- Иҷтимоъ, Фарҳанг

РУНАМОӢ АЗ КИТОБИ “КУРУШИ КАБИР”-и А. ИБРОҲИМ

Рунамоӣ аз романи «Куруши Кабир»- и Аҳмади Иброҳим  рӯзи шанбеи гузашта 12 сентябр бо мушорикати аҳли адабу эҷоди минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон баргузор гардид. Аҳли фазлу дониш тули ду соат перомуни мазмуну мундариҷаи роман андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки романи мазкур хеле асари саривақтӣ буда баҳри шинохти миллат, боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон нақши бориз хоҳад гузошт. Муаллифи асар қайд кард, ки дар таълифи китоб пеш аз ҳама аз Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои асари безаволаш «Тоҷикон дар оинаи таърих» беандоза сипосгузор аст. «Ҳар гоҳ, ки дар дарёфти далелу мадракҳои печидаи таърих раҳгум мезадам ба ин асари Пешвои миллат рӯ меовардам ва ҳалли мушкилотро дар меёфтам.» қайд кард Аҳмади Иброҳим. Инчунин илова кард, ки замони соҳибистиқлолӣ ва тинҷию оромӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам овардааст баҳри навишти чунин асарҳои мушкилэҷод.

Дуввумин шахсе, ки муаллиф мегӯяд аз ӯ сипосгузор аст, раиси муҳтарами вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аст, ки дар нашри китоб дасти ёрӣ дароз кард. Мӯҳтарам Қурбон Ҳакимзода бо дастнависи асар ошно гашта дарк кард, ки хеле асари арзишманд асту баҳри тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва китобдӯстии онҳо нақши калон мебозад. Маҳз ба ҳамин хотир баҳри аз чоп баромадани асар дасти ёрӣ дароз кард. Раиси мӯҳтарам нусхаи санҷишии асарро мутолиа карда хулоса кард: “Ҷузъи асосии сиёсати Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохти асолати миллӣ аст барои тоҷикон ва тарбияи ватандӯстию инсондӯстии онҳо. Аз ин лиҳоз, гумон дорам ҳадаф аз таълифи романи таърихии “Куруши Кабир”-и Аҳмади Иброҳим ҳам, дастгирӣ аз ин сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат аст.”

Ғазалшо Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳам ки баҳри табрики муаллиф омада буд иброз дошт, ки бо супориши раиси вилоят баҳри табрики муаллиф омадааст. Ӯ матни ифтихорномаи раиси вилоятро ба муаллифи асар қироат намуд ва ба ӯ тӯҳфаи хотиравӣ супорид. Инчунин қайд кард, ки баъди мутолиаи асар ба хулосае омад, ки асар таърихӣ бошад ҳам хеле бо забони фасеҳу хоно навишта шудаасту хондан ва дарки маънояш мушкилот надорад. Дар замони мо ин хислатҳои асари бадеӣ хеле муҳиманд. Умуман, нашр шудани асари таърихию бадеӣ дар замони мо ҳодисаи нодир аст.

Шахсияти дигаре, ки хеле фарҳанги баланд дораду воқеан дастгиру таблиғгари сиёсати Пешвои миллат аст, Исмоилзода Мирзо, раиси мӯҳтарами ширкати “Барқи Тоҷик” аст, ки дар таъмини китобхонаҳои ширкат бо ин китоб ба муаллиф кумак кардааст.

Муаллиф аз Назарзода Бахтиёр, сардори Раёсати Молияи вилояти Хатлон низ барои кумакҳои беғаразонааш дар нашри китоби мазкур сипосгузор аст.

Навиштани китоб як мушкил аст, мушкилтар табъу нашри он аст, ки ин вазифаи сангинро ашхоси бофарҳанги зикрашон рафта ба анҷом расониданд. Таваҷҷӯҳ ба ин гуна асари барои тарбияи ҷавонон муҳим ва саривақтӣ ин худ нишонаи фарҳангдӯстӣ ва меҳанпарастии одамон аст. Вагарна буданд нафароне, ки аз рӯйи вазифаи бардӯшдошта ба фарҳанг ва маориф сахт тавъам буданд, аммо салоҳ надиданд, ки ҳатто дар рунамоӣ аз китоби мазкур ширкат варзанд. Сӯҳбат дар бораи фарҳанг, асолат ва ҳуввияти миллат барои онҳо хеле гарон аст. Барои ин тоифа муҳим пайи дарёфти зару сарват давидан аст. Дар асл ин тоифа хеле маҷҳуланду бечора.

Орзу Ҳамидиён, муовини раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб оид ба идеология, дар рафти нишаст муаллифро бо ин асари арзишмандаш табрику таҳният гуфта барояш дастовардҳои нави эҷодӣ таманно кард.

Дар ҳамин нишаст муаллиф инчунин аз заҳматҳои олими шинохтаи тоҷик Мӯҳтарам Ҳотам дар табъу нашри китоб сухан кард, гуфт: «Дар инъикоси дурусти воқеоти таърихӣ, забони асар ва дарку фаҳми мавқеъҳои ҷуғрофӣ устод Мӯҳтарам Ҳотам кумаки арзишманд расонидааст, ки ман аз он кас сипосгузорам.»

Инчунин дар рунамоӣ аз китоби «Куруши Кабир» донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб, коллеҷи омӯзгорӣ, коллеҷи тиббии шаҳр, литсейҳо бонавбат баромад карда лаҳзаҳои ҳассоси алоҳидаи китобро ҳикоят ва муҳокима карданд. Хеле хурсандибахш буд, ки ҷавонони мо то ба ин ҳад муҳаббат ба китобхонӣ доранду ба шинохти асолати миллӣ.

Романи «Куруши Кабир» дар чопхонаи «Нашри Мубориз» бо теъдоди 3 000 нусха аз чоп баромад ва дастраси хонанда гардид. Ин сеюмин асари таърихию бадеии Аҳмади Иброҳим аст, ки тули 10 соли ахир таълиф шудаву дастраси хонанда мегардад ва ҳаводорони зиёд доранд.

Муаллиф чанд китобашро ройгон ба китобхонаҳои шаҳр тақдим кард, тасмим дорад чанд адад китобҳои дигарашро ба Китобхонаи миллии кишвар тақдим кунад.