- Без рубрики

4076 НАФАР ДАР ТАЪЛИМИ ДИНИИ ХОРИҶ АЗ КИШВАР ҒАЙРИРАСМӢ ТАҲСИЛ НАМУДААНД

Рӯзи 21-уми июли соли ҷорӣ нишасти хабарии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Сулаймон Давлатзода, раиси кумита хабар дод, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷидҳои ҷомеъ, 3609 масҷидҳои панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона дар маҷмӯъ 4055 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3941 дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 528 – адад, вилояти Хатлон – 1250 адад, вилояти Суғд – 894 адад, шаҳри Душанбе  – 5 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1264 адад қабристонҳои амалкунанда мавҷуд мебошад.

Дар шаш моҳи аввали соли 2020 аз ҷониби Кумита 262 сархатибу имомхатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва ҷомеи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба мувофиқа фаро гирифта шуданд. Дар натиҷа, 187 нафар ба муҳлати ду сол, 11 нафар ба муҳлати 6 моҳ, 44 нафар ба муҳлати 3 моҳ мувофиқа гардида, 1 нафар ноком дониста шуд.

Гуфта шуд, ки 4076 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар ғайрирасмӣ таҳсил намудаанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то имрӯз 3901 нафар донишҷӯ ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумлаи донишҷӯёни баргашта, айни ҳол 95 нафари онҳо дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин теъдод 17 нафарашон дубора ба ҷойи таҳсили пешинаашон баргаштанд. Тибқи ҳисоботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ айни ҳол 101 нафар донишҷӯёни ба таҳсилоти динӣ машғулбуда, дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои исломию мусулмоннишин боқӣ мондаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа айни ҳол 136 нафар фаъолият мекунад. Дар маҷмӯъ, дар донишкада 924 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Раиси Кумита илова дошт, ки аз ҷониби ниҳодаш дар шаш моҳи аввали соли 2020 дар асоси 279 дархост 13717 номгӯй адабиёти динӣ, 12430 варақа, 95 адад дафтар, ҳамагӣ дар ҳаҷми 2126980 саҳифа, баробар ба 132936,25 ҷузъи чопӣ, инчунин 292 фита, 13 телефони мобилӣ, 5 ноутбук, 11 флешкорт, 3 протсессор ва 3 адад планшет дорои 5342 сабтҳои видеоӣ ва аудиоиро мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дод. Аз ин теъдод ба 167 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротӣ хулосаи манфӣ ва ба 112 дархост хулосаи мусбӣ дода шуд.

Вобаста ба танзим гуфта шуд, ки аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ 9140 (шаҳри Душанбе 935, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 143, вилояти Суғд 1364, вилояти Хатлон 3601, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3097) рейдҳои санҷишӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 322 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ин теъдод 3 адад қатъ карда шуда, вобаста ба 319 ҳолати боқимона қарори дахлдор бароварда шуд, ки  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 53 ҳолат камтар мебошад. Маблағи умумии ҷарима 1 миллиону 405 ҳазору 490 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 747 ҳазору 215 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Нуралӣ Карим

Душанбе