- Иқтисод

ДЕВАШТИЧ: Ду ҳамдеҳаамон моро ба Россия бурда фиреб доданд, аммо беҷазо монданд

 Ба Раиси Кумитаи Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ятимов С.

Ба Директори агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-майори адлия Султонзода С.С.

Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Ба Вазири Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Оиди муаммои худ мо ба ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, прокуратураи ноҳияи Деваштич ва прокуратураи вилояти Суғд навишта будем, лекин аз натиҷааш қаноатманд нашудем. Агар ба шаҳрвандон Элмуродов Ботирҷон Бобоҷонович ва Шарипов Насимҷон Холович чора андешида нашвад, онҳо бо роҳи қаллобӣ боз дигар шаҳрвандонро низ фиреб дода, маблағи бо машаққат кор кардаашонро аз они худ мекунанд.

Ҳамдеҳаи мо Элмуродов Ботирҷон Бобоҷонович солҳои тӯлонй дар Федератсияи Руссия қарор дошт. Шарипов Насимҷон Холович, ки ӯ низ ба мо ҳамдеҳа аст, мохи март соли 2019 ба мо таклиф кард, ки бо худ моро ба Федератсияи Руссия мебарад ва ӯ бо Элмуродов Ботирҷон Бобоҷонович моро бо кор таъмин мекунад. Мо аз ҶДММ «Имон интернешнл» қарз ҳар як кас 3000 сомонӣ гирифта, ба шаҳри Якутски Федератсияи Руссия рафтем.  Элмуродов Ботирҷон  ба мо гуфт, ки мо хона месозем. Ҳамин тавр, мо 3 қабат хонаро бардоштем. Баъдан моҳи майи соли 2019 моро ба яке аз ноҳияҳои Якутия бурд ва гуфт.  ки мо дар он ҷо амбори захираи ангиштро ҳар кубо метрашро 2700 рубли русӣ месозем, мо розӣ нашудем, чунки ин кори бисёр вазнин буд.

Баъдан Элмуродов Ботирҷон ба ҳар кубометр 3000 рублӣ додан розӣ шуд ва мо низ ба ин таклифи ӯ розигии худро додем. Дар ин сохтмон як гурӯҳ тоҷикҳо ва як гурӯҳ ӯзбекҳо кор кардем. Амбор ба 7 тақсим карда шуда буд ва мо бояд 3 қисмашро иҷро мекардем, 4 қисмашро бояд ӯзбекҳо иҷро мекард. Аз сабаби кор вазнин буд, гурӯҳи узбекҳо корро партофта рафтанд. Мо 3 қисмашро то потолок рехтем. Ҳамин вақт як гуруҳ аз шаҳри Душанбе омада камтар кор карда аз вазнинии кор онҳо низ корро партофта рафтанд. Мо 5400 кубометр бетон рехтем. Боз 4 қисми амборро деворҳояшро рост кардем. Моҳи ноябри соли 2019 болои ду қисм яъне 7-8-ум плита монд. Ҳаво хунук шуд, Элмуродов Ботирҷон гуфт, ки ҳамин ду болопӯш (прикритие)-ро назанем маоши моро намедиҳад. Барои маошамонро гирифтанд, мо маҷбур гаштем, дар хунукии сахт корро давом диҳем ва ҳамон ду болопушро рехтем. Акнун опалубкаҳоро кандан монд, лекин мо розӣ нашудем. Элмуродов Ботирҷон розӣ шуд.

Ҳамин тавр, мо 10 декабри соли 2019 охирон бетонро рехтем ва яку якбора Элмуродов Ботирҷон нест шуда, баъди 4-5 рӯз омада гуфт, ки маблағ дар дасташ 4-5 кас маблағашро гирифта меравад. Элмуродов Ботирҷон 7 нафари моро ба дасташон 10.000 рубли русӣ дода, маблағатонро ба Хуҷанд рафта мегиред гӯён, ба хона равон кард: Мирзоев Ҷурабой, Сохибов Абдукамол, Ашуров Холмирзо, Носиров Хоҷиқурбон ва боз 3 касе дигар.   Ҳамин 7 кас Элмуродов Ботирҷонро дар Хуҷанд интизор шуданд, ки маблағ роҳӣ мекунад, лекин ӯ бо тариқи телефон гуфт, ки бонкҳо маҳкам аст ва 7 кас ба деҳа рафтан гирад, худаш маблағҳояшонро мефирисад. Шарипов Насимҷон, ки бригадир буд, ваъда дод, ки маблағҳоро медиҳад ва бо худ 5 касе дигар:

 Одинаев Зокир, Норов Нор, Мухитдинов Шухрат, Қурбонов Илёс, Шарипов Насимро бо худ гирифта аввал бо қатора ба шаҳри Новосибирск ва баъдан бо тайёра ба Хуҷанд овард. 5 касе дигарамон дар Якутия монд. Элмуродов Ботирҷон гуфт, ки маоши 5 касро, ки 750.000 рубли русй мебошад ба дасти Шарипов Насимҷон додааст. 5 нафари мо ба санаи 31 декабри соли 2019 чипта доштем ва аз Элмуродов Ботирҷон талаб кардем, ки маоши моро диҳад ва чиптаҳоро супорида гуфтем, ки то ки пули кор кардаи моро надиҳад, намеравем.  Элмуродов Ботирҷон ваъда дод, ки дар давоми 10 рӯз медиҳад. Баъдан Элмуродов Ботирҷон аз ноҳия ба Якутия гурехта рафт, ғайб зад. Мо 10 рӯз дар як квартира зиндагонй кардем, ки Элмуродов Ботирҷон пайдо шуд ва гуфт, ки мо бояд ба шаҳри Якутск равем, дар онҷо то 15 январ истодем. Боз ба се кас – Юнусов Далер, Шарипов Ҷасур, Холов Пайравба 10.000 рубли русӣ дод, ки онҳо ба Хуҷанд бо тайёра омаданд.

Ҳамин тавр ду шаҳрванд-Элмуродов Ботирҷон ва Шарипов Насим  моро фиреб дода маблағҳои моро надод, ки миқдори он маблағҳои чунинанд:

-Умаров Зуҳриддин Заҳриддинович,230.000 рубли русӣ

 -Мирзоев Ҷурабой Ҳасанович-230. 000 рубли русӣ ,

 -Холов Пайрав Муҳаммадиевич-200.000 рубли русӣ  

-Ӯзбек Шоҳрӯз-230.000 рубли русӣ.

Аз номи Умаров Зуҳриддин Заҳриддинович

 Мирзоев Ҷурабой Ҳасанович

 Холов Пайрав Муҳаммадиевич 

Ӯзбек Шоҳрӯз

сокинони ноҳияи Деваштич, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Овчӣ.