- Иқтисод, Иҷтимоъ

НОРАК НА НАҚШАИ АНДОЗРО ИҶРО КАРДУ НА САЙЁҲӢ ШУД

Шаҳри Норак яке аз камтарин шаҳрҳои ҷумҳурӣ аст, ки аз уҳдаи иҷрои нақшаи андоз набаромадааст. Дар гумон аст, ки ноҳияи дигаре аз иҷрои нақшаи андоз набаромада бошад.

Маликшо Неъматов, шаҳрдори Норак рӯзи 22 июл зимни нишасти матбуотиаш иброз дошт, ки дар шашмоҳаи авали имсол шаҳри Норак нақшаи андози давлатиро ҳамагӣ 94% иҷро кардааст. ӯ илова кард: «Андози иҷтимоӣ ҳамагӣ 90,3% иҷро карда шуда 21,5 миллион сомонӣ таъмин карда шуд. Ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят, яъне андоз аз фоида 69% ё ин ки 1399,4 ҳазор ва андоз аз арзиши иловашуда 2,8 млн. сомонӣ ё 71,4% таъмин гардид. Қисми хароҷоти буҷет бошад аз рӯйи нақшаи пешбинишуда 89,7% ё ин ки 18,4 млн. сомонӣ таъмин карда шудааст.»

Таври маълум, танҳо барзиёдии иҷрои нақшаи буҷа метавонад ба корҳои ободонӣ дар шаҳру навоҳӣ мусоидат кунад. Акнун маълум нест корҳои ободкорӣ ва созандагӣ дар Норак бо кадом маблағ сурат мегирад. Ин ҳам дар ҳоле ки шаҳрдор дар бораи корҳои созандагӣ чизе мегуфт.

Аз иттилои Неъматзода маълум мешавад дар соҳаи сайёҳӣ низ Норак ба муваффақиятҳо ноил нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки шаҳри Норак дорои ҳама шароитҳои сайёҳиӣ аст: инфрасохтори хеле ҷолиби нерӯгоҳи Норак, мавқеи ҷуғрофии наздик ба пойтахти кишвар ҷо доштанаш, болооби зеботарин дарёи ҷумҳурӣ- Вахш буданаш, байни кӯҳҳои зебо ҷо гирифтанаш ва ғайраю ҳоказо шароитҳои аҷиби дигар.

Роҷеъ ба сайёҳӣ шаҳрдор бо ифтихор мегуфт: «Тули 6 моҳи имсол 35 000 сайёҳони дохил ва 200 нафар сайёҳони хориҷӣ ба Норак омадаанд.»

Мо бори аввал дидем, ки рафтуомади мардуми ҷумҳуриро ба ин ё он шаҳр сайёҳӣ ҳисобанд.  Таври маълум ба баъзе аз шаҳрҳои дар чорроҳа қарордоштаи ҷумҳурӣ рафтуомади миллионҳо нафар шаҳрвандони моро ба қайд гирифтан имкон дорад. Масалан шаҳри Ваҳдат, Данғара, Восеъ ва Кӯлобу Ш. Шоҳинро. Ба андешаи мо муҳим даромад аз соҳаи сайёҳист на рафтуомади шаҳрвандони худи мо. Бо ҳама шароитҳои доштаи шаҳри Норак метавон дар як сол камаш 30-40 ҳазор сайёҳи хориҷиро ба тамошои мавзеъҳои биҳиштосои Норак ҷалб кард. Худи ҳамон мавзее, ки нишасти матбуотӣ дар он доир гашт бо номи «Боғи Анор» биҳишти аднро мемонд. Аммо мо журналистон бори аввал дидем, ки ҷумҳурии мо то ба ин ҳадд мавзеъҳои зебо доштааст. Яъне дар ноҳия корҳои таблиғотӣ дар риштаи сайёҳӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Масъулин метавонистанд камаш 1 автобуси замонавӣ киро карда сайрхати махсуси сайёҳӣ ба самти Норак-Душанбе-Норак кушоянд. Метавон дар танаи ин автобус навишт, ки автобус махсус барои сайёҳон аст. Тули 2 рӯз ин нақлиёт метавонист сайёҳонро ба нерӯгоҳ ва дигар мавзеъҳои зебои Норак бурда гардонда ба пойтахт биёрад.

Ҳамакнун нақшаи андози давлатӣ дар Норак иҷро нашудаасту кас намедонад чунин корҳои муфидро шаҳрдорӣ бо кадом маблағ ба ҷо меорад ва аз кадом ҳисоб иншооти ҷашнӣ бунёд мекунад.

Муваффақият дар шаҳрдорӣ ки набуд, шаҳрдор аз он сӯҳбат мекард, ки дар кӯдакӣ дар рӯзномаҳои маҳаллӣ шеърҳо навишта нашр мекарду аз маблағи гонорар дар зодгоҳ китобхонаи хубу замонавӣ бунёд карда буд.  

                                         А. Иброҳим