- Иҷтимоъ

Хатлон: Дар шаш моҳ нисбати 232 мансабдор парванда боз шудааст

Кормандони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, нисбати 232 нафар шахсони мансабдор парванда боз кардааст.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки аз рӯи 13 моддаи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ” парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, маблағи умумии ҷаримаҳо 273 ҳазору 430 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи хабари расмӣ 223 ҳазору 305 сомониаш ситонида шуда, ба буҷҷаи давлат ворид карда шудааст.

Баҳриддин Тоирзода, муовини аввали ин ниҳод зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон ҳолатҳои ҷой доштани коррупсия оиди хизмати якҷояи хешовандони низдик дар ташкилоту муассисаҳои давлатии вилоят ошкор гардида, ба 9 ҳолат рост меояд.

Дар натиҷаи баррасии пешниҳодҳои фиристондашуда 50 нафар шахсони мансабдор ва шахсони масъули корхонаю ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудааст, ки 11 нафар аз вазифа озод, 13 нафар “танбеҳ”, 26 нафар ҷазои “сарзаниш” ва нисбати 127 нафар дар намуди муҳокима татбиқ карда шудааст.

Масалан дар Донишгоҳи зироатпарварии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, ки роҳбараш чандин хешовандашро ба кор гирифта буд, чораҳои маъмурӣ андешида шуд.

Дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфтанд, ки дар ҷиноятҳое, ки содир мешаванд кормандони ҳукумату ҷамоатҳо даст доштаанд, вале дақиқ нагуфтанд, онҳо дар кадом мансаб ҳастанд. Аксарияти онҳо вобаста ба заминҳои кишоварзӣ ва барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ будааст.

                                                                                   Амонҷон Муҳиддинов

                                                                                             “Пайк”