- Иқтисод

ДОД АЗ ДАСТИ МАСЪУЛИНИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Дар шаҳри Кӯлоб маҳбусоне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бори авф” ба озодӣ баромада буданд, 9 моҳ боз дар интизоранд, то кўмакулиҳои хешро аз Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб гиранд. Вале масъулин дар утоқҳои салқин нишаста парво надоранд, ки пушти дарашон кӣ ҳасту барои чӣ омадаанд.

Ғоибов Исмоил, собиқ маҳбус мегўяд: “Ҳар рӯз пушти дари ҳамин идора меоям, вале масъулин як маротиб ба ман 200 сомонӣ додаанду халос. Дирӯз омадем, гуфтанд, ки 10 000 сомонӣ ҷудо шудааст, аммо ба чанд нафар маблағ доданду ба ҳамин тамом. Хостем бо сардори идора Мағфират Каримова сӯҳбат кунем, аммо аз дохил дарашро қуфл карда, бо корафтодагон сӯҳбат кардан нахост. Мо ки 30 ё шояд 40 нафар будем, интизор пушти дари раиса нишастем. Баъди чанд соати интизорӣ  як нафар аз кормандонаш баромада гуфт, ки маблағ тамом шудааст, боз рафтем дари “Амонатбонк”. Масъулони ин ниҳод гуфтанд, ки онҳо дар суратҳисобашон маблағ доранд, рафта чек биёред, маблағатонро гиред. Ҳайратзада шудем:  агар маблағ бошад, пас ба чӣ хотир масъулин пуламонро намедиҳанд?

Ниҳоят корафтодагон маҷбур шуданд, ки ба ҳафтавори “Пайк” шикоят бубаранд. Баъди шунидани шикояти ин нафарон, бо мақсади мусоҳиб шудан, ба Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб рафтем. Гарчанде соат аз 2 гузашта буд, вале сардори идора — Сайдаҳмад Пириевро дар утоқаш наёфтем.

Аз суҳбат бо корафтодагон маълум шуд, ки аксарияти онҳо назди Каримова Мағфират, сардори Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб омадаанд. Мутаассифона, мавсуф ҳам дар утоқи кориаш набуд. Чунин саҳлангорию хунукназарӣ аз ҷониби ин ду мансабдор то ба кай идома меёфта бошад? Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки ин ду нафар бо чунин шева ифои вазифа доранд. Кӣ бояд ба доди мардум бирасад?

Мӯсавӣ