- Иқтисод

63 соҳибкори беинсоф ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд

Аз ҷониби кормандони мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд дар давоми шаш моҳи соли равон 48 ҳолати ба фурӯш баровардани 986 адад дорувории муҳлати истеъмолиашон гузашта ошкор карда шуд. Инчунин  2869 адад бесертификат ошкор ва аз муомилот гирифта несту нобуд карда шуданд.

Прокурури вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов дар ҷамъбасти шашмоҳаи мақомоти додситонӣ барои ба бозори истеъмолӣ роҳ ёфтани молу маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлатгузашта, ки боиси бемориҳои гуногун мегардад нигаронӣ кард. 

Воҳидов   гуфт, ки  дар рафти санҷиши қонунгузорӣ дар самти  санитарию эпидемиологӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳолатҳои риоя нагардидани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти ба саломатӣ хавфнок, фиреби истеъмолкунандагон ошкор гардида, 1264 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва нисбати 63 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд, тафтишот идома дорад.

Фарзона