- Иҷтимоъ

ЛЕВАКАНТ: Як мошину як хона дороии Давлатзода Зарина

Шаҳри Левакантро саноатӣ мегуянд, аммо аз кор боз мондани чанде аз корхонаҳо аз мушкилоти меҳварӣ дар ин самт ба шумор меравад.  Дар ин баробар набудани ҳавзи шиноварӣ, қарзи барқ ва музди меҳнат аз проблемаҳои дигари шаҳрдорӣ шумурда мешавад.

Дар шаҳри Левакант бо иштироки доираи васеъи рӯзноманигорон нишасти хабарӣ доир гардид. Журналистон ба суолҳои худ аз шаҳрдори Левакант посух ҷустанд.

   Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳр 26 корхонаи коркарди маҳсулоти мухталиф арзи ҳастӣ дорад, ки дар он сокинон ба кор ҷалб мешаванд. 

  Зарина Давлатзода, раиси шаҳри мазкур зимни нишасти хабариаш гуфт, ки давоми шаш моҳи гузаштаи соли равон беш аз 10 корхона аз кор боз мондааст, ки  инҳо ҶДММ Беҳзод, Субҳи сарбанд, Роҳи оҳан, Захира дар шаҳри Сарбанд, ҶДММ Аҳмад, Равғани сарбанд, Орди рушди Хатлон, Ҳоҷӣ Рамазон, Сомон полимер ва ғайра мебошанд. Баъзе корхонаҳо мавсимӣ мебошанд, ки ба наздики корро шуруъ хоҳанд кард, шарҳ дод Давлатзода.

    Ҳамзамон омили аз кор боз мондани бархе корхонаҳоро дар пањншавии пандемияи каронавируси Ковид -19 арзёбӣ намуд. Дар ин баробар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 140 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки 15 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

   Дар баробари ин Зарина Давлатзода дар бораи дороии худ иттилоъ дод, ки ман як хонаи истиқоматӣ ва як нақлиёт дорам. Инчунин аз замони ба ин вазифа омаданам то кунун иҷоринишин мебошам.

      Зимнан дар ҷараёни нишасти матбуотӣ тул кашидани сохтмони мақомоти иҷроия, набудани ҳавзи шиноварӣ дар шаҳр, қарздорӣ аз барқ ва қафомонии музди меҳнату қарзи он аз масъалаҳое буданд, ки  хабарнигорон ба муҳокима кашиданд.

                                                                  Аҳмади Раҳим «ПАЙК»