- Маориф

Таътилро то 15 сентябр тамдид кардан лозим

Гармтарин ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ Туркманистон асту Тоҷикистон. Имрӯзҳо ҳарорати ҳаво болотар аз 40 дараҷа болои сифр мешавад. Ба андешаи мо оғози соли таҳсили хонандагон аз 17 август иқдоми осемасар аст. Ҳарорати ҳаво дар баъзе аз синфхонаҳо болотар аз 45 дараҷа болои сифр мешавад. Дар чунин гармӣ на танҳо дарс хондан, балки умуман аз хона ба берун баромадан хатарнок аст. Гузашта аз ин 30 то 40 фисади синфхонаҳо дар тарафи офтоб мавқеъ доранд. Ин то нисфирӯзӣ. Хонандагоне, ки дар басти дуюм баъди зуҳр таҳсил мекунанд, низ аз тарафи дигари мактаб дар зери шуоъҳои офтоб таҳсил мекунанд. Худ қазоват кунед, киро хуш меояд, ки дар 40-45 дараҷа гармӣ дарс хонад? Дар рӯзи авали дарс мушоҳида кардем, ки хонандагон дар синфхонаҳои гарм бо либосҳои аз арақ тар ба ҷуз худро бо дафтару дигар ашё шамол додан кори дигар намекунанд. Дар ҳоле, ки масъулини вазорати Маорифи кишвар таъкид карда буд, ки чораҳои зидди бемории Ковид-19-ро риоя кунед, хабарнигори «Пайк» дар мактаби №1 шаҳр дидааст, ки ҳатто пушти 1 парта се нафар хонандагон нишастаанд. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест, чунки синфхонаҳо намерасанд. Дар дунё мамлакате нест, ки синфхонаҳояшон расад.

Аз ин лиҳоз, мо аз вазорати Маорифи кишвар хоҳиш дорем ҷиҳати гармии тоқатфарсо ва зарари Коронавирус таътилро то ба 15 сентябр мавқуф гузоранд. Хонандагон бошанд то 15 сентябр метавонанд саҳар 1 соат ба мактабҳо омада аз устодон сабақ барои кори мустақилона гирифта раванд.

                               «Пайк»

1 комментарий на “Таътилро то 15 сентябр тамдид кардан лозим

  1. Рост дар и гарми магар 1 моҳ нахони бесавод мешими илтимос фикри моро ҳам кунед дар ин гарми на дарс хонда мешаваду намефорат як синф пури одам 3 4 каси мешиними

Комментарии закрыты.