- Кишоварзӣ

Балҷувон: фермаи зотпарварӣ безот мемонад

Барои барҳам додани як фермаи говпарварӣ дар ноҳияи дурдасти кӯҳистони Балҷувон, ки ба ҷуз зарар фоидае намеорад, ба гуфтаи масъулини ноҳия, бояд «ҳатман  иҷозат ва имзои Раиси ҷумҳур бо протоколи махсус бошад ».

Дар ноҳияи Балҷувон муассисаи давлатии зотпарварие бо номи Сангак Сафаров фаолият мекунад, ки дар ихтиёр 647 сар чорвои калони шохдор дорад. Ба иттилои Сайдаҳмад Миралиев, роҳбари муассиса, аз ин шумора 389 сар гови зотӣ будааст. Ба иқрори ҷаноби Миралиев, ин маълумот барои омори расмӣ меравад, вале дар ҳақиқати ҳол, ин ҷо говҳои зотӣ ангуштшуморанд, балки тақрибан ҳамагӣ маҳаллианд.

Агарчӣ муассиса зотпарварӣ унвон мешавад, вале тули фаолияташ ҳатто 1 сар гови зотӣ ба ягон ташкилот, ферма, ноҳия ва ё ҷойи дигар нафурӯхтааст. Ҷаноби Миралиев мегӯяд, баъзан ягон-ягон говро дар бозор ба фурӯш мебарорем ва он маблағро барои камбуди ферма ва ё маоши коргарон сарф мекунему бас.

 Барои ферма хӯрокаи махсус аз қабили кунҷора, сабус, силос ва дигар ғизои консерватсионӣ умуман  ҷудо ва захира карда намешавад. Муассиса давлатӣ асту аммо ба ҳокимияти маҳаллӣ, ҷамоати деҳот на ҳисобот медиҳаду на маълумот. Ҷамоати деҳот ва ҳам ҳукумати ноҳия  аз фаолияти муассиса бехабаранд. Абдуғаффор Қодирзода, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим мегӯяд, муассисаи зотпарварии ба номи Сангак Сафаров давлатӣ мебошад ва бо ҷамоати деҳот ҳамкорӣ надорад ва мо низ ба онҳо кордор нестем. Ба ибораи дигар, муассиса медонаду роҳбарашу дави аспаш. Ҳатто барои муассисаи зотпарварӣ, ки усулан тибқи фаолияташ бояд говҳои зотии гӯштӣ парвариш кунад, на нақшаи истеҳсоли гӯшт пешбинӣ мешаваду на хариду фурӯши моли зотӣ.

Ба иқрори роҳбари муассиса, ҳанӯз ягон килограмм гӯшт ин ҷо истеҳсол накардаанд. ӯ мегӯяд, соли гузашта ба хотири ярмарка барои сокинони шаҳри Душанбе, муассисаро супориш додаанд то  250-килограм  гӯшт пешниҳод намояд ва онро  аз бозори шаҳр харида, додаанд.

            Бемасъулиятӣ дар МИҲД

Шералӣ Ҷалилзода, раиси ноҳия дар нишасти матбуотӣ бо баҳонаи навтаин буданаш, аз саволҳои рӯзноманигорон канора мерафт. Дар мавриди муассисаи давлатии зотпарварӣ ҷаноби раис чизе гуфтан натавонист, аммо муовини раис Раҳмонзода аз зотҳои хубу фарбеҳи сергӯшти муассиса ончунон ҳарф мезад, ки гумон мерафт дар бораи кадом фермаи шведӣ сӯҳбат дорад.  

Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳия зимни «қироати» маълумотномаи нимсола хонд, ки дар ин нимсола дар ноҳия кам не, 1312-тона (1-милёну 312-ҳазор кило) гушт истеҳсол гаштааст. Аммо, ба куҷо ва бо кадом роҳ  ин миқдор гӯшт сарфу интиқол гаштааст, ҷаноби Ҷалилзода чизе гуфтан натавонист. Омори аҷиб ва ҳам боварнокарданӣ. Аммо, барои сафедкунӣ боз ҳам муовини раис Раҳмонзода гуфт, ки «омор дурӯғ нест. Дар мо гову моли фурӯхташуда ҳам ҳамчун истеҳсоли гӯшт ба ҳисоб меравад».

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои (хондаи) раис, дар ҳамаи ноҳия то ҳолати ҳисоботдиҳӣ 23809-сар чорвои калон ва 44956-сар моли майда расман ба қайд гирифта шудааст. Ва агар ба омор бовар кунем, дар нимсолаи дуюм дар ҳамаи ноҳия ягон сар гов боқӣ нахоҳад монд. Зеро, бегумон баъди чопи ин навишта ҳам, дар нимсолаи баъдӣ ҳатман истеҳсоли гӯшт аз нимсолаи аввал зиёд нишон дода мешавад. Ва агар, ба ҳисоби арифметикӣ вазни 1-говро 100-килограмм тахмин занем, 1312000:100=13120 сар гов дар нимсолаи аввали имсол кӯштаву ба фурӯш рафтааст. Агар моли майда бошад 1312000:20=65600 сар. Дар якҷоягӣ дар ҳамаи ноҳия бо ҳамин гуна «пешравию» омор дар 1-2 соли баъдӣ ягон сар моли калону майда ҳам дар аҳолӣ ва ҳам дар муассисаи давлатӣ боқӣ нахоҳад монд.   Мантиқ куҷост, ҷаноби Раҳмонзода?

Омори дурӯғ ба кӣ лозим аст?

Чандин бор гуфтему гуфтанд, ки омори давлатӣ бояд дақиқу рӯшан бошад, вале то ҳанӯз масъулиятдорон онро нодида мегиранду факту рақамҳои дурӯғу нописанд пешниҳод мекунанд. Аҷиб аст, ки ҳамин омори нодурустро дар Кумитаву Вазоратхонаҳо қабул медоранду меписанданд.  

Омор ончунон бепарвову бемасъулият нишон дода мешавад, ки хандаовару дилбазан аст. Масалан,  дар ин ноҳияи кӯҳистон на дар зимистон ва на дар баҳор ягон сар гов, бузу гусфанд, паррандаву асп талаф наёфтааст, ҳатто ягон ҳолати дуздӣ ҳам набудааст. Дар ҳоле, ки сокинон пайваста аз дуздидани молу чорвояшон шикоят доранду ҳам бино ба иттилои аз ШВКД-и ноҳия танҳо дар 3-моҳаи аввали имсол кормандони милиса 3-гурӯҳи говдуздонро боздошт кардаанд.  

Аз маълумоти оморӣ маълум мешавад, ки саноатчиёни ноҳияи дурдасти кӯҳистон, ки тақрибан ягон корхонаи бузурги саноатӣ надорад, дар 1-нимсола ба миқдори 6-миллиарду 80-милён сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Аммо, ба саволи   кадом маҳсулот ва ба куҷо содирот гаштааст, раиси ноҳия чизе нагуфт. Танҳо роҳбари дастгоҳи раис гуфт, ки шояд дар омор хато шуда бошад. О, хато накунед, ҷанобон. Зеро ҳамин маълумотномаи пур аз хатову дурӯғи оморӣ то болои мизи Президент рафта мерасад. Ё не?

           Фермаи зарароварро бояд Президент барҳам занад?

            Дар сӯҳбат муовини раиси ноҳия Раҳмонзода мегуфт, ки «муассисаи давлатии зотпарварӣ усулан зараровар нест. Дар он зотҳои гуногуни чорвои калон парвариш меёбад. Инчунин, олимони зиёди соҳа дар ҳамин муассиса корҳои илмӣ анҷом медиҳанд. Он чӣ, ки роҳбари муассиса дар мавриди набудан ва ё кам будани  чорвои зотӣ маълумот додаст, дурӯғ аст».

Баъди лаҳзае хилофи гуфтаҳои аввалааш илова кард, ки воқеан ҳам ҳамин муассиса барои ноҳия фоидаовар нест. Аммо он таҳти назорати бевоситаи Раиси ҷумҳур қарор дорад ва  барҳам додани он танҳо бо имзои Президент амалӣ мегардад.

Ахиран, расидем. Оё 1 муассисаи чорводориро дар 1 ноҳияи дурдасти кӯҳистон, ки аз муассиса буданаш танҳо ном мондаасту халос, бояд Президент барҳам занад? А, мӯҳтарам ноҳиядорон, инсоф куҷо шуд? Агар аз ӯҳдаи 1 ферма набароед, пас ба чӣ хотир аст ноҳиядорӣ?

                                   Аслиддин  Достиев