- Иҷтимоъ

Шаҳрдори Бохтар аз мушкилоти сершумори шаҳр гуфт

    Мушкилоти набудани истгоҳи нақлиётӣ ва танбашавии он, бунёд нашудани боғ дар масоҳати 48 гектар, ба талаботи санитарӣ ҷавобгу набудани баъзе ошхонаҳои атрофи шаҳр, аз мушкилоти калидие буданд, ки дар нишасти хабарӣ ба он таваҷҷуҳ карда шуд.

     Сиҷоуддин Саломзода, раиси ҳукумати шаҳри Бохтар зимни нишасти матбуотияш 17- уми июл аз мушкилоти мавҷуда дар ҳудуди шаҳр изҳори нигаронӣ намуд.  Гуфт барои бартараф намудани мушкилот пайваста кушиш ба харҷ дода истодаем.

   Бояд гуфт, ки оғоз нашудани корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав аз пароблемаҳои калидӣ мебошанд, ки шаҳрдори кунунӣ ба он таваҷҷуҳи бештар равона намудааст.

    Дар идомаи нишати хабарӣ рӯзноманигорон вобаста ба қафомонии музди меҳнат, бунёди роҳҳои маҳаллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ташкили шабакаи ягонаи гармидиҳӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

                                         Аҳмади Раҳим «ПАЙК»