- Иҷтимоъ

Самбӯсачӣ мизоҷро заду 29 ҳазор ҷарима шуд

Муҳаммадҷон Аминови 21 сола, сокини кӯчаи Урунхӯҷаев, ҷамоати  Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар самбӯсахонаи “Қалъаи Хуҷанд” дар ҳудуди “Боғи фарҳанги фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ” ба ҳайси самбӯсапаз кор мекард мизоҷро зад ва тибқи моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (авбошӣ) ба миқдори 29 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Бино ба иттилои раиси Суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ, Аминов 8-уми июни соли равон дар ҷои кораш,  яъне дар самбӯсахонаи “Қалъаи Хуҷанд” ҳамроҳи ҳамкораш нӯшокии намуди пиворо истеъмол мекунанд. Дар ҳоли сархушӣ ин ҷавон бо ҳамкори занакаш, ки Умарова Мавзуна ном дошт ҳар гуна шухиҳои ноҷо мекунад. Дар ҳамин вақт холадухтари Мавзуна- Замира Абдуллоева, ки ҳамроҳ бо духтарчааш ба боғ омада буд ва самбӯса харидорӣ карда,  дар атрофи сабӯсахона қарор дошт шоҳиди ҳазлҳои ноҷои Аминов мешавад.

Азбаски Замира ба Мавзуна риштаи хешутаборӣ дошт ба суханони ноҷои Муҳаммадҷон тоб наоварда огоҳ кардааст, ки мард бо зани ҳамкораш чунин хушиҳо намекунад. Ҳарчанд Мавзуна мефаҳмонд ӯ одат кардааст ба ин гуна рафтори ҳамкоронаш, бигзор Аминов, ки ҳамон замон ширакайф буд ҳазлҳояшро идома диҳад. Аммо Замира боз  ҳам ба Аминов наздиктар омада хост фаҳмонад, ки ҳазлҳои ноҷои ӯ   ҳатто боиси нороҳатии атрофиён шуда истодааст  ва зудтар бас кунад.

Вале ин рафтори Замира  ба Аминов писанд наомад ва бо вуҷуди мард будан беш аз 10 дақиқа бо зан дар пеши чашми духтарчаи ноболиғаш часпуталош карда ӯро кашолакунон ба дохили самбӯсахона дароварда латукӯб кардааст.

Замира аз ин амалҳои авбошонаи Аминов ҷароҳат бардоштааст.  Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти № 582 ҷароҳатҳои Абдуллоева  дар намуди осеби муштарак, осеби пушидаи косахона ва майнаи сар, шикасти пӯшидаи устухонҳои бинӣ,хуномосҳои чашми чап, харошаҳои бинию бону ва ғайра ҳамчун ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ дониста шудаанд.

Некрӯз Раҳматов