- Иҷтимоъ

АЗ КАШОЛКОРӢ ТО САРСОНИИ ЯК СОКИНИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ё ХУД ЧАРО АМРИ ПРОКУРОР ТО ҲОЛ ИҶРО НАГАРДИД?

Як сокини деҳаи Ғелоти Ҷамоати Худоёр Раҷабов иддао дорад, ки аз соли 2013 инҷониб як пояш дар дари Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ асту як пои дигараш дар назди Ҳукумати ноҳия. Муродов Раҳматулло,  шикоят дорад, ки 0,10 га заминӣ Презиндентиашро Каримовҳо ғасб карда гирифтанд ва феълан дарахтони мевадиҳанда шинонидаанд. Мавсуф мегӯяд, ки ба Прокуратураи ноҳияи Восеъ аз болои Каримов Субҳон ва Каримов Зафархон аризаи шикоятӣ навиштааст ва ҷавобан дар пайи аризаи шаҳрванд аз ҷониби прокуратураи ноҳия санҷиш гузаронида шудааст ва тасдиқ карданд, ки замини Раҳматулло Муродовро Каримовҳо худсарона ғасб карданд ва нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 141 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои худсарона истифода бурдани замин  парванда боз карда, ба ҳар нафари онҳо бо маблағи 580 сомонӣ ҷарима таъйин карданд. Баҳри исботи сатрҳои боло аз санҷиши Прокуратураи ноҳияро иқтибос меорем.

  … Муайян карда шуд, ки бародарон шаҳрвандон Каримов Субҳон Раҳимович ва Каримов Зафархон Раҳимович дар деҳаи Ғелоти ҷамоати деҳоти Х.Раҷабов масоҳати 0.10 га қитъаи замини хоҷагии ёрирасони Шуморо худсарона ишғол карда, дар он дарахтони мевадиҳанда шинонида, мавриди истифода қарор додаанд.

   Дар рафти санҷиш санаи 12 феврали соли 2020 аз тарафи прокуратураи ноҳия нисбати шаҳрвандон Каримов С. Р ва Каримов З.Р. тибқи талабот моддаи 141 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худсарона истифода бурдан ва аз они худ кардани қитъаи замини ба Шумо мансуббуда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои барассӣ ба кумитаи идораи замини ноҳияи Восеъ ирсол карда, ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 580 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.

Инчунин, санаи 15 феврали соли 2020 барои аз ҷониби шаҳрвандон Каримов С.Р. ва Каримов З.Р. ба ҳолати аввала баргардонидани 0,10 га қитъаи замини хоҷагии ёрирасони Шумо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ амр дода шуда, аризаи Шумо қонеъ гардонида шуд.

            Прокурори ноҳияи Восеъ

    Мушовири адлияи дараҷаи 1 Сайдаҳмадзода Ҷ.Н.

Аз амри баровардаи Сайдаҳмадзода Ҷумахон, прокурори ноҳияи Восеъ шаш моҳ сипарӣ мешавад, вале масъулин то ҳанӯз кореро ба сомон нарасонидаанд. Юнусзода Амирхон, раиси Кумитаи замини ноҳияи Восеъ зимни суҳбат афзуд, ки онҳо ҳуқуқ надоранд, ки рафта замини Раҳматулло Муродовро бе иҷозати ҳайати комиссия муайн карда диҳанд. ӯ гуфт, ки Алихон Худоёрзода, муовини соҳавӣ ва раиси комиссия оид ба тақсимоти замин вақт надорад, ки дар якҷогӣ замини шаҳрванд Р.Муродовро  ҷудо карда диҳанд. Бояд қайд кард, ки Каримовҳо дар замини Президенти хонаи истиқомати сохтаанд, ки хилофи қонун мебошад. Ҷаноби Юнусзода илова кард, ки ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия мактуб мекунем, то ин ки барои буридани дарахтон иҷозат диҳанд.  

Раҳматулло Муродов, сокини деҳаи Ғелоти Ҷамоати Худоёр Раҷабов дар мусоҳиба гуфт

— Ростӣ, ман бовар надорам, ки ҳаққи худро соҳиб мешавам, яъне 0, 10 га замини Президентиамро бародарон Каримовҳо худсарона гирифтанд ва дар онҷо дарахт шинонидаанд. Борҳо ба Прокуратураи ноҳия аз онҳо шикоят бурдам, вале суде надод. Ахиран боз ба Сайдаҳмадзода Ҷумахон прокурори ноҳияи Восеъ ариза навистам ва охирин умедам ба худи ӯ буд. Прокурори ноҳия дар ҷавоб ба аризаам ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амр дод, ки заминамро аз дасти Каримовҳо гирифта, ба манн баргардонанд. Номаълум сабаб  чист, ки масъулони ноҳия имрӯз меоем мегӯянд, боз пагоҳ меоем, хуллас ҳафт моҳ мешавад, ки корро кашол дода истодаанд, афзуд ҳамсуҳбат.

Аз муовини соҳавии раис сар карда, то раиси Кумитаи замини ноҳия аз вазъ воқифанд, аммо бо кадом иллат бошад, ки муҳри хомӯшӣ ба лаб зада, пайи иҷрои вазифаи хеш намешаванд.

Баҳри риояи тавозун хостем бо Алихон Худоёрзода, муовини соҳавии раиси ноҳия ва раиси комиссия оид ба тақсимоти замин дар ноҳияи Восеъ суҳбате дошта бошем, вале ӯро дар утоқи кориаш пайдо накардем, баъди кӯшишҳои зиёд ба мо муяссар гардид, ки тариқи телефон ба суолҳо худ посӯх гирем. Алихон Худоёрзода дар мусоҳиба гуфт

— мо як маротиба дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи замини ноҳия рафта масъаларо баррасӣ кардем. Замини Раҳматулло Муродов дар байни хона ва ҳезумхонаи Каримовҳо ҷойгир аст. Мо масъалаи кӯчондани заминро дар миён гузоштаем, аммо шаҳрванд монеъа шудааст. Мо сарҷамъшуда натавониста истодаем, ба ҳамин хотир масъала ҳалли худро наёфтааст, зикр дошт Алихон Худоёрзода.

Бори аввал нест, ки масъулини ин ниҳод бо баҳонаҷуӣ ва кашолкориашон мардумро сарсону саргардон мекунанд. Суоли матраҳ чунин аст, чаро амри прокурор то ин муддат иҷро нагардид ва чунин кашолкории масъулони бемасъулият то кай давом меёбад? Тааҷҷубовар аст, ки ҳақ ба ҳақдор мерасида бошад ва ё на?