- Иқтисод

КӢ ДУРӮҒ ГУФТ, РАИСИ БОНКИ МИЛЛӢ Ё МАСЪУЛИНИ «АМОНАТБОНК»?

«Дар минтақаи Кӯлоб ҳама банкоматҳо фаъол аст ва доимо бо пул таъмин ҳастанд, сокинон бе мамоният маош ва ё нафақаашонро гирифта метавонанд», гуфт Алиаҳмад Юсуфзода, мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар нишасти хабариаш. Пӯшида нест, ки сокинон барои гирифтани маошашон дар назди банкомат соатҳо навбатпоӣ мекунанд. Аммо баъзе нафарон наметавонанд, сари вақт пулҳояшонро дастрас кунанд. Зеро, ки на ҳама банкоматҳои шаҳр бо пул таъминанд. Масалан рӯзи 24 июли соли ҷорӣ тақрибан соати 9:00 банкомати назди Раёсати молияи шаҳр пул надошт. Бо ҷой доштани чунин мушкилот масъулини бонкҳо мехоҳанд, ки «офтобро бо доман пушонанд» ва дар ҳисоботашон аз худ қаҳрамон созанд.

Алиаҳмад Юсуфзода, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон зикр кард, ки сокинони ноҳияи Муъминобод маош ва нафақаашонро аз банкоматҳои шаҳр мегиранд, аз ин сабаб ба баъзе нафарон пул намерасад. Агар гуфтаҳои ҷаноби Юсуфзода ҳақиқат дошта бошад, пас Филиали №63 «Амонатбок» и ноҳияи Муъминобод ба кӣ хидмат мекунад? Дар ҳоле, ки дар назди филиали мазкур 7 маркази хизматрасонӣ ва 2 банкомат арзи ҳастӣ доранд, ки банкоматҳои «Амонатбонк»-и ноҳияи Муминобод якеаш фаъол асту дигараш зиёда аз 4 моҳ мешавад, ки тақозои таъмир дорад. Ба гуфтаи Ҳакназарзода Саидакбар, сардори Филиали №56 «Амонатбонк» дар минтақаи Кӯлоб клавиатураи банкомати ноҳияи Муъминобод вайрон аст ва онро аз хориҷа дастрас кардан мумкин аст, арзиши клавиатура чаҳор ҳазор доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Меҳринисо Шарифзода, мудири Филиали №63 «Амонатбок» и ноҳияи Муъминобод дар мусоҳиба ба хабарнигори «Пайк» гуфт:

«Айни замон дар тобеъияти Филиали №63 «Амонатбок» — и ноҳияи Муъминобод ҳафт маркази хизматрасонӣ ва ду банкомат дорем. Мо софдилона рисолати худро иҷро мекунем, яъне ба мардум хуб хизмат мекунем. Ҳар нафаре, ки аз хизматрасонии мо шикоят кунад, ҳатман камбудии ҷойдоштаро сари вақт бартараф мекунем. Дар ноҳияи Муъминобод зиёда аз 6500 нафақахӯр ва беш аз чаҳор ҳазор кормандони буҷетӣ мебошад».

Манбаъ илова кард, ки сокинони ноҳияи мазкур аз марказҳои хизматрасонӣ зертобеъи филиали №63 бештар истифода мекунанд. ӯ гуфт, ки гуфтаҳои ҷаноби Юсуфзода беасос аст, инчунин сокинони ноҳия нафақа ва маошашонро аз банкомат ва кассаҳои худи филиали болозикр мегиранд ва хизматрасонии онҳо хуб аст.

Тааҷҷубовар аст, ки ҷаноби Юсуфзода аз куҷо хулоса баровард, ки сокинони ноҳияи Муъминобод маошашонро аз банкоматҳои шаҳри Кӯлоб мегиранд? Ё Алиаҳмад Юсуфзода, сардори Бонки миллии минтақа ҳама корҳои Бонкро яктараф монда аз паси сокинони ноҳияи болозикр мепоида бошад? Аз куҷо ва чӣ гуна аз кортҳояшон пул гирифтан ва куҷо харҷ кардани пулҳояшонро роҳбари Бонк чӣ тавр медониста бошад?

Ҳакназарзода Саидакбар дар мусоҳиба ба хабарнигори ҳафтавори «Пайк» афзуд, ки дар минтақаи Кӯлоб 25 банкомат мебошад ва аз шумораи болозикр ду банкомат таъмирталаб аст. Яке дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигаре банкомати ноҳияи Муъминобод аст, ки дар ҳафтавори «Пайк» оид ба вайронии он матлабе нашр гардида буд. Вале аз санг садо шуду аз масъулин не. Ҳақназарзода илова кард, ки Бонки миллии минтақавӣ на ҳамавақт онҳоро бо пули эмиссионӣ таъмин мекунанд ва мо низ борҳо бо ин мушкили рӯ ба рӯ гаштааем.

Суннати Содиқ

           «ПАЙК»