- Иқтисод

Биноҳои бонкҳоро фурӯшед, амонати мардумро баргардонед!

Ростӣ аз забони насли миёнасолу калонсоли даврони Шӯравӣ зиёд шунидаам ва ҳам мешунавам, ки мардум аз тарсу ҳароси суоли «аз куҷо овардӣ?»-и Иттиҳод, аз пасандозкунӣ дар бонкҳо худдорӣ мекарданд. Нақл мекунанд, ки боре пул ҳам иваз шуда миллионҳо рубли мардум ба қавле «сухта», бисёриҳо хисороти ҷиддии молиявӣ дида буданд. Боварии мардум нисбати бонкҳо комилан коста гардида буд. Хушбахтона ё бадбахтона даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бонкҳои ҷамъиятию саҳомӣ бо суръат рушд карда, бо ташвиқу тарғиб дубора эътимоди аздастрафтаи мардумро пас гардонданд. Ба вижа 3 бонки саҳомӣ: «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Тоҷпромбонк» чанд соли муайян фаъолияти худро дар сатҳи олӣ роҳандозӣ намуда, боварии мардумро нисбат ба хизматрасонии қулаю дастраси бонкӣ ва бехавфу хатар нигоҳдоштани пасандозҳо дар онҳо, зиёд намуданд. Таассуф, ки якуякбора фазои молиявии бонкҳои фавқуззикрро «абри сиёҳ»-е иҳота карда, авзои амонатгузоронро муташанниҷ карданд. Зарбаи манфии қавию ҷонкоҳи молиявие ба сутунмӯҳраи амонатгузорон заданд.   

Пушида нест, ки миёни ин бонкҳо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» дар миқёси кишвар нуфузи хоса дошт. То ба касодӣ расидан, дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат филиалу марокизи хизматрасониаш фаъолияти мунтазами пурсамар дошту ҳазорҳо қарзгиру амонатгузор. Ҳоло бошад, бонки мазкур агарчи расман муфлис эълом нашуда бошад ҳам, вале рӯ ба таназзул ниҳодааст. Дар фаъолият на ин ки бо ду пой мелангад, балки ба зону задааст.  Садҳо нафар мизоҷонаш алъон наметавонанд аз ин бонк маблағи амонат гузоштаашонро ситонанд. Ба қавле бо даст додаю бо пой давида истодаанд.

Исматулло Абдураҳмонов, сардори ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Кӯлоб, дар ин бора мегӯяд:

-«Пасандозҳои мардумро марҳила ба марҳила пас гардонда истодаем. Шумораи қарздорони бонк ҳам зиёданд. Вақте онҳо фоиз ва ё қарзи асосӣ пардохт мекунанд, мо аз ин ҳисоб аз 200 то 500 сомонӣ ба мизоҷони пасандоздошта пардохт мекунем. Ҳозир дар филиал 10 нафар корманд дорем, ки онҳо низ аз ҳисоби фоизи қарзҳо маош мегиранд. Бонк расман муфлис эълон нашуда, фаъолият карда истодаем.

Қазоват кунед, дар ин бонки «боэътимод» нафароне ҳастанд, ки то 100 ҳазор сомонӣ пасандоз карда буданд. Акнун онҳо пули бо машаққат ҷамъкардаи худро бубинед бо чӣ тартиб аз бонк мерӯёнанд. Масалан, агар мизоҷ дар ин бонк 50 ҳазор сомонӣ дошта бошад, масъулини бонк ҳар моҳ 200 сомонӣ ба ӯ пардохт мекунанд. Бишуморед, дар чанд сол қарзи мизоҷ пардохт мешавад. Дар ин асно, нафароне буданд, ки барои таҳсил ва хонадоркунии фарзандонашон депозит гузошта буданд. Вале ғайриинтизор бонк онҳоро ба чунин мушкилии ҳалношуданӣ мӯвоҷеҳ кард. Агар онҳо баргардонии пурраи қарзашонро аз ҷониби бонк мунтазир шаванд, яқин фарзандонашон низ то ба синни нафақа расидан, умри худро пушти дари агробонк бо навбатпойӣ мегузаронанд.

Ба як нуқтаи аз ҳама беадолатонаю беинсофона таваҷҷуҳ кунед: барои сарҳангом пардохт накардани қарзи бонкӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷиноятӣ муқаррар гардидааст. Садҳо нафар хонаву дарашонро ба гарав монда, аз бонк пул гирифта, барои сари вақт пардохт нашудани қарз онҳоро бо зану кӯдаконашон дар кӯча партофта, хонаашонро гирифтаанд. Дар саҳафоти таърихи бонкдории тоҷик, чунин воқеот зиёд сабт шудаанду ҳамзамон сабт шудан доранд.  Абдураҳмонов мегӯяд, «Аз соли 2015 то инҷониб 5-6 хонаи гаравгузоштаи сокинонро, ки имкони пардохти қарзро надоштанд, ба тавозуни бонк гузаронданд. Иддае аз онҳо худ амволашонро фурӯхта, қарзи бонкро пардохтанд». Беадолатию бедодгарии ошкоро! Ҷанобон — масъулони бонк, ҳазорҳо ҳазор пули амонатгузорон номаълум ба манфиати кӣ истифода шуду бечораҳоро аз ночорӣ бидуни занҷир бастаед ва маълум хам нест, ки дар зарфи чандин сол қарзашонро баргардонданиед.  Вале афроди аз бонк қарздорро бошад, аз гӯлуяшон бӯғӣ карда, бо роҳи маҷбурсозии қонунӣ аз хонаву дарашон маҳрум месозед. Чаро худи шумо биноҳои бонкро ба савдо намегузоред, то пули мардумро баргардонед? Дар як давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мизони  қонун бояд баробар бошад. Ин чӣ тартибу қонунгузорист, ки манфиати бонк ҳимоя мешаваду нафъи мизоҷ зери пой?! Магар ин аз рӯи адлу инсоф аст? Намедонам мӯҷиби асосии ба касодӣ расидани як бонки пуриқтидор дар чист. Мутасаддин ҳар гуна баҳонаҳо пеш оварданду меоранд, ки гӯё қарздорон қарзи бонкро напардохтанду…. ким кадом сафсатаҳо. Вале дар ин шабу рӯз, ба ҳар роҳу василае набошад, курсинишинони болоии ин бонки саҳомӣ уҳдадоранд, на ин ки 100 – 200 сомонӣ, балки ба пуррагӣ, чуноне гирифтанд, ҳамон хел бозпас диҳанд. Чунин рӯзи сияҳе, ки ин бонк ва боз дуи дар боло зикршуда ба амонатгузорон оварданд, садсолаҳо доғаш боқӣ хоҳад монд. Эътимоди бисёри аз сокинонро дубора нобуд карданд. Кӣ кафолат дода метавонад, ки фардо ё пас фардо «Спитаменбонк»-у «Комерсбонк»-у ва дигар бонкҳои ҷамъиятӣ дучори чунин бӯҳрон намегарданд?

Ёқуби Содиқ,

«Пайк»