- Маориф

Суғд: Мактабҳои садамавӣ кай таъмир мешванд?

Дар ҳудуди вилояти Суғд бинои 46 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, инчунин  бинои 228 мактабу муассиаҳои дигар  дар ҳоли таъмирталаб қарор доранд.

Бино ба гуфти мудири маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Карим соли равон бинои 7 муассисаи таълимии садамавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Кӯҳистони  Мастчоҳ, Айнӣ, Мастчоҳ ва Спитамен барқарор гардида, дар 19 бинои таълимии садамавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Ғафуров, Исфара, Деваштич, Зафаробод ва дигар шаҳру навоҳии вилоят корҳои азнавсозӣ идома дорад.

Аз 228 бинои муассисаи таъмирталаби ба қайд гирифта шуда айни ҳол 129 бинои муассисаҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуда дар 57 муассиса корҳои таъмирӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем дар ҳудуди вилояти Суғд дар умум 929 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 13 муассисаи таълимии типпи  мактаб-интернат    фаъолият дорад.

Ба гуфти мудири маорифи вилояти Суғд давоми 7 сол дар миқёси вилояти Суғд  таъсиси 280 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 135 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Шумораи муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Суғд 12 адад афзудааст, аммо мушкилоти камбуди боғчаҳо ва дар навбат истодани кӯдакони синни томактабӣ яке аз мушкилоти соҳаи маориф дар баробари таъмирталаб будани 228 бинои муассисаҳои садамавию таъмирнодида  мушкили ҳалталаб аст. Вале кай  таъмир шудани мактабҳои таъмирталаб ва ҳадди ақал бо боғча таъмин шудани  30% -и кӯдак дар вилоят? саволи бељавоб аст.

Некрӯз Раҳматов