- Кишоварзӣ

Суғд: Прокурор изофанависӣ дар кишти картошкаро ошкор кард

Дар шаш моҳаи имсол аз ҷониби мақомоти додситонии вилояти Суғд наздики 100 ҳолати қонуншиканиҳо оид ба замин ошкор карда шудааст.

Инчунин ҳолати изофанависӣ дар кишти картошкаро кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ошкор карданд, ки дар ин солҳои наздик бори аввал ин намуди ҷиноят ошкор ва расонаӣ мешавад.

Оид ба ҳолатҳои мазкур Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов гуфт:-Риоя ва иҷрои қонунгузории замин яке аз самтҳои афзалиятноки назорати прокурорӣ ба ҳисоб рафта, баҳри таъмини дастуру супоришҳои Президенти кишвар  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Прокурори генералӣ дар шаҳру навоҳии вилоят пайваста санҷишҳо гузаронида  мешавад. Инчунин баистифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб қитъаи замин таваҷҷуҳ зоҳир мекунем. Маҳз натиҷаи санҷишҳо буд, ки дар давоми шаш моҳ 90 ҳолати ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замин, қаллобӣ, сохтмонҳои худсарона ва ғайраҳо ошкор ва нисбати қонуншиканҳо парвандаҳои ҷиноятӣ  оғоз карда шуд.

Илова бар ин  4314,2 га қитъаҳои замини дар истифодаи ғайриқонунӣ қарордошта ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Ҳамчунин, ба воқеан пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ оид ба кишти зироатҳо диққати махсусдода, ҳолати изофанависии 303,2 гектар кишти картошка муайян ва чораандешӣ карда шуд.

Фарзона