- Иҷтимоъ

БОХТАР: ҲАВЗҲОИ ШИНОВАРӢ НЕСТ, ОДАМОН ҒАРҚ МЕШАВАНД

    Имрӯз дар ҳудуди шаҳри Бохтар 3- ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст, ки як адади он дар ҳолатӣ чандон хуб қарор надорад. Ин дар ҳолест, ки шумораи аҳолии шаҳр тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 110 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  Дар ин баробар давоми чанд соли ахир барои фарогирии сокинон дар мавсими тобистон, ҳавзҳои шиноварӣ тамоман сохта нашудааст, ки бошандагон аз макони оббозӣ дар фасли гармо танқисӣ мекашанд. 
Дар самти бунёди ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, имрӯз аз ҷониби масъулин таваҷҷуҳи даркорӣ зоҳир намегардад. Ин ҳолатро зимни таҳияи матолиби вобаста ба фарогирии сокинон бо мавзеъҳои махсуси шиноварӣ, дар фасли тобистон мушоҳида кардем.  Аммо омили нигаронкунандааш он аст, ки  чунин ҳавзҳо вуҷуд доранд, лекин як қисматаш дар ҳолати таъмирталабу берун аз истифода мебошанд.                               
Баробари сол аз сол зиёд гардидани аҳолӣ  дар вилояти Хатлон ба хусус дар шаҳри Бохтар, ки нисбатан иқлими гарм дорад, талабот ба мавзеъҳои махсуси шиноварӣ меафзояд. Феълан ба мушоҳида мерасад, ки аз се ҳавзи шиноварии шаҳр, ки солҳои пеш бунёд гардидааст, айни ҳол танҳо ду ададаш фаъолият менамояд. Аз ҷониби дигар бошад ба оббози машғул шудани сокинон, дар каналу дарёҳо боиси ғарқшавии сокинон мегардад. 
Ба гуфтаи Дилҷу як сокини шаҳри Бохтар, фаъолияти ҳавзҳои шиноварӣ ба талаботи сокинон ҷавобгу нестанд, “Дар ҳудуди шаҳр ду ҳавзи шиноварие, ки ҳануз даҳсолаҳо қабл сохта шудаанд, айни ҳол фаъолият менамояд, ки ин умуман талаботи сокинонро қонеъ карда наметавонад”.
Инчунин ӯ афзуд, ки аз ноилоҷӣ дар ҷойҳои хавфнок, ба шиноварӣ машғул мегардем, ки ҳар лаҳза хавфи ғарқшавӣ моро таҳдид мекунад, аммо чӣ илољ, ки ҳавои гарм ҳам хатарнок аст.
Бояд қайд кард, ки бино бар маълумоти омории дастрасшуда шумораи аҳолии шаҳри Бохтар,  беш аз 110-  ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва дар ҳудуди шаҳр ду ҳавзи шиноварӣ то куҷо талаботи мардумро қонеъ мегардонад. Ҳарчанд, ки кам будани ҳавзҳои шиноварӣ сокинони шаҳри мазкурро қонеъ намегардонад, аммо масъулин вазъро ба таври дигар шарҳ медиҳанд.               
Искандар Мирзохонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри  Бохтар низ мављудияти ҳамагӣ 2 ҳавзи фаъол ва 1 ҳавзи таъмирталабро тасдиқ кард.        
Аммо ӯ иддао дорад, ки  ду ҳавзи оббозӣ басанда аст, лекин мутахасисони КҲФ ва мудофиаи гражданӣ мегўянд, ки як сабаби ғарқшавӣ аз норасоии ҳавзҳои шиновари аст, ки сокинон дар ҷойҳои хатарнок ба оббозӣ машғул мешаванд. 
Мирзохонов мегўяд, ки то соли 2021 дар ҳудуди шаҳр сохтмони 3 ҳавзи шиноварии хурду бузург ба нақша гирифта шудааст, ки бо сохта шудани онҳо мушкилоти мавҷуда бартараф мегардад. Шарҳ дод, ки дар ин давраи соли ҷорӣ 1 ҳолати ғарқшавии сокинон бо қайд гирифта шудааст. Аммо ба шиноварӣ машғул гардидани сокинонро дар ҷойҳои хавфнокро танҳо аз беаҳамиятии волидон  унвон кард. Ин гуфтаҳои манбаъ шеъри  “Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ, Боз мегӯӣ, ки доман тар накун, ҳушёр бош”, -ро ба хотир меорад. Зеро ҳавз ку кам аст, дигар дар куҷо бояд оббозӣ кард.
                    Ваъдаҳо вагон, вагон амалҳо ягон ягон
Водии Вахш нисбати дигар минтақаҳои кишвар иқлими гарм дорад ва ҳамасола дар фасли тобистон талабот ба обозӣ аз ҷониби сокинон зиёд мегардад, вале аз чӣ бошад, ки дар масъалаи бунёди ҳавзҳои махсуси шиноварӣ таваҷҷуҳ камтар зоҳир мегардад.                       
Валиҷон Ятимзода, сармеъмори шаҳри Бохтар мегўяд: “Тибқи нақшаи генералии шаҳр то љашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмааи варзишӣ ва якчанд ҳавзҳои шиноварии ҷавобгу ба талаботи имрӯзаи сокинон барои кӯдакону калонсолон сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд”. 
Тибқи маълумоти дастрасшуда, ҳарчанд, ки чунин иншоот ба нақша гирифта шуда бошад ҳам, аммо барои сохтмони маҷмааи варзишӣ то кунун қитъаи замин ҷудо нагардидааст ва ин чун муаммо боқи мемонад, ки кай сохта мешавад? Вақт довар  аст!     
Агар дар ин самт як мушкили кам будани мавзеъҳои махсуси шиноварӣ барои сокинон бошад, аз ҷониби дигар оби қисме аз ҳавзҳо рӯзҳои дароз иваз карда намешаванду ғализ гаштаанд, ки барои оббози зиёновар мебошад.
Ба андешаи табибон шиноварӣ яке аз намудҳои маъмули варзиш маҳсуб ёфта барои рӯшди бадан ва солимии ҳар як нафар манфиатовар мебошад.  Дар ин росто аз тоза набудани оби ҳавзҳо хавфи гирифтор шудан ба бемориҳои мухталифи сироятӣ мавҷуд мебошад.           
Ба идаои мутахассисони соҳа солона аз набудани мавзеъҳои шиноварӣ дар кулу дарёҳои миқёси вилоят тақрибан  беш аз 10- нафар ғарқ мешаванд.  Бояд гуфт, ки шаҳри Бохтар маркази маъмурии вилояти Хатлон аст, лекин ин мушкили ҳамоно якранг боқӣ мемонад. Масъулин кай баҳри бартараф кардани он камар мебанданд, суолест матраҳ

Аҳмади Раҳим  “ПАЙК”