- Кишоварзӣ

Ҷ. Расулов: Сохтакории судия моро сарсон кард

Ба Прокурори генералииҶумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Ба Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарама Қаландарзода М.

Аскарова Мавҷуда (1958 с.т.)  ва Аскаралиева Умрӣ (1935 с.т.) солҳои тулонӣ дар колхоз кор кардаанд ва  саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ихлос» буданд, ки дар ин бора ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда мавҷуд мебошад. Онҳо ба унвони раиси ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза муроҷиат карда буданд, ки барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии «Санҷарбек» аз ҳисоби 2 нафар саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ихлос» мусоидат кунад.

 Аризаи Аскарова Мавҷуда ва Аскаралиева Умрӣ аз ҷониби  аъзоёни комиссияи ноҳиявӣ дида баромада шуд ва дар ин бора санаи 24 феврали соли 2010 санад тартиб дода шуд. Баъдан, санаи 3 марти соли 2010 аз ҷониби Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷ.Расулов, санаи 25 феврали соли 2010 аз ҷониби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷ.Расулов хулосаҳо, санаи 1 апрели соли 2010  аз ҷониби Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ.Расулов пешниҳод карда шуд. Бо Қарори Раиси ноҳияи Ҷ.Расулов №241 аз 6 апрели соли 2020  «Дар бораи додани қитъаи замин барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии «Санҷарбек» ба хоҷагии деҳқонии «Санҷарбек» қитъаи замин ба масоҳати умумии – 1,12 гектар, аз он ҷумла: корами обӣ -1,08 гектар ва зери роҳ – 0,02 гектар аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ихлос» бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ дода шуд.

Лекин бо сабабҳои номаълум шаҳрванд Исломов И. ба Аскарова Мавҷуда ва Аскаралиева Умрӣ дар заминҳои худ кор кардан монеъагӣ кард ва баъдан фаҳмем ӯ ба суд бо ариза муроҷиат кардааст, ки заминҳои онҳоро гирад.

Ба мо хабар омад, ки як шахсе, ки ба хоҷагии деҳқонии «Ихлос» тамоман алоқамандӣ надошта – Исломов И. ба суди иқтисодии вилояти Суғд нисбати Кумитаи заминсозии ноҳияи Ҷ.Расулов бо аризаи даъвогӣ «Оиди уҳдадор намудани Кумитаи заминсозӣ «дар бораи тағйирот ба шаҳодатномаи саҳми замини саҳмдорон ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин» муроҷиат намудааст. Мо санаи 24 апрели соли 2020 ба унвони судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намудем, ки ба мо нусхаи аризаи даъвогии Исломов И. дода шавад (нусхаи аризаи мо аз санаи 24.04.2020 сол замима мегардад). Лекин суд нусхаи аризаи Исломов И.-ро ба мо надод. Мо нусхаи аризаро бо замимаҳояш аз намояндаиКумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ.Расулов гирифтем.

Худро хоҷагии деҳқонии «Ихлос»-и ноҳияи Ҷ.Расулов ҷамоати деҳоти Сомониён деҳаи Зарафшон номида, Исломов И. ба Суди иқтисодии вилояти Суғд нисбати Кумитаи заминсозии ноҳияи Ҷ.Расулов бо аризаи даъвогӣ «Оиди уҳдадор намудани кумитаи заминсозӣ «Дар бораи тағйирот ба шаҳодатномаи саҳми замини саҳмдорон ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин» муроҷиат намудааст. Дар аризаи даъвогиаш Исломов И. қайд намудааст, ки дар асоси қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ.Расулов таҳти №408 аз 15.09.2014 сол хоҷагии деҳқонии «Ихлос» оиди аз нав ташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонй ташкил карда шудааст. – Дар ҳақиқат, тибқи ин қарор санаи 30 декабри соли 2014 ба хоҷагии деҳқонии «Ихлос» сартификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шудааст, ки дар он ному насаби 10 саҳмдор қайд карда шудааст, ки инҳо Бобоева Муқаддас, Асқаралиева Умри, Шукуров Дониёр, Аскаралиева Мавҷуда, Мавлонбердиева Фотима, Ҷураев Эшмамат, Қӯқонова Бираҷаб, Бӯтаев Олим, Бозоров Шоимқул, Пӯлотов Турсунқул мебошанд.

Дар аризаи худ Исломов И. қарори маҷлиси умумии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ихлос» тахти №1 аз 10.03.2012 солро замима кардааст, ки гӯё 10 нафар саҳмдоронро бо розигии худашон ба хоҷагии деҳқонии «Ихлос» дар асоси оиди аз нав ташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба хоҷагии деҳқонии «Ихлос» гузаронида шудааст (қарори №1 аз 10.03.2012 сол  замимамегардад).

Ҳамчун адвакат бо далелҳои мушаххас мегӯям, ки  ин навиштаи Исломов И. ягон мантиқ надорад. Чи тавре, ки худи даъвогар гуфтааст, қарори МИҲД  ноҳияи Ҷ.Расулов таҳти №408 оиди ташкил додани хоҷагии деҳқонии «Ихлос» санаи 15.09.2014 сол қабул карда шудааст, чи тавр ҳоло ин хоҷагии деҳқонӣ ташкил нагашта, ду сол пеш  Исломов И. маҷлис гузаронид  ва худро раиси хоҷагӣ муаррифӣ кард???

Дар бораи ин маҷлис саҳмдорон хабар надоштан ва ҳайронем, ки киҳо иштирок кардаанд, ки онҳоро 8 нафар ҳисобиданд. Ҳайратовар аст, ки баъди гузаштани мурофиаи судӣ, вақте ки бо парвандаи иқтисодӣ шинос гаштем, аллакай ба ҷои ин қарор, ки дар он имзоҳои Исломов И. ва Исломов М. буд, аллакай дигар қарори №1 аз 10.03.2012 сол бо имзоҳои Қушмуратов И.  Ва Қушмуратов У. Пайдо гаштааст (в.к.8). Ин сохтакорӣ барои чи содир карда шуд, барои чи ба тарафҳо қарори №1 аз 10.03.2020 сол бо  имзоиИсломов И. Ва Исломов М. Дода шуда буд, лекин ин қарор дар парвандаи иқтисодӣ нест карда шуда, дигар қарори №1 аз 10.03.2012 сол бо имзои Қушмуратов И.  Ва Қушмуратов У. пайдо гашт??? Магар ин аст алдолати судӣ , ки мо ба он такя ва бовар мекунем?

Барои ин сохтакорӣ нисбати Исломов И. чораҳои қонунӣ андешида шавад ва муайян карда шавад, ки ин сохтакориҳо барои чи дар парвандаи иқтисодӣ пайдо шуд??? ШОЯД  суд барои манфиати Исломов И. ба ин кор даст задаст?

Ғайр аз он, даставвал аз ҷониби Исломов И. ба суд қарори №2 аз 20.11.2012 сол бо имзоҳои Исломов И. ва Исломов М. пешниҳод карда шудааст (замима мегардад). Лекин баъди бо парвандаи иқтисодй шинос гаштан, дар парванда дигар қарори №2 аз 20.01.2015 сол пайдо гаштааст, ки дар он имзои Бобоева М. Ва Исломов М. мавҷуд аст (замима  мегардад). Маълум аст, ки ин ду қарор низ аз ҷониби Исломов М. Сохта шудааст ва суд аввалинашро аз парванда гирон партофта, дуюмашро замима кардааст. Суд ҳақ надошт, ки пинњонї ҳуҷҷатҳоро иваз кунад.Ҳамин тавр, Исломов И. ба суд аввал қарори №3 аз соли 2013-ро дода, баъдан онро бо қарори №3 аз соли 2015 иваз кардааст.

 Судя Носирй Ҷ.бо роҳи сохтакорй бо Исломов А. забон як карда, аз парванда қарорҳои соли 2012 –ро гирифта партофта, ба ҷояш қарорҳои 2015 ва 2016-ро мондааст. Сохтакории судя сабаб шуд, ки ду зани куҳансолу камбизоат сарсону саргардон шаванд.  Дар асоси гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки нисбати судя Носирй Ҷ. ва Исломов И. чораҳои қонунй андешида шавад.

Аз номи Якубова Л.Ш. —  намояндаи Аскарова Мавҷуда  ва Аскаралиева Умрй, сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов. ҷамоати деҳоти Гулхона