- Иҷтимоъ

Деваштич: Се ҳодиса дар се рӯз

Дар деҳаи Хишекат, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич санаҳои 11-12 август пайиҳам як не се ҳодисаи нохуш ба вуҷуд омада, пиру ҷавони деҳаро дар ҳайрат ва то ҷое дар ҳарос гузошт. Шояд хонандаи азиз суол кунад, ки “ҳарос” аз чӣ?

Дар ҷавоб аз ному нақли чанде аз сокинони ин деҳа гуфтаниям:-Имсола бемории ҳамагир бе ин ҳам дар баробари дард будан ваҳму воҳима низ шуд. Чунки бештари сокинони солхурда шурӯъ аз моҳи март хонашин шудаанд ва ин “одати ғайриодӣ” онҳоро ба қавле гирифтори бемории ваҳим кардааст. Дар одитарин маргу беморӣ дасту дуо бардошта мегӯянд:-Илоҳо деҳаи дурдасти мо аз назари Худо дур мабод!. Илоҳо, сари ҷавонони деҳаро худо аз санг гардонад ва ҷавонмурӣ нашавад…

Вале санаи 11-уми август хабари  даст ба худкушӣ задани ҷавонзани 23 –сола, Эргашова Моҳчеҳра дар як муддати кӯтоҳ туман барин дар деҳа паҳн шуд. Марги мармузи ин ҷавонзан худию бегонаро ба гиря овард. Ба гуфти мардум сарашро ба долу дарахти рӯи ҳавлӣ задани модари зори  ҷавонзан ҳатто “дили санг об” мешуд.

Зеро Эргашоваи ғӯрамарг ҳамагӣ якуним сол пеш аз шавҳараш Шокиров Хусрави 25-сола ҷудо  шуда буд. Вақте ҷудо шуд дар батнаш кӯдак дошт. Дар хонаи падар духтарча ба дунё овард. Ба гуфти ҳамдеҳагон шавҳари Моҳира комилан солим набуд ва рафтораш бештар  ба касалиҳои рӯҳӣ монанд буд. Ҷанҷоли бесабаби Хусрав ва хушунати зиёд сабаби пош хӯрдани оилаи ҷавон гашт.

Гулчеҳра бо кӯдаки батнаш ба хонаи падар баргашт ва духтарчаашро он ҷо ба дунё овард. Рӯзи 11-август духтарчаи якунимсолаи Моҳчеҳра бемор шуда, ба рӯи белинчоқ фавот кардааст.  Дар хона  аз сабаби ба корҳои саҳроӣ банд будани аъзоёни оила ғайр аз Гулчеҳра касе набудааст. Духтарча дар белинчоқ пеш аз нисфирӯзӣ  тасф карда мурдааст. Модар дарди марги кудакашро ҳазм карда натавониста баъди нисфирӯзӣ даст ба худкушӣ задааст. Пеш аз худкушӣ кардан дар мактуб воқеияти корро навиштааст, то дар маргаш кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ касеро гунаҳгор накунанд.

“Бало танҳо намеояд” –гуфтаанд

Ба ёд овардани мақоли маъмулии “бало танҳо намеояд” дар мисоли балоҳои пайдарпайи деҳаи Хишекат бамаврид аст. Зеро пас аз як рӯзи ҳодисаи худкушии Гулчеҳра,  яъне санаи 12-уми август Парвиз Рӯзиеви 35 сола, сокини деҳаи зикршуда бар асари зери дамкарати нақлиёти тамғаи КАМАЗ мондан ба ҳалокат расид.

Марги ин ҷавонмард низ мисли марги Эргашова пурсарусадо ва пурсӯзугудоз гашт. Зеро чӣ тавре ки пештар дар бораи тафсилоти ҳодиса дар сомона маълумот дода будем марги ин ҷавон ва падару додараш ҳама ба таври фоҷеавор сурат гирифта буд.

Ниёзов бо хараш ба ҷарӣ афтод

Вақте мардуми деҳа дар ғами ғӯрамаргии Парвиз андармон буданд ва боз як хабари нохуши дигар ба гӯшашон расид. Санаи 12-август Лутфиддин Ниёзов ҳангоми  аз саҳро (барои обдорӣ рафта будааст) баргаштан ба ҷарии баландияш қариб 20 метра сарозер шудааст. Ба гуфти амакбачаи ӯ-Абдунабӣ Шерматзода Ниёзов аввали шаб ба сари кишт рафтааст то заминро об диҳад. Тақрибан соати 4-и субҳ роҳ сӯи хонааш пеш гирифтааст. Роҳи хонаи  Лутфиддин, ки бо паҳлӯи ҷари “Мури Қаюм” будааст сабаби сар задани ҳодисаи нохуш шудааст.

Вақте ҷабрдида дар сари хар нишаст роҳро тай мекард аз пеши пойи хар аз даруни ҷарӣ ҳайвоне (бемор эҳтимол дорад, ки гург аст) баромада дарозгӯшро рамондааст.

Маркаб  худро гум карда бо соҳибаш якҷо ба ҷарӣ афтодааст.

Ҳамсари Лутфиддин Дилафрӯза Болтаева  пайдарпай ба шавҳараш занг зада ӯро пайдо намекунад. Баъди чанде ҳамдеҳагонаш ӯро аз дохили ҷарӣ дар ҳоли беҳушӣ ва ғарқаи хун пайдо карда ба хона меоранд. Дар ҳоле ки хун аз ҷойҳои даридаю кафидаи сараш фаввора мезад ӯро фавран ба “Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич” бурдаанд.

Айни ҳол вазъи саломатии Ниёзов нисбат ба рӯзҳои қаблӣ беҳтар аст, вале ба қавли духтурони марказ ҳадди ақал 6-8 моҳ бояд барои  барқарор шудани устухонҳои шикастаи қимати корсу сутунмӯҳрааш дар бистар “реҷаи бистарӣ” бихобад. Баъди он низ саломатияш пурра барқарор мешавад ё на номаълум аст.

Рӯх додани се ҳодисаи нохуш дар давоми ҳамагӣ се рӯз дар як деҳаи кӯчак албатта ғамангез аст. Матлабро ба мақоли гузаштагон сар карда бошем, боз ба мақоли эшон  ба охир мерасонем:- “Худованд ҳамеша тани сиҳату хотири ҷамъ диҳад”…

Некрӯз Раҳматов