- Иҷтимоъ

Ҷиноят дар боғи Камоли Хуҷандӣ

Раҳматов Ихтиёр Пулотҷоновичи 24 сола сокини ҷамоати деҳоти Ёваи  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи талаботи моддаи 110 қисми 2 банди “0”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ба мӯҳлати 8 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.  Ихтиёр на оила дораду на ҷои кор. Шояд ин ду омил асоси кучагардӣ ва авбошиҳои ин ҷавон шудаанд.

Зеро номбурда 29-уми моҳи май соати наздики 23:00 дақиқаи шаб бо ҷураҳояш Азимҷон Ҳусейнов, Назир Абдуҷодиров ва Абдурасул Абдулҳакимов ба кӯча баромада дар назди қаҳвахонаи “Паприка”, воқеъ дар кӯчаи Маҳмудҷон Танбурии шаҳри Хуҷанд ба ҳам ҷамъ мешаванд. Раҳматов ба ошноҳояш пешниҳод мекунад, ки касе мард бошад бо ӯ яка ба яка барояд. Ин пешниҳоди Ихтиёр беихтиёр хуни Ҳусейновро ба ҷуш овард. Ҳусейнов ҳам барои исбот кардани зуру тавони худ ва “мард” буданашро нишон додан ба дигар рафиқони ҷамъомадааш нигоҳ накарда “мана ман” гуфта ба Ихтиёр наздик шуд. Аммо дар дақиқаҳои аввали часпуталош Раҳматов дид ки зӯраш намерасад корчаи намуди ФИНКА-ро аз ҷайбаш баровард ва ба тарафи рости дӯсташ зад.

Дар ҳоле,  ки Азимҷон ба хун оғӯшта мешуд ва оҳу нолааш ба осмон дакка мехурд Раҳматови “зӯр” ду пои дигар қарз карда аз ҷои ҳодиса фирор кард. Аммо ин гурехтан наметавонист сабаби пинҳон мондани ҷиноят, яъне расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гардад. Баъди аз ҷои ҳодиса ғайб задани Раҳматов ду дӯсти вай Назир Абдуҷодиров ва Абдурасул Абдулҳакимов ба кӯча баромада таксӣ ёфта Ҳусейновро ба беморхонаи шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд дастрас карданд. Мувофиқи хулосаи экспертизаи  судӣ-тиббии № 548 ҷароҳатҳои бардоштаи Ҳусейнов ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ дониста шудааст.

Дили хуштаншаи Ихтиёр  баъди як рӯз боз хун рехт

Дар мардуми мо мақоли маъмулии “Дили одаткарда балои ҷон” ҳаст ки бесабаб нест. Дили ба ҷинояту хунрезӣ одаткардаи Ихтиёр ҳам ҳамагӣ баъди як рӯзи дӯсташро корд задан боз ба хун ҷӯш зад. Агар ӯ 29-уми май дӯсташ Ҳусейновро корд зада бошад, дар ҳоле ки ҷабрдида то ҳол дар шӯъбаи эҳёи беморхона бистарӣ  буд боз баъди ҳамагӣ як рӯз маҳз бо ҳамон корде, ки ба бадани ҷӯрааш зад ба  кӯча баромад. Ихтиёр ин маротиба соати 22:00 ба тарафи боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ рафтааст.

Дар даромадгоҳи боғ бо баҳонаи он ки гӯё шаҳрванд Сайфиев Мирзошариф ба ӯ нигоҳҳои дурушт карда бошад ҷанҷол намудааст. Ихтиёр худаш шуру қиёмат барпо карда ба Мирзошариф дарафтодааст. Барои “зур” буданашро нишон додан ба ҳамон корди намуди финкааш ба шиками Сайфиев як маротиба задааст. Раҳматов амали номардонаи айнан як шаби қабл бо ҷурааш кардаашро бо Сайфиев ҳам кардаст, яъне ин мардро ҳам як маротиба бо корд зада захмӣ карда аз ҷои ҳодиса гурехтааст. Сайфиев аз ҷониби дӯстонаш фавран ба беморхонаи шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта, аз сабаби халидаю буридаҳои зиёди қисмати шикам ҳамон лаҳза таъҷилан  ҷарроҳӣ шудааст.

Ин аст оқибати кӯчагардию шабгардии ҷавонон ва бемаъулиятии волидони онҳо нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон. Акнун Раҳматов Ихтиёри 24-сола, ки ба қавле “аз сад як гулаш нашукуфтааст” наздики 9 соли умри ҷавони худро дар паси панҷараҳои маҳбасхона мегузаронад.

Раҳматов Некрӯз