- Иқтисод

Конибодом: Талаби 10 ҳазор сомонӣ пора барои билети ҳарбӣ

Коммисари ҳарбии шаҳри Конибодом Музайянзода Ҳоҷӣ Хушном барои корношояму маъюб арзёбӣ ва “эътироф” кардани   шаҳрванд И. Н  аз наздикони вай   10 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

Бино ба иттилои сардори Раёсати агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд,полковники адлия, Аваззода Шараф Тавар,  Ҳоҷӣ Хушном вақти гирифтани пора дар назди бинои Комиссарияти ҳарбии шаҳри Конибодом аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо фасоди шаҳр дастгир карда шудааст. Аваззода гуфт:“Комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом Музайянзода Ҳоҷӣ Хушном барои  мусоидат намудан ҷиҳати бо сабаби беморӣ муносибати маҳдуд эътироф намудани шаҳрванд  И.Н маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда ин миқдор маблаѓро дар ду ҳолат дар як рӯз  дар назди бинои коммиссариат гирифтааст.Санаи 29 майи соли 2020 дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳр 4000 сомонияшро гирифта, барои гирифтани боқимондаи маблағ, яъне 6000 сомониро дар худи ҳамон рӯз талаб кардааст. Наздикони И.Н баъди нисфирӯзӣ ин миқдор маблағро пайдо ва ба Ҳоҷӣ хушном дастрас кардаанд.

Ҳоҷӣ Хушном баъди гирифтани маблағи 6 ҳазор сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир ва ин миқдор маблағ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд.

Барои ин амалаш нисбати Комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом Музайянзода Ҳоҷӣ Хушном бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда тафтишот  ба охир расида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 8 ҳазор сомонӣ пораи  духтури истаравшанӣ барои билети ҳарбӣ

Дар шашмоҳаи соли 2020 ҳолати дигари коррупсионӣ дар масълалаи фарзанди солимро носолим навиштану бо ҳамин роҳ аз хизмати ҳарбӣ озод кардани духтурон бо маслиҳати пешакӣ бо кормандони коммисарияти ҳарбӣ дар шаҳри Истаравшан низ ошкор шуд. Аҳроров Анвар, ки  дар вазифаи духтури Муассисаи кӯмаки аввалини тиббӣ-санитарии шаҳри Истаравшан кор карда истода буд, моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд  О. М. барои омода карда додани билети ҳарбии корношоям, бо роҳи фиреб ва суйистифодаи боварӣ  8000 сомонӣ талаб кардааст. Номбурда аз ин миқдор маблағ 3500 сомониашро пешакӣ гирифта тассаруф намуда, ба манфиати шахсии худ истифода бурда, барои  “корафтода”  ягон амалро иҷро накарда ваъдаашро вафо накардааст.

  Баъди аз ҷониби кормандони мақомоти тафтишоти шаҳри Истаравшан ошкор шудани ҷиноят   нисбати Аҳроров Анвар бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

1000 сомонӣ барои  додани билети  ҳарбӣ

Ба ин монанд ҳодисаи ба хазмати ҳарбӣ вобаста, ки хусусияти ҷинояти коррупсионӣ дорад дар ноҳияи Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст. Амали коррупсионии корманди комиссарияти ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ баъд аз аризаи шаҳрванд Н. Файзиев, ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда буд ошкор карда шудааст. Файзиев сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ буда, баъди даъват шуданаш ба хизмати ҳарбӣ ба назди сардори зершӯъбаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ- Маҳмадсалим Содиқов рафтааст. Аммо номбурда бар ивази тайёр карда додани билети ҳарбӣ 1000 сомонӣ талаб кардааст.

Файзиев, ки шароити иқтисодияш тақозо намекард ин миқдор маблағро диҳад ба мақомоти зидди коррупсияи вилоят шикоят кард. Баъди шикояти ӯ  нисбати Содиқов бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ  бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Маслиҳати  тақсими пора байни сардухтуру корманди ҳарбӣ

Ба ин се ҳодиса монанд ҳодисаи дигари пора талаб кардани кормандони коммисарияти ҳарбӣ  дар ноҳитяи Ҷаббор Расулов ба қайд гирифта шудааст.

Шаҳрванд “А” ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуда хоҳиш намудааст, ки нисбати амалҳои ғайриқонунии муовини сардухтури беморхонаи Марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов Абдуғафур Темиров ва аъзои комиссияи тиббии комиссарияти ҳарбии ҳамин ноҳия Карим Каримов чораи қонунӣ андешида шавад.

Зеро Темиров барои тавассути Каримов мусоидат намудан барои “ноқобил” ба хизмати ҳарбӣ эътироф намудани писари шаҳрванд “А” аз ӯ ба сифати пора маблағи 1150 доллари ИМА талаб намудаанд.

Сипас,  Темиров дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Каримов амал намуда санаи 12 апрели соли 2018 аз шаҳрванд“А” дар утоқи кории худ маблағи 1000 доллари ИМА–ро ба сифати пора гирифта, худи ҳамон рӯз қисме аз ин маблағро ба миқдори 500 доллари ИМА ва 3700 сомониашро ба Каримов дода аз шаҳрванд“А” боз оварда додани боқимонда 150 доллари ИМА-ро талаб намудааст.


Дар навбати худ Карим Каримов, баъди гирифтани маблағи 500 доллари ИМА ва 3700 сомонӣ санаи 12 апрели соли 2018 ба манфиати порадиҳанда амали муайянро иҷро намуда,  писари шаҳрванд“А”-ро аз комиссияи тиббии комиссарияти ҳарбӣ гузаронида, барои аз муоинаи тиббӣ гузаштан ба Маркази клиникавии дермотологии вилояти Суғд роҳхат навишта додааст.

Баъдан Абдуғафор Темиров, кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, санаи 18 апрели соли 2018 бо шаҳрванд “А” дар ҳудуди беморхонаи Марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохурда зимнан аз охирон қисми дигари маблағи талабнамудаашро дар ҳаҷми 1350 сомонӣ гирифтааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишоти Темиров Абдуғафор Бобоҷонович дар ҷои ҷиноят боздошт гардида, маблағҳои пулии 1350 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ  гирифта шуд.

Ин амал низ дар нимсолаи соли 2019 ошкор шудааст. Оид ба ҳолати зикршуда нисбати Темиров ва Каримов бо моддаҳои 36 қисми 4 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Хулоса, дар шаш моҳи соли 2020 аз ҷониби кормандони Раёсати зидди фасод 4- ҳолати ҷинояти коррупсионии кормандони соҳаи ҳарбӣ дар вилояти Суғд ошкор шудааст.  Вале мисолҳо, таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки кам андар кам ҳолатҳои дар боло зикршуда ошкор ва расонаӣ мешаванд. Дар бештари маврид “Пора давои пора” шуда ҷиноят пинҳон мемонад. Дар масъалаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бошад самти дигари масъала аст, ки бояд нисбати “билетбизнесон”-и Комиссариати ҳарбӣ чораҳои ҷиддитар  андешида  шавад. Зеро бе ин ҳам шикояти шаҳрвандон, ки ба қавли худашон Артиши мо имрӯз ба  “армияи камбағалон” ва ё “хизмати деҳқонзодагон” табдил ёфтааст, аз ин бештар шикоятро ба бор наорад.

Некрӯз Раҳматов