- Тандурустӣ

Суғд: 1938 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд

Бино ба иттилои  Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд  1938 нафар сокинони ин минтақа мубтало ба коронавирус шуданд. Ин таҳлили шумораи сироятёфтагони 3 моҳаи охир аст. Ба иттилои сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода дар ин муддат аз пандемияи COVID-19 16 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ин радиф шумораи аз коронавирус шифоёфтагон ба  1891 нафар расида, айни замон 31 нафар дар беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд таҳти назорат ва табобат қарор доранд.

Фаррух Мақсудзода ҳамчунин афзуд, ки ҳангоми табобати гирифторони коронавирус духтурон  низ ба COVID-19 сироят ёфтанд, ки байни онҳо се  нафарашон фавтидаанд.

2800 нафар ба илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд

 Яке аз саволҳои асосӣ  дар нишасти хабарии Раёсати тандурустии вилояти Суғд ин шумораи гирифторони ба истилоҳ “Пневмония” буд. Зеро аввалин ҳолатҳои фавт аз ин беморӣ ҳанӯз моҳҳои март-апрели соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуда, шубҳаю гумон ва сару садоҳоро оид ба мавҷуд будани бемории коронавирус дар байни сокинони вилояти Суғд ба бор оварда буд.

Дар посух ба ин савол Мақсудзода гуфт: -Аз рӯи таҳлили кормандони Раёсати тандурустии вилояти Суғд шумораи гирифторони илтиҳоби шуш дар давоми 6-моҳи охир зиёд ба кайд гирифта шудааст. Масалан, агар 6 моҳаи  соли 2019-ум 2600 нафар сокинони Суғд ба илтиҳоби шуш гирифтор шуда табобат гирифта бошанданд. Ин холат ба ҳамин давраи соли 2020-ум ба 2800 нафар расидааст. Яъне 200 нафар зиёд гирифтори пневмания шудааст.

 Ба гуфтаи Фаррух Мақсудзода шумораи фавт аз илтиҳоби шуш то ҳол   дақиқ нест.  175 нафар гирифторони   илтиҳоби шуш  мавриди табобат қарор доранд.

Сардори Раёсат изҳори хушнудӣ кард, ки айни замон дар вилояти Суғд сироятёбӣ ба коронавирус, гирифторшавӣ ба ҳарорати баланди бадан, илтиҳоби шуш ва илтиҳоби шадиди роҳи нафас тамоюли пастшавӣ дорад.

Мақсудзода гуфт, вале новобаста аз тамоюли пастшавӣ доштани бемориҳои зикршуда барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус чораҳои ҷиддӣ андешида шудааст.

Фарзона

Алӣ Хатлонӣ