- Иқтисод

Кумакро ба ниёзмандон бояд кард

Хуб аст, ки дар марҳилаи рушду пешравиҳо Ҳукумати Тоҷикистон барои ободонии шаҳру навоҳии кишвар кумакҳои пуливу ҳам маҳсулотӣ карда меояд. Аммо, мутаассифона, бо иллати таҳлили нодурусти мутахассисони сатҳи вазоратӣ, маҳалчигӣ ва дар баъзе маврид коррупсионӣ, кумакҳои ободсозӣ ба ҷое мерасанд, ки тақрибан эҳтиёҷ ба он надоранд.

    Навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ба ҷуз ноҳияҳои Ёвону Данғара, дар дотатсияи Ҳукумати марказӣ мебошанд. Дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ бо айби набудани ҷойи корӣ сатҳи зиндагонии аҳолӣ хеле поин буда, ҳукуматҳои маҳаллӣ дастнигар аз Ҳукумати кишвар мебошанд, ки дар боло  инро ҳама медонанд. Агарчӣ дар оморҳои расмӣ таъмини ҷойҳои кориро 10-ҳо маротиба зиёд нишон медиҳанду сатҳи зиндагиро хубу пешрафта, вале ҳақиқати ҳол дигар аст, ки мутаассуф инро ҳам  ҳама медонад.   Хуб, ин мавзуи дигар аст.

                        Аммо…

Биёем сари кумаку ёрӣ барои шаҳру навоҳӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам давлатҳои хориҷӣ, ки охириҳо тариқи гранту ҳам қарз, барои ободониву пешрафт ҷудо кардаву ҳам мекунанд.

Суғд вилояти пешрафтаву ҳам тараққикардаи  ҷумҳурӣ буда, ин ҷо садҳо корхонаву завод, фобрику ташкилотҳои сохтмониву тиҷоратӣ фаолияти густарда доранд. Гузашта аз ин, бо мавзеи ҷойгирифтааш дар чорроҳаи Осиёи марказӣ ва сарҳанги Тоҷикистон, тиҷорат ва тоҷирони муваффақ дорад. Қисмати зиёди аҳолӣ ин ҷо бо ҷойи кори доимӣ таъмин будаву маоши хуб ва ҳам саривақт мегиранд. Қисмати дигар ба тиҷорат машғул будаву дар ин бастагӣ муваффақ гаштаву ба нишонаҳои баланд расидаанд.   

Дақиқан намедонем, вале шояд 80-фисади навоҳии вилоят худтаъминкун бошанду ниёз ба дастгирӣ надоранд, ки ҳалолашон бод.

Кӯлоб, минтақае, ки дар як гӯшаи дури Тоҷикистон қарор доштаву қатъиян аз чор тараф маҳдуд асту бо ягон давлати хориҷӣ равуо надорад ва шояд давлатеву ҳатто нафаре ба он таваҷҷӯҳ надошта бошад.  Гузашта аз ин, қисмати зиёди корхонаҳои саноатие, ки бо супоришу дархости Президенти мамлакат сохта мешаванд, бо иллату баҳонаҳои гуногун кору фаолият намекунанд. Аз ин ҷо, буҷаи ҳукумати маҳаллӣ ҳамеша холиву тиҳӣ ва ҳам аҳолӣ бе кору саргардонанд.

Дар ҳамин ҳол, ба истиснои якчанд иншооте, ки бо дастуру супориши Президент бунёд шудаанду шаҳру навоҳӣ, ба хусус шаҳри Кӯлобро зебову озода нишон медиҳанд, дигар пешравие дида намешавад. Тақрибан ҳамаи инфрастуктураи соҳавӣ дар шаҳр бо иллати камбуд ва ё набудани маблағ фаолияти дилхоҳ надоранд.   

Кӯлоб шаҳр аст ва дар гузаштаи наздик яке аз шаҳрҳои бузурги саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо, дар ҳоли ҳозир аксарияти корхонаҳои саноатӣ бекору камфаолиятанд, ва бо ҳамин иллат, шумораи бекорон низ хеле зиёд аст, зеро тавлиди ҷойи кору ҳам бекорӣ  дар як шаҳри саноатӣ танҳо ин корхонаҳо буда метавонанд.  Агарчӣ инро ҳама медонанд, вале барои фаол гаштани корхонаҳо ва беҳбуди кор то имрӯз касе кӯшиш накардааст.   Дуруст аст, ки ҳанӯз 13-сол пеш Ҳамид Абдуллоев, раиси вақти шаҳр, эълом дошта буд, ки Кӯлобро шаҳри саноатӣ хоҳад кард. Ҳарчанд ин шаҳрдор, ки худ саноатчӣ буду таҳлили тахассусӣ гузаронида, ба шаҳри саноатӣ табдил додани Кӯлоб бовар дошту барои амалӣ гаштани ниятҳояш кӯшиши зиёд кард, вале мутаассифона, бо иллати дастгирӣ наёфтан, муваффақ нагашт.

Ба ҳамин монанд, 4-сол пеш низ Раиси вақти вилоят Гулмаҳмадзода вохурӣ бо роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб гузаронида, ваъда дода буд, ки барои ҷоннок намудани фаолияти корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҳамаи чораҳо истифода бурда, кумак хоҳанд намуд. Ӯ гуфта буд, ки дар Ҳукумати Марказӣ ҳам аз вазъи корхонаҳои саноатӣ ва дигар мушкилоти шаҳри Кӯлоб нигаронанд ва сар аз ҳамин сол кумаку ёрӣ хоҳанд кард. Вале, бо рафтани ҷаноби Раис ваъдаҳо дигар дар ҳавову даҳони масъулин монд, ҳатто аз рӯйи коғаз ҳам онро пок намуданд.   

Агар баҳона ҷӯем, баҳона зиёд аст. Бояд вақти амал шавад. Дар холе ки ҳам вилоятдор, ҳам Сарвазиру вазирони дигар ва ҳам Ҳукумати Марказӣ пайваста иддао доранд, ки ба Кӯлоб назари нек доранд, вале ягон кумаку ёрие расондан наметавонанд. Ин дар ҳолест, ки аз вазъияти нохуби Кӯлобу кӯлобиҳо дар ҳамаи кишвар ва ҳам Ҳукумат хабар доранду дар сӯҳбатҳои маҳрамона, ё ба истилоҳ дар «круги» худиҳо, дар ин бора ҳарф ҳам мезананд.

Мо, кӯлобиҳо, ба касеву ҷоеву минтақае ғаразу бахилӣ накардаем ва ҳам надорем. Аммо, аз барои инсоф, чаро гранту қарзхои бебозгашт ва бефоиз барои ин шаҳр аз ҷониби масъулин ҷудо намегардад? Ҳамаи ин кумаку ёрдами пуливу ҳам сохтмониву саноатӣ ба шаҳру навоҳие расонда мешавад, ки воқеан ҳам ба он ниёз надоранд. Масалан, ба навоҳии вилояти Суғд, минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Бохтар. Гумони ғолиб бар он аст, ки нақшакашони беҳбуди зиндагонии мардум ва рушду пешрафти ҷумҳурӣ ба ҳангоми тақсимот ва нақшакашӣ набояд Кӯлобро ба гӯшаи фаромушӣ партоянд.

Дар нишасти матбуотии раиси вилоят ёдовар шудем, ки дар гузаштаи наздик Кӯлоб як шаҳри саноатии ҷумҳурӣ буду ҳамагӣ бо 4-5-корхонаи саноатӣ тавони бо кор таъмин намудани ҳамаи сокинони шаҳрро дошт ва дар ин маврид ягон мушкиле ҷой надошт. Аммо, имрӯз ба бовар аз иттилои расмӣ, дар ҳудуди шаҳр гӯё беш аз 70-корхонаи саноатӣ фаол асту вале шумораи коргарон ҳатто ҳазор нафарро ташкил дода наметавонад. Сокинони шаҳр деҳқон нестанд ва замин ҳам надоранд, онҳоро, шаҳрнишинонро, танҳо фобрику завод ва ташкилотҳои сохтмонӣ метавонад ба кор таъмин кардаву мушкили иҷтимоиашонро осон намояд. Дар ҳоле, ки  тавони  ҳукумати шаҳр барои барқарорсозиву бунёди корхонаҳои саноатӣ намерасад, чаро Ҳукумати вилоят бо ҷамъи масъулинаш дар ин маврид кореро ба анҷом намерасонад? Чаро Ҳукумати вилоят барои ҷудо гаштани гранту қарзҳои бебозгашт барои ободонии шаҳри Кӯлоб ягон нақшаву чорабинӣ ва дурнамое ба Ҳукумати Марказӣ пешниҳод намекунад ва агар карда ҳам бошад, чаро барои амалӣ гаштани он кӯшиш намекунад? Гузашта аз ин, чаро барои Кӯлоб ба ҷуз ваъда дигар чизе додан наметавонанд?

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят аз ин саволҳо хотирпарешон гашта, бегумон хафа ҳам шуд. Мо барои озурдахотирии касе чизе на мегӯем ва на менависем, танҳо барои вазирону раисон ва давлатдорон ёдрас мешавем, ки намесазад барои сокинони як шаҳри бузург ваъдаи арзону бепул додану дигар аз он ёд наовардан. Ё не-ми, ҷанобон давлатмардон?

Ё шояд дар Ҳукуматҳои ҷумҳурӣ ва вилоят барои пешрафту ободонии Кӯлоб кадом корҳоеро анҷом медиҳанду мо бехабарем?

 Тайи 10-12-соли ахир, баъд аз 2700-солагии Кӯлоб,  5 раиси шаҳр таъину иваз гаштанд, вале вазъият бетағир монд. Зеро, бе кумаку дастгирии молиявию пулӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мушкили Кӯлоб ҳалли мусбӣ нахоҳад ёфт, агарчӣ боз ҳам таъину ивазкунии шаҳрдорӣ идома ёфтан гирад. Мушкил сари шаҳрдорӣ нест, мушкил сари маблағу таваҷҷӯҳи давлатмардон ва ҷалби соҳибкорон аст. Вагарна, Кӯлоб, ки имрӯз ба як қишлоқи калон монанд гаштаву ҳамаи инфраструктураи шаҳрдорӣ, роҳҳои мошингарду ҳам пиёдагард, таъмину обу коррезӣ ва дигару дигар, ки аз шаҳр будан дарак медоданду ҳанӯз 50-сол пеш сохта шудаву имрӯз фарсудаву корношоям гаштаанд,  бегумон бо гузашти муддате ба як деҳаи хурд табдил хоҳад ёфт. 

                                               Аслиддин  Достиев