- Иҷтимоъ

ИРОДАИ МОДАРИ ҚАҲРАМОН ТИФЛРО НАҶОТ ДОД

Фарзона Муродӣ хабарнигори ҳафтавори «Пайк» дар вилояти Суғд, соҳиби фарзанд шуд, аммо бо чӣ машаққат…

Фарзона Муродӣ чанд моҳ пеш дар бораи хатарзо будани роҳҳои мошингарди назди мактабҳо мақола навишту дар ҳамон мавзеъ ӯро мошин зер кард. Ин ҳодиса замоне рух дод, ки Фарзона фарзанд умедвор буд. Хабарнигори фаоли ҳафтавори «Пайк» дар ин садама осеби вазнини ҷисмонӣ дид, аз ҷумла устухонҳои баданаш аз чанд ҷой шикаст, аммо бо иродаи қавӣ рисолати модариашро дар мавриди ба дунё овардани тифл иҷро кард. Ҷонаш дард мекард, бар асари дарди ҷонкоҳ рӯзгораш сахту рӯзаш сиёҳ буд, аммо садоқати модарӣ ва матонати як зани ориёӣ будан ба ӯ кумак кард, ки зери қалбаш тифлашро дар амон нигоҳ дорад ва вақту соати муайян бо изни Худо ӯро ба дунё орад. Боз як инсони ориёитабори суғдиасл аз насли Спитамани диловар бо тани сиҳат ба дунё омад, он ҳам бар асари иродаи мустаҳками Фарзона, худ ҷабҳа ҷабҳа қисм қисм сухту тифлашро эҳтиёт кард. Модаронеро медонам, ки ҳангоми дучор шудан ба камтарин мушкилот тарки тифл карданд ё исқоти ҳамл, аммо Фарзонаи мо аз ин қабил занҳо нест, ӯ аз он қабил ҷавонзанони матинирода ва шуҷоу диловари ориёиасл аст, ки замоне фарзандони қаҳрамонеро мисли Спитаману Катан, Курушу Деваштич, Темурмалику Ҷалолиддин, Сафар Амиршоеву Айнӣ, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ба дунё овардаанд.  Каси дигар ба ҷойи раиси вилояти Суғд мебуд, ҳатман ба таваллудхона рафта аз ҳоли чунин зани бошараф хабар мегирифт ва пурбаҳотарин тӯҳфаро баҳраш ҳадя мекард. Ин аст ватандӯстӣ, ин аст идеологияи созанда, ин аст содиқ будан ба сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат. Ҳам ифтихор аз чунин сокини вилоят мекард. Зиҳӣ чунин модарони миллат, ки ҷон фидои фарзанд мекунанд!

Аҳли эҷоди «Пайк» ва мухлисони қалами созандаи Фарзона ӯро барои ба дунё овардани тифли солим табрику таҳният мегӯянд. Уме даст, ки тифли Фарзона дар домани модар бузург шуда номбардори ватани азизи хеш мешавад.

                                  Аҳли эҷоди «Пайк»