- Маориф

МУЪМИНОБОД: БОДИРИНГ ВА ПОМИДОР ФУРӮХТА МАКТАБРО ТАЪМИР МЕКУНЕМ

То оғози таҳсил рӯзҳои башумор монда бошад ҳам, дар муассисаи №2 ноҳияи Муъминобод то рӯзи 24 июли соли равон аз таъмир осоре нест. Масъулини мактаб дар суҳбат гуфтанд, ки барои таъмири таълимгоҳ пул надоранд. Бинои мактаб рангпаридааст ва тақозои таъмир дорад. Аз ҷониби Раёсати молияи ноҳия барои таъмири муассисаҳо ҳатто як сомонӣ ҳам ҷудо нашудааст. Директори муассиса ба хабарнигори «Пайк» иттилоъ дод, ки аз кадом мағозаи масолеҳи сохтмонӣ маҳсулоти лозимаро қарз мегиранд ва дар 0.10 садяк замини муассиса помидор ва бодиринг шинониданд, ҳосили онро ғундошта ба бозор бурда мефурӯшанду қарзи мағозаро мепардозанд. Ҳоло ниҳолҳо гул кардаанд

Шодибек Маҳкамов, директори муассисаи №-2 ноҳияи Муъминобод ба хабарнигори ҳафтавори «Пайк» гуфт:

 «Дар рӯзҳои наздик таъмири муассисаро оғоз мекунем. Бо кӯмаки муаллимон дар 0.10 сотих замини ҳавлии таълимгоҳ бодиринг ва помидор шинонидем, ҳосили онро ғундошта бурда ба бозор мефурӯшему аз ҳамон пул муассисаро таъмир мекунем. Аз Раёсати молияи ноҳия барои таъмир ба мо пул надоданд. Инчунин дар таъмири муассиса касе ба мо кӯмак накард.»

Маълум аст, ки аз ин замин ба ҷабраш 1000 сомонӣ ба даст овардан имкон дорад, аммо аҳсан ба директори муассиса. Зеро манфиати худро яктараф гузошта саъйю талош мекунад, то ин ки мактабро таъмир карда, насли наврасро ба таълим фаро гирад.  

Аз Раёсати молияи ноҳияи тасдиқ карданд, ки дар ҳақиқат ба муассисаи мазкур пул ҷудо нагардидааст ва гуфтанд, ки ба ҷуз музди меҳнат дигар ҳама барномаҳо маҳкам аст. Масъулини ноҳияро зарур аст, ки ба ҷои худсафедкунӣ ва худтаърифу тавсифкунӣ аққалан як қуттӣ ранг (краска) ба муассисаҳои ноҳия кумак кунанд, наход ноҳия чунин қудрат надошта бошад?

Тибқи иттилои як корманди маорифи ноҳияи Муъминобод танҳо ду муассиса таъмири ҷорӣ шудаасту халос. Дигар маълум набуд, ки таъмири муассисаҳои боқимонда кай оғоз мешавад ва кӣ онҳоро барои таъмир намудани мактабҳо дастгирӣ мекарда бошад ё шояд таҷрибаи мактаби №2-ро ба роҳ монанд, чанд бутта помидор кошта, самари онро фурӯхта мактаб таъмир кунанд?  

                                                                                                          Суннати Содиқ

                                                                                                                      «ПАЙК»