- Тандурустӣ

Суғд: Ҳалокати 64 нафар аз ғарқшавию худкушӣ то ҳодисаҳои табиӣ

Бино ба маълумоти масъулини   Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар давоми шаш моҳи  соли равон дар ҳудуди вилоят 260 ҳодисаҳоифавқулоддаихусусиятигуногундоштаба қайдгирифта шуда, бар асари онҳо 64 нафар шаҳрвандба ҳалокат расидааст.

Масъулини Раёсати мазкур маблағи зарар аз ҳодисаҳоифавқулоддаро  42 миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ арзёбӣ карданд.

11 ҳодисаи ғарқшавӣ

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ бо фармоиши роҳбарияти Раёсат аз оғози мавсими оббозӣ наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят, барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии аҳолӣ дар «Баҳри Тоҷик»-и шаҳри Гулистон ва дарёи Сири шаҳри Хуҷанд сафарбар карда шуданд ва мавзеъҳое, ки бештар аҳолӣ ба оббозӣ машғул мешаванд, зери назорати сардорони бахшҳои Раёсати Кумита дар шаҳр қарор дода шудаанд.

Новобаста аз гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар давоми шаш моҳ 11 ҳолати ғарқшавӣ бо сабабҳои гуногун дар кўлу дарёҳо ва обанборҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифта шуд.

 Бо сари вақт хабардор намудан 4 нафар аз тарафи наҷотдиҳандагони бахши шаҳри Хуҷанд наҷот дода шуда, ҷасади 7 нафар аз об бароварда шуд.

Аъзои як оила дар вартаи ғарқшавӣ буданд

Сабаби асосии зиёд шудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар ҷойҳои  манъшуда оббозӣ кардани шаҳрвандон, надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва беаҳамиятии волидайн нисбат ба кӯдакону ноболиғон аст.

Бино ба гуфти Холмуҳаммад Холов, сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати мазкур бештари ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар дарёи Сир ва Наврӯзгоҳ (Чумчуқарал)и шаҳри Хуҷанд, “Баҳри тоҷик”-и шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ва обанборҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Исфара,  Зафаробод ва Панҷакент ба қайд гирифта шудааст.

Холов аз бепарвогии баъзе модар падар нисбати фарзанд ва беаҳамиятӣ зоҳир кардан ҳангоми сайругашт ва оббозии фарзандонаш нигаронӣ карда гуфт:-Дар таҷрибаи кории мо мешаванд ҳолатҳое, ки модар падар якҷо бо фарзандони ноболиғ ба лаби дарё ё истироҳату оббозӣ меоянд. Аммо ба  фарзандон аҳамияти лозимаро намедиҳанд. Вақте ки кудакони онҳо қадам ба қадам аз волидон дур мешаванд хавотирӣ намекашанд. Аммо баъди дар миёнаҷои дарё дармондан ё тамомман бедарак шудан баъд ба чор тараф давутоз мекунанд.

Масалан,  кормандони мо   сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, духтари панҷсолаи вай ва хоҳари 12-солаашро, ки дар ҷойи мамнӯъ оббозӣ мекарданд, аз хатари ғарқ шудан наҷот доданд.

“Ин се тан барои истироҳат ба соҳили Сирдарё омаданд ва ҷойеро барои оббозию истироҳат  интихоб карданд, ки дар он оббозӣ кардан қатъиян манъ карда шуда буд.  Вақте ба даруни об даромаданду  каме пештар рафтанд, маҷоли бозгашт наёфтанд, ҷараёни об онҳоро ба худ мекашид  ва тадриҷан ғарқ мешуданд. ҳамаи онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифта буд,  аъзоёни оила ба ҳамдигар  наметавонист ёрӣ расонад. Ин ҳолатро наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, ки ҳамвора дар соҳилҳои рӯди Сир навбатдорӣ мекунанд, мушоҳида карда ба ёрї шитофтанд ва аз об берун оварданд”- гуфт    Холов.

Қарори раиси вилоят оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодда қарори Раиси виляти Суғд аз 3  январи соли 2020 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2020” ва қарорҳои дахлдори Раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, таҳти назорат қарор дорад.Мақсад аз татбиқи қарори зикршуда пайваста гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани селроҳаҳои хавфноки шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.

Фарзона