- Иқтисод

ДУЗДИ ЗӮР СОҲИБИ ГОВРО БАСТААСТ

Ноҳияи Ховалинг аз хоҷагии ҷангалаш қарздор аст?

Тайи камаш 5 соли ахир мо хабарнигорон аз муносибати хоҷагиҳои ҷангали навоҳӣ бо ҳукумати маҳал дар ҳайрат буда, дар нишастҳои матбуотӣ  ҳамвора аз ин боб пурсон мешавем, ки чаро ҷангале, ки дар ҳудуди ноҳия асту моли ноҳия ягон фоида ба худи ноҳия намеорад? Шикасту рехти ин ниҳод бошад пурра ба зиммаи ноҳиядорон аст. Аҷибтар аз он ҳамон шуд, ки сардори хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг Азизулло Муродов мегӯяд ноҳия аз мо қарздор аст.

Худаш чӣ гап?

То фасли сармо рӯзҳои башумор мондаасту баъзан шаҳру навоҳӣ нақшаи зимистонгузарониро иҷро карданд ва муассисаҳои таълимию тиббӣ ва идораю ташкилотҳо бо сузишворӣ ва дигар маводҳои лозима аз ҳисоби буҷҷаи маҳаллӣ таъмин шуданд. Тибқи иттилое, ки дар даст дорем, муассисаи “давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг” бо муассисаҳои таълимӣ ва идораҳои буҷетӣ ҳудуди 1200 куб ҳезум шартнома бастааст, ки 124 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Ба гуфтаи Азизулло Муродов, раиси Хоҷагии ҷангали ноҳияи мазкур то кунун 80 фисад муассисаҳоро бо ҳезум таъмин карданд, вале ҳамагӣ 10000 сомонӣ аз ҷониби Раёсати молияи ноҳияи Ховалинг маблағгузорӣ шудаасту халос. Аммо ба касе маълум нест, ки боқимондаи пули Хоҷагии ҷангалро Раёсати молияи ноҳия кай мепардозад, ақида дорад Муродов, бея гон азоби виҷдон. Масъулини Хоҷагии ҷангали ноҳия зимни сӯҳбат ироа карданд, ки ҳатто сӯзишвориро аз қарз мекунанд ва нигаронанд, ки ҳатман қарзи сӯзишворӣ ба сари онҳо бор мешавад ва маҷбуранд, ки қарзро аз ҷайби худ пардохт кунанд.

Абдулмаҳмад Зоирзода, сардори Раёсати молияи ноҳияи Ховалинг дар мусоҳиба ба хабарнигори «Пайк» гуфт:

— «Муассисаҳои буҷетӣ бо муассисаи “давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг” шартнома доранд. Феълан ҳама муассисаҳои ноҳия  бо ҳезум таъмин карда шудаанд. Аз сабаби иҷро нагардидани нақша мо 10000 сомонӣ ба суратҳисоби хоҷагии ҷангали ноҳия гузаронидем. Айни замон барои харидорӣ кардани ангишт ва сӯзишворӣ пул надорем. Вазъи молиявӣ на танҳо дар ноҳияи мо, балки дар ҳама ноҳияҳо танг аст», афзуд сардори Раёсати молияи ноҳия.

Пас, агар ки вазъият танг омадааст, чаро ҳезуми ҷангали худи ноҳия ҳам баҳри беҳбуди кори сокинон сарф нашаваду сардори Раёсати ҷангали ноҳия Азизулло Муродов ҳам мисли бегонагон як даст ба ҷайби ниматиҳии ноҳия занаду бо дасти дигар аз гулӯйи ноҳиядорон гирад?

Баҳри тасдиқи гуфтаҳои ҷаноби Абдулмаҳмад Зоирзода роҳ пеша кардем сӯи Нозироти андози ноҳия. Сардори Нозирот гуфт, ки нақшаи ҷамъоварии андоз дар моҳи июл зиёда аз 170000 сомонӣ барзиёд иҷро гардида аст, ки 106 фисади нақшаро дар бар мегирад. Аммо ба мо маълум нашуд, ки иллати дурӯғ гуфтани А. Зоирзода, сардори Раёсати молия дар чӣ буд? Нисф зиёди директорон қарз карда, муассисаҳоро таъмир карданд ва пули таъмирро на Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, на Раёсати молияи ноҳия пардохт накардаанд. Айни замон Раёсати молияи ноҳияи Ховалинг зиёда аз 114000 сомонии муассисаи “давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳия”-ро маблағгузорӣ накардааст.

Раёсати молияи ноҳия тайи 1 500000 сомонӣ аз андози иҷтимоӣ қарздор аст. Ҷаноби Зоирзода гуфт, ки зина ба зина қарздориро бартараф карда истодаанд. Ӯ илова кард, ки зиёда аз 10000 сомонӣ қарзи имтиёзноки (субвенсия) вилоятиро нагирифтааст. Дар ин асно Маҳмадсаид Маҳмадназаров, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг зимни мусоҳибаи кӯтоҳ афзуд, ки ҳамагӣ ҳашт муассиса, пурра ба зимистонгузаронӣ омода аст. Тибқи гуфтаи манбаъ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ҳатто як танга ҷудо нагардидааст. Масъулини шуъбаи маорифи ноҳия нигаронанд, ки дар соли ҷорӣ чӣ гуна фасли сарморо пушти сар мекарда бошанд.

Боғчаҳои шаҳри Кӯлоб аз рӯзи аввали корӣ дар қарз ғутидаанд, чаро?

Бо як фармони вижаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 17 август таътили чандмоҳа анҷом ёфту дарсҳо оғоз гардиданд. Феълан масъулони муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Кӯлоб дар аввалин рӯзи кориашон аз мағозаҳои хӯрокворӣ бо зораю нола рафта маводи ғизоӣ қарз карда, захира намуданд, то ин ки кӯдакон гурусна намонанд. Соҳибкорон дигар ба масъулини боғчаҳо эътимод надоранд. Як соҳибкор дар сӯҳбат  гуфт, ки «мудирони боғчаҳо омада хӯрокаро қарз гирифта мебаранд ва ваъда медиҳанд, ки дери дер даҳ рӯз баъд пуламонро аз молия мегирему қарзро пардохт мекунем. Вале аз қарзи дода пушаймон мешавӣ. Бо даст медиҳему бо пой аз пушти пуламон медавем».

Қарздор мондани муассисаҳои худмаблағгузор амри аҷиб аст. Мудом мудирони боғчаҳо шикоят аз беҷат доранд, дар ҳоле, ки муассисоташон худмаблағгузоранд. Дар ҳамин маврид моҳ то моҳ сарватманд шудани мудирони боғчаҳо ва масъулини дигари раёсатҳои онҳо аҷибтар асту шигифтангез. Ду карат ду аст дарки он ҳақиқат, ки агар маблағҳои пардохти моҳона аз ҳар сари кӯдак барои рӯзгузаронии муассиса басанда нест, пас бар он афзудан лозим. Норасоии маблағ маънои адами шароити будубоши кӯдаконро дорад. Яъне маблағ намерасад, беҳтарин мураббияҳо тарки муассисот мекунанд, кӯдакон бе ғизои дуруст мемонанд, мураббияҳо мисли соилон аз волидайн пул металабанд. 

Латофат Назарова, мудири боғчаи №7 шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори «Пайк» гуфт:

— «Пеш аз оғози дарс мо зиёда аз 2500 сомонӣ хӯрока қарз карда, захира кардем. Ҳоло мо қарзи пешини худро пардохт накардем ва боз болои қарзҳоямон қарз зам шуд. Маоши моҳи июниро дар моҳи август гирифтем, аммо маоши моҳи июлро нагирифтаем.»

Ҳама муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Кӯлоб чунин мушкил доранд. Мудирони боғчаҳо мегӯянд, ки аз зораю тавалло кардани фурӯшандагон дилгир шуданд. Тибқи маълумоте, ки дар даст дорем, Раёсати молияи шаҳр дар семоҳаи дуюм муассисаи томактабии №3-ро барои таъмир маблағгузорӣ кардааст. Аммо дида мешуд, ки бинои муассиса рангпарида буду тақозои таъмир дошт. Маълум набуд, ки маблағро чӣ гӯна сарф кардаанд.

 Гулсара Даминова, мудири боғчаи №3 зимни мусоҳиба иброз дошт:

— «Боми бинои гурӯҳи калонсолон чанд сол мешавад, ки дар пайи боридани борон мечакад. Чанд соҳибкорро хоҳиш кардем, аммо касе пайдо нагардид, ки боми муассисаро таъмир кунад. Мо имсол биноро ба хотири ноҷур будани бом таъмир накардем. То тунукаҳоро иваз накунем, имконияти таъмир кардан нест. Мо дар 3600 сомонӣ қарз карда, хӯрока захира кардем. Шартномаи кӯдаконро ҷамъоварӣ мекунему қарзро медиҳем, гуфт манбаъ.

Маблағҳои буҷетро дуздидан басо кори мушки ласт, чунки ҳар тангаи буҷет зери назорати чанд нозир аст. Барои ҳамин, ақидае, ки маблағҳои ба мактабу боғча нарасидаро касе ғорат мекунад фикри ғалат аст. Ин маблағҳо ҳам барои ободии диёр сарф мешаванд. Чаро буҷет шароити кӯдаки шахсеро маблағгузорӣ кунад, ки худи ӯ барои як хӯроки нисфирӯзӣ бо дӯстон камаш 1000 сомонӣ сарф мекунад. Ашхоси камбизоат гапи дигар аст, бояд кӯдаконашон аз буҷет маблағгузорӣ шаванд, аммо наход ашхоси серпул ҳам худро ба камбизоатон баробар карда муттаҳами маблағҳои буҷҷа гарданд? Ба андешаи мо ин айб аст.

Баҳриддин Султонов, сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб гуфт, ки ҳоло дар буҷҷа пул нест. Ҳамин, ки вазъ хуб шавад, ҳатман боғчаҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Сардори Раёсат оид ба саволи хабарнигори «Пайк» пеш аз оғози дарс директорон аз мағозаҳои сохтмонӣ қарз карда, муассисаро таъмир карданд, оё маблағгузорӣ кардани онҳо дар соли ҷорӣ дар назар аст ё на?  ҷавоб гардонд, ки агар то охири соли равон вазъи буҷҷа беҳтар шавад ва нақшаи ҷамъоварии андоз барзиёд иҷро гардад, муассисаҳоро дастгирӣ мекунанд. Аммо аз гуфтаҳои Баҳриддин Султонов хулоса кардан мумкин аст, ки агар вазъ хуб нашавад, масъулони муассисаҳо маҷбуранд, ки боз пули таъмирро аз ҷайби толибилмон кашида гиранд. Ногуфта намонад, ки ин ҷаноб аз рӯзи ба вазифа таъин гардиданаш шикоят аз касодии буҷа дорад, дар ҳоле, ки дар чунин вазъият ҳамтоҳои дар ҷойи ӯ буда барои хароҷоти якумдараҷа маблағ дарёфт мекарданд.  Тибқи иттилои дастрас мудирони боғчаҳо аз хонандагон аз даҳ то бист сомонӣ ҷамъоварӣ карда истодаанд.

                                                           Суннати Содиқ

                                                           «Пайк»