониби муассисаҳои буҷетӣ барои хизматрасонии комуналқ бояд 21 ҳазор сомонқ ворид мешуд, аммо ягон сомонқ пардохт нагардидааст. Аз тарафи аҳолӣ низ маблағ бо ҳар баҳона пардохт карда намешавад».

    Масъулон ваъда доданд, ки ҳарчи зудтар партовгоҳҳоро тоза мекунанд. Дар ин баробар бояд бигуем, ки бинои корхонаи фавқулзикр ба таъмир ниёз дорад, ки ҳатто рангу бори оддиро надидааст. Масъулон мегуянд, ки ҳадаф доранд ин биноро таъмир созад.

          Қубодиён: Кор бо як нақлиёт пеш меравад ё бо ароба?

    Тозаву озода нигоҳ доштани мавзеъҳои фарҳангиву фароғатқ, маҳалла, кӯчаву хиёбонҳо ва умуман муҳити зист аз фаъолияти хуби кормандони хоҷагии манзилию камуналқ вобастагии ҷиддқ дорад. Аммо дар ноҳияи Қубодиён фаъолияти корхонаи мавриди назар бо як нақлиёт ҷараён дорад, ки ин кори масъулонро душвор мегардонад. Тибқи мушоҳидаҳо кормандони идораи комуналқ партовҳоро аз маркази ноҳия ба партовгоҳҳои муваққатӣ бо ароба мекашониданд, ки ин фаъолияти хуби ниҳоди болозикррро зери суол мебарад.

Ба доди Каримова кӣ мерасад?

   Анора Каримова, як сокини ноҳияи Қубодиён шиква аз он кард, ки дар назди хонаи истиқоматиаш партовгоҳи муваққатқ мавҷуд аст, аз буйи бади партовҳо азият мекашанд.

— Дар ин партовгоҳҳо ҳаргуна ашёро  мепартоянд, ки буйи ғализ доранд, боре  анори вайроншударо партофтанд, ки кӯдакон онро хурда, бемор шуданд, ба сохторҳои дар ин самт масъул муроҷиат кардем, аммо то ҳол мушкилоти мо ҳал нашудааст, шарҳ дод Анора Каримова.

    Қайд кардан зарур аст, ки ин партовгоҳ ҳамагӣ 5 метр аз хонаи Каримова ва тақрибан беш аз 100 метр аз бинои ҳукумати ноҳия дуртар ҷойгир аст.  Гумон аст, ки масъулини мақомоти марбута аз он боре дидан накарда  бошанду дархури масоили матраҳ нашуданд.

   Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Равшанзод, сармутахасиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия зикр дошт, ки «Бояд партовгоҳи муваққатӣ аз хонаҳои истиқоматӣ  на кам аз 100 метр ҷойгир бошад. Мо аз ҳолати партовгоҳи зикргардида огоҳем, хулосаи худро оид ба аризаи Каримова ба мақомоти иҷроияи ноҳия пешниҳод намудаем».

   Манбаъ шарҳ дод, ки дар ҳудуди ноҳия 6 партовгоҳи муваққатӣ мавҷуд аст, ки онҳо сертификат надоранд, дар ин самт корҳо барои бо сертификат таъмин намудани ин партовгоҳҳо ҷараён доранд.

    Бояд гуфт, ки чунин мушкилоти якранг дар ду ноҳияи зикршуда роҳи ҳалли саривақтии худро мехоҳад. Ниҳодҳои марбутаро мебояд дар ин самт назоратро пурзур намоянд.

                                                 Аҳмади Раҳим «ПАЙК»