- Иқтисод

Қиммат ва сифати хӯрковориро назорат мебояд

Агар ҷаҳонишудаем ва ё гаштан мехоҳем, пас зарур аст то аз таҷрибаи ҷаҳониён истифода барем. Гап сари он меравад, ки ҳарчанд давлату давлатдорон кӯшиши ҷаҳонишавӣ кардан доранд, аммо аз мушкилиҳои кучаке пешгирӣ кардан наметавонанд.

Яке аз шартҳои асосии давлату давлатдорӣ ин таъмини бехатари озуқаворӣ барои раият буда, дар ҳамаи мамолики пешрафта (ҳатто пасрафта ҳам) аз он пуштибонӣ мекунанд. Дар поён  чанд ҳолати пешрафтаи давлатҳои Аврупоиро барои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ  меоварем, ки Тоҷикистонро низ, аз назари инҷониб, зарур аст аз онҳо даст бигирад.

1 Сифати маҳсулот таҳти контроли сахт қарор дошта, барои маҳсулоти бесифати ба фурӯш баровардашуда истеҳсолкунанда ва савдогар ҷаримабандӣ мегарданд

2. Маҳсулоти истеъмолӣ аз ҷониби ширкату корхонаҳо зиёд истеҳсол шудаву пешниҳод мегарданд, ки ҷавобгӯйи стандартҳои экологӣ мебошанд  ва рақобати солим дар савдо доранд.  

3. Нархи маҳсулот,  мутобиқ ба моли наву тоза ва мӯҳлати истеҳсолгаштааш, ҳар рӯз метавонад кам гаштаву  тағьир ёбад.

4. Қиммати маҳсулот дар мамолики Аврупо дар мағозаҳои калон, ба истилоҳ гиппермаркетҳо, назар ба бозор қимматтар буда, вале  он ҷо ҳамавақт маҳсулоти тару тоза ба фурӯш монда мешавад ва ҳатто бо гузашти соатҳо нархҳо то 70-фисад  арзон мешаванд.

5. Нархҳои аввалаи маҳсулоти озуқаворӣ давоми сол як хел қиммат дорад, аммо таври маълум, бо гузаштани мӯҳлати тайингашта арзон карда мешаванд. Ва ин нархгузорию арзонкунӣ таҳти назорати қатъии давлат қарор дорад.

Дар Тоҷикистон бошад, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз ин амалиёт ягонтоаш ба роҳ монда намешавад. Нархро савдогарони бозору ҳам мағозаву супермаркетҳо чӣ хеле, ки дилашон (нафсашон) хоҳад, ҳамон гуна мегузоранд.

Ягон мақомот, ягон ҳукумат, ягон ҳокимият, ягон вазорату кумита парвои нарху наво ва сифату бесифатии маҳсулотро надорад. Гумон меравад, ки шояд ягон ташхисгоҳ, таҷҳизоту технологияи санҷишӣ ҳам дар бозору марказҳои савдо набошад. Агар бошад ҳам, аз он истифода бурда намешавад. Дар ҳамин ҳол, дар дилхоҳ бозору марказҳои савдо агар моли савдогар ба фурӯш нарафт, маҳсулотҳо ҳафтаву моххову ҳатто солҳо дар гардиш мемонанд. Ҳатто маҳсулоти пӯсидаву корношоям, ки бӯйи ғализаш тамоми бозорро фаро мегирад, дар савдоанд ва барои фиреби харидорон дар якҷоягӣ бо моли сифатнок ба савдо мезананд. Ва ана ҳамин маҳсулоти пӯсидаву мӯҳлаташ гузаштаву хатар барои истеъмолкунанда дошта, муддати зиёд дар гардиш боқӣ мемонад ва нархаш дираме кам намегардад.  Кӣ надидаст дар дилхоҳ бозор картошкаву пиёз, тарбузу харбуза ва меваҳои пӯсидаро? Ҳама дидаанд, медонанд, ҳатто роҳбарони марказхои савдову ҳам кормандони Хадамоти зиддиинҳисориву ҳам Кумитаи савдову ҳам Маркази назорати давлатии санитарӣ эпидемиологӣ ва… ҳукуматдорон, пуштибонони раият. Аммо касеро парвои он нест, ки нест. Ҳамаи инро дида, ҳайрон мемонӣ, ки пас, Вазорату Кумитаву Хадамоту Марказҳои давлатӣ, ки садҳо нафар коргар доранду маош мегиранд, ба чӣ хотиранд? Аҷиб аст, ки бо ҳамин усули кориву туф кардан ба ҳуқуқи истеъмолкунанда (дар маҷмуъ ба миллат), боз лоф мезанем, ки ҷаҳонӣ мешавем.

                   Ҳукумате, ки парвои шаҳрдорӣ надорад

         Дар ҳоли ҳозир, ки мавсими пӯхтани тарбузу харбуза, сабзавоту мевагии худӣ аст, тамоми бозорҳо, раставу кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ пуропур аз ин маҳсулот аст. Ҳама савдогаранд, ҳатто кудакони мактабхон низ. Ба минтақаҳои зӯран бозор гашта менигарию ҳайрон мешавӣ, ки ин шаҳру ноҳияҳо соҳиб дошта бошанд ё не? Дар бозорҳо аз бисёрии маҳсулот ҷойи гузар несту кормандони бозор ҳар ваҷаби бозорро барои савдогарон тақсим кардаву танҳо «чек» мечинанду бас. Гузашта аз ин, беруни бозорро ҳам бозор кардаанду ҳатто роҳҳои мошингардро ҳам ба пуррагӣ банд кардаву пуропури маҳсулоту савдогар кардаанд. Барои мисол, бозори ба ном «Деҳқонбозор»и шаҳри Кӯлоб, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, аз бемасъулиятӣ ва бепарвогии ҳукумати шаҳр истифода бурда, аз як чорроҳа то чорроҳаи дигар, зиёда аз 300-метр роҳи мошингардро барои савдогарон тақсим кардаасту ягон корманди ҳукумат бо шумули раиси шаҳр ва кормандони милиса аз он нигарон нестанд. Ҳол он, ки ҳамарӯза ва ҳар соат раиси шаҳр бо ҷамъи муовинонаш, сардорони РВКД ва ШВКД ва дигар масъулини шаҳрдорӣ аз назди ҳамин бозор гузар кардаву аз вазъи хатарноки ҳам бозору ҳам роҳи автомобилгард хабардоранд. Воқеан, ҳамагӣ чанд моҳе пештар сардори навтайини РВКД ҳар соат аз назди роҳи мошингарди бозори «Саховат»-и шаҳр «рейд» мегузарониду нақлиётҳои атрофи бозор ист кардаро боздошт намуда, ҷарима мебаст. Сармилисаи минтақа гӯё тартибот ҷорӣ мекард. Аммо, ҳоло ки роҳи нақлиётгард дар ҳудуди 300-метр «бозор» шудаасту хатари сар задани фалокат ҳар лаҳза ҷой дорад, полковник бо ҷамъи милисаҳояш онро нодида мегиранд. Нақлиёт ба куҷо мегузарад, одамон чӣ гуна равуо мекунанд, савдогарон дар куҷо ва чӣ мефурӯшанд  касеро ба ташвиш намеорад. Ё шояд ҳақ ба ҷониби хабардорон аст, ки «ин ҷо ҳар нафар «доля» дорад»? Вагарна, дар ҳудуди шаҳр як бозори дигаре ба тарзи нав сохташуда дар кӯчаи ба номи Даминзода, метавонад тамоми савдогарони  сабзавоту мевагӣ, тарбузу харбузафурӯши «бозори роҳ»-ро ҷой кунад. Ё шояд чунин бозордорӣ шаҳрдориро хушоянд бошад?

Инчунин ваият тақрибан дар ҳамаи  бозорҳои шаҳру навоҳӣ ба мушоҳида мерасад. А ин амали носавоб кӣ манфиатдор асту кӣ гӯнаҳкор, номаьлум аст, вале дақиқан муайян аст, ки система ё худ Хадамоти зиддиинҳисории мамлакатро зарур аст  фаолияти худро беҳтар намояд, агар хоҳиши дар ҷаҳонишавии мамлакат ҳиссагузорӣ кардан дошта бошад.

                                      Аслиддин  Достиев