- Иҷтимоъ

Фоҷиаи як оила дар Деваштич

 Парвиз Рӯзиеви 35 сола, санаи 12-уми август бар асари зери дамкарати нақлиёти тамғаи КАМАЗ мондан ба ҳалокат расид. Ин ҷавонмарди ғӯрамарг дамкаратро гузошта ба таъмири мошини боркашон машғул буд ва тасодуфанд дамкарат лағжида ӯ зери мошин монд.

Бино ба гуфти шоҳидони ҳодиса қисмати аз миён болои ҷавон  зери бори гарони мошин монда, ба қавле ҷисмаш ду пора шуд. Парвизи ғӯрамарг сокини деҳаи Хишекат, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич буд, 4 нафар фарзанди ноболиғ дошт.

Ҳоло ҳамсараш Ҳусноро Ашӯрова бо чор ноболиғи нимятим дар шароити миёнаҳолона сарсон мондааст.

Модари Парвиз Рӯзиев, Гулсивар Раҳмонова аз марги фоҷиабори наздиконаш рӯзи дуюм аст ки дар ҳолати «шок» қарор дорад.  Ин модари ғамзада соли 2014 писари хурдияшро, ки ҳамагӣ 24 сол дошт аз даст дода буд. Марги додари Парвиз низ фоҷеабор ва бар замми он дар ғарибӣ сурат гирифта буд. Ба гуфти модари зор соли 2014 писари хурдияш баъди ҳамагӣ чанд моҳи муҳоҷират аз болои боми иншооте, ки дар он кор мекард афтода ба ҳалокат расида будааст. Баъди марги писари ғурамаргаш аз ӯ ду кӯдак ятиму ба ёдгор мондаанд.

Шавҳари холаи Гулсивар-Асадулло Рӯзиев бошад ҳанӯз соли 2005 дар вақти баргаштан аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба садамаи даҳшатбор дучор шуда, дар роҳ ба ҳалокат расида будааст.

Гулсивар Раҳмонова ҳамагӣ ду писар дошт ва ҳардуро дар айни ҷавонмардӣ аз даст дод. Имрӯзи ин модари фарзандгумкарда ва зани шавҳаргумкарда бо 6 нафар набераҳои ятиму нимятим ва ноболиғ дар саҳни ҳавлии фақирона бо дили пур аз дарду ҳасрат танҳо мондааст.

Фарзона