- Сиёсат

РАИСИ СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ: 5 НАФАР СУДЯ РОТАТСИЯ КАРДА ШУД

Ба дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 – 299 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид ва онҳо ҳал гардидаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 19 шикоят ба  ҳаракатҳои судяҳо дахл дошта, мувофиқи санҷишҳои гузаронида ваҷҳҳои  3 адади муроҷиатҳо нисбат ба ҳаракати судяҳо ва 3 ариза нисбати 3 нафар кормандони дастгоҳи судҳо тасдиқ гардида, доир ба натиҷаи он амали 9 нафар судяҳо ва 3 кормандони дастгоҳи судҳо бинобар риоя накардани қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ, роҳ додан ба кашолкорӣ зимни ҳалли парвандаҳо дар назди роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Ин нуктаро санаи 21-уми июли соли равон Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон зимни баргузории нишасти матбуотӣ хабар дод. Қаландарзода дар идома илова дошт, ки вобаста ба камбудиҳои ошкоргардида амали 3 нафар судяҳо муҳокима гардида, раисони суд ва судяҳо бобати андешидани тадбирҳо барои бартараф ва пешгирӣ намудани норасоиҳо вазифадор гардиданд. Дар самти тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо 5 нафар судяҳо дар судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ротатсия карда шуда, 5 кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такмили ихтисос фаро гирифта шуда, як нафар дар Донишкадаи мазкур ба магистратура интиқол  дода шуд.

Мувофиқи иттилои ниҳод нимсолаи аввали соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ  1851 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардида аз ҷониби суди марҳилаи якум бо парвандаҳо 1509 санадҳои судӣ қабул карда шудааст. Аз ҷумла, 1049 парванда моҳиятан ҳал гардида, доир ба баҳс ҳалномаи судӣ бароварда шуда, бо 56 парванда истеҳсолот қатъ карда шуда, 74 аризаҳо бебаррасӣ мононда, қабули 12 ариза рад ва 318 аризаҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ 207 парванда ва дар марҳилаи назоратӣ 135 парванда баррасӣ гардидаанд. Дар маҷмўъ 1851 адад аризаву даъвоҳои муроҷиаткунандагон баррасӣ гардида, аз ин шумора 15 санади судӣ дар марҳилаи кассатсионӣ ва  6(4) санади судӣ ба тариқи назоратӣ бекор карда шудаанд, ки давари ҳисоботӣ дар маҷмўъ 21 санади судӣ ё 1.1%-ро ташкил медиҳад.

Инчунин аз ҷониби суди олии иқтисодӣ ба фоидаи давлат рўёнидани 446 115 202 сомонӣ талабот арз гардида, ба маблағи 339 836 011 сомонӣ қонеъ ва бо санадҳои судӣ ба фоидаи давлат ба маблағи 1 645 107 сомонӣ боҷи давлатӣ рўёнида шудааст.

Ҳамзамон, таҳлилҳои омор собит месозанд, ки дар ин давра ҳангоми муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ 1 891 434 сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст.

Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷрои ҷумҳурӣ иҷрои санадҳои судӣ ба маблағи 39 150 800 сомонӣ (зарару қарзҳои кредитӣ ва боҷи давлатӣ) таъмин карда шудааст.

Нуралӣ Карим

Душанбе